Маҳмадтоир Зокирзода дар мулоқоти сарони парлумонҳо иштирок намуд

28 Апрел 2021, Чоршанбе

Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶумҳурииТоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар ҷаласаи сарони парлумонҳо таҳти шиори "Нақши парлумонҳо дар таҳкими сулҳ ва эътимоди байналмилалӣ", ки  ба муносибати 30-солагии истиқлолияти давлатии Туркманистон ва 25-умин солгарди бетарафии ин кишвар  бахшида шудааст, дар реҷаи фосилавӣ  иштирок ва суханронӣ намуд.
Маҳмадтоир Зокирзода  дар назди ҳозирин баромад намуда, иброз намуд, ки  чорабинии мазкур боз як далели садоқати Туркманистони дӯст ба ҳадафҳои таҳкими сулҳ, амният ва эътимоди ҷаҳонӣ мебошад.
Аз ҷониби Туркманистон ба даст овардани мақоми бетарафии доимӣ, дар сатҳи байналмилалӣ бидуни муболиға, дар таърихи муосири кишвар воқеаи дорои аҳамияти фавқулодда гардидааст. Идомаи мантиқии талошҳои кишвар дар ин соҳа бо ибтикори Туркманистон аз ҷониби Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2021 эълон гардидани  "Соли байналмилалии сулҳ ва эътимод" мебошад.
Чорабинии имрӯзаи мо,-гуфт Маҳмадтоир Зокирзода,-  дар ҷаҳони зудтағирёбанда ва шароити мураккаби байналмилалӣ сурат мегирад. Тамоюлҳои рақобати ҷаҳонии геополитикӣ тақвият меёбанд, муносибатҳои байналмилалӣ ноустувор боқӣ мемонанд ва бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, ки дар натиҷаи пандемияи COVID-19 ба вуҷуд омадааст, тӯлонӣ мегардад.
Дар асоси ин воқеиятҳо, Тоҷикистон пайваста ҷонибдори рафъи ҳама гуна таҳдидҳо ба сулҳу субот, амнияти ҷаҳонию минтақавӣ дар асоси равишҳои бисёрҷониба мебошад. Бинобар ин, Тоҷикистон татбиқи тадбирҳои муассир ва пурсамарро барои ба ҳам наздик намудани манфиатҳои миллӣ ва талошҳои байналмилалӣ, муттаҳид сохтани кӯшишҳои ҳамаи давлатҳо барои вокуниши муносиб ба таҳдидҳо ва чолишҳои ҷаҳони муоссир дастгирӣ менамояд. Ғояи  ҳамкории минтақавӣ дар рӯҳияи дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва эътимоди тарафайн нақшаҳои нави амалиро касб мекунад.
Ба ҳама маълум аст, ки истиқрори сулҳу субот дар Афғонистони ҳамсояи мо кафолати таҳкими амният ва оромӣ дар минтақа мебошад.

Мавқеи созандаи Тоҷикистон дар масъалаи мушкилоти Афғонистон борҳо аз минбарҳои гуногун аз ҷониби Сарвари давлати мо, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садо додааст. Возеҳу равшан аст, ки  Тоҷикистон ҷонибдори  ҳалли мусолиҳатомези мушкилоти марбут ба Афғонистон буд ва ҳаст ва боқӣ хоҳад монд. Мо ҳарчи бештар кӯшиш мекунем, ки дар ин раванд саҳмгузор бошем. Парлумонҳои кишварҳои мо метавонанд ва бояд дар ташкил ва пешрафти босамари ин раванд нақши муҳим дошта бошанд.
Фаъолияти парлумони Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун як мақоми олии қонунбарор дар ҳалли масъалаҳои муҳимтарини ҳаёти ҷомеа нақши калидӣ мебозад. 
Раиси Маҷлиси намояндагон ҳамчунин афзуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба монанди дигар давлатҳои Осиёи Марказӣ, имсол 30-солагии истиқлолияти давлатии худро ҷашн мегирад. Тавре ки Шумо медонед, солҳои аввали истиқлолият Тоҷикистон душвориҳои азими иқтисодӣ ва сиёсиро паси сар кард.  Дар шароити душвор ва хатарноки муқовимати шаҳрвандӣ, соли 1992 Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда шуд, ки натиҷаҳои он барои эҳёи ваҳдати миллӣ ва зиндагии осоишта замина гузоштанд.
Имрӯзҳо таҷрибаи бунёди сулҳи тоҷикон на танҳо аҳамияти миллӣ, балки ҷаҳонӣ низ дорад ва онро ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо баҳои объективӣ дода, ҳамчун намунаи беназири ҳифзи сулҳ эътироф менамоянд.  Натиҷаҳои раванди сулҳ ба мо имкон доданд, ки марҳилаи барқарорсозии пас аз низоъро бомуваффақият ба итмом расонем ва иқтисодиёти кишварро ба роҳҳои рушди устувор расонем.
Дар доираи ислоҳоти конститутсионӣ, мо парлумони касбии доимоамалкунандаро таъсис додем. Имрӯз, дар парлумон манфиатҳои тамоми қишрҳои ҷомеа таъмин карда шудаанд ва парлумони мо дар раванди рушди мутавозини ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсии кишвар нақши назарраси созанда дорад.
Маҳмадтоир Зокирзода ҳамчунин зикр намуд, ки кишвари мо дар як муддати кӯтоҳ аз рӯи меъёрҳои таърихӣ, тавонист дар соҳаи муносибатҳои байналмилалӣ сиёсати мутавозин ва сулҳдӯстонаи "дарҳои боз" -ро амалӣ намояд. Тоҷикистон ҷонибдори ташаккули системаи нави ҷаҳониест, ки аз муноқишаҳо ва ҷангҳо, аз зӯроварӣ, зулм ва ҳама гуна намуди нафрат озод аст.
Дар хотимаи суханронии худ ман мехоҳам изҳори умедворӣ намоям, ки натиҷаҳои мулоқоти имрӯза омили рушди ҳамкориҳои байни кишварҳоямон барои таҳкими сулҳу субот мегардад ва ба мардуми дӯст ва бародари Туркманистон сулҳу шукуфоӣ орзу мекунам,-гуфт дар интиҳо Маҳмадтоир Зокирзода.
Дар нишасти мазкур ҳамчунин сарони парлумони кишварҳои 14 давлат аз ҷумла Россия,  Арманистон, Озарбойҷон, Беларус, Молдова, Узбекистон, Қазоқистон. Қирғизистон ва дигар кишварҳо иштирок ва суханронӣ намуданд.

Илова кунед