Мулоқоти Маҳмадалӣ Ватанзода бо Христофорос Политис

30 Апрел 2021, Ҷумъа

Имрӯз муовини аввали Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода бо муовини намояндаи доимии Барномаи рушди Созмони Миллали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Христофорос Политис ва ҳамроҳони ӯ мулоқот намуд.
Дар мулоқот татбиқи  чорабиниҳо дар доираи барномаи  муштараки СММ  зери унвони «Маблағгузории Ҳадафҳои  рушди устувор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Таъкид карда шуд, ки мақсади Барномаи муштараки СММ дар Тоҷикистон ин дастгирӣ намудани Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ба даст овардани мақсадҳои миллии хадафҳои рушди устувор, дар доираи афзалиятҳои миллии Стратегияи миллии рушд барои давраи солҳои 2016-2030 мебошад. Барномаи мазкур якҷоя бо Барномаи рушди СММ, Хазинаи кудаконии СММ, Барномаи СММ-занон дар шарикӣ ва ҳамкории зич бо мақомоти давлатӣ, аз ҷумла Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Вазорати молия ва Бонки миллии Тоҷикистон амалӣ мешавад.
Зимни ин нишаст ҳамчунин ҳамкориҳои марбут ба баланд бардоштани иқтидори назорати парламентӣ аз болои маблағгузории Ҳадафҳои рушди устувор, таҳияи буҷет бо дар назар доштани баробарии гендерӣ ва аз нав дида баромадани қонунгузорӣ муҳокима карда шуд.
Муовини аввали Раиси Маҷлиси намояндагон зимни баррасии ин масъала иброз намуд, ки  Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 (минбаъд — СМР-2030) дар асоси муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва мутобиқи ҳадафҳои дарозмуҳлат ва афзалиятҳои рушди кишвар, ки дар паёмҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2014 ва 2015 баён шудаанд, таҳия гардидааст.
Ҳуҷҷати мазкур,-гуфт Маҳмадалӣ Ватанзода бо дарназардошти тағӣироти солҳои охир, ки дар кишвар ва ҷаҳон ба амал омадаанд, бахусус таъсири буҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонии солҳои 2007-2009 ба иқтисодиёти кишвар тартиб дода шудааст. СМР-2030 инчунин, уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба Рўзномаи асри XXI ва Ҳадафҳои рушди устуворро (ҲРУ), ки дар ҷаласаи 70-уми Ассамблеяи Генералии СММ моҳи сентябри соли 2015 тасдиқ шудаанд, ба инобат мегирад.
Диққати асосӣ дар Ҳадафҳои рушди устувор ба консепсияи рушди устувори инсон равона шудааст. Бинобар ин, пурра аз байн бурдани камбизоатӣ, иваз намудани моделҳои ноустувор ва пешбурди моделҳои устувори истеъмолот ва истеҳсолот, инчунин ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ бо мақсади рушди минбаъдаи иқтисодию иҷтимоӣ, вазифаҳои асосӣ ва шартҳои ҳаётан муҳими рушди устувори инсон маҳсуб меёбанд.
Тоҷикистон дар соли 2030,-тавре ки дар  Стратегияи миллии рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон баён шудааст «…кишвари дорои рушди устувор ва рақобатпазир аст, ки аҳолии он аз сатҳу сифати арзандаи зиндагӣ бо имкониятҳои баробар барои татбиқи неруи инсонӣ дар асоси баробарӣ, адолат ва эҳтиромгузорӣ ба шаъну шарафи инсон баҳра мебаранд. Биниши ояндаи дарозмўҳлати кишварамон — нигаҳдории ваҳдати миллӣ, таъмини амнияти миллӣ, амалӣ намудани принсипҳои адолати иҷтимоӣ ва самаранокии иқтисодӣ, беҳсозии некўаҳволии мардум бетағйир боқӣ мемонад.
Рисолат, ё моҳияти пешрафти минбаъда – ин бунёди Тоҷикистони соҳибистиқлол, шукуфон, аз лиҳози иқтисодӣ ва сиёсӣ босубот мебошад,- гуфт дар анҷоми мулоқот Маҳмадалӣ Ватанзода.
Муовини намояндаи доимии Барномаи рушди Созмони Миллали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Христофорос Политис аз ҳамкорӣ бо Маҷлиси намояндагон изҳорӣ хушнудӣ намуда, афзуд, ки  дар оянда низ мо парлумони касбии мамлакатро, дар ҳама самтҳои фаъолияташ ҳамаҷониба дастгирӣ менамоем ва барои рӯшдӣ парламентаризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми худро мегузорем.
Дар мулоқот Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Файзулло Машраб иштирок намуд.

Илова кунед