Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ғалла ва масулоти коркарди он” мавриди баррасӣ қарор гирифт

03 Май 2021, Душанбе

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ғалла ва маҳсулоти коркарди он» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Мақсади таҳияи лоиҳаи мазкур мукаммалгардонии меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ғалла ва маҳсулоти коркарди он», мушаххас намудани ваколатҳои мақомоти дахлдор дар соҳаи ғалла ва маҳсулоти коркарди он мебошад.
Ин матлабро  Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Рустам Латифзода зимни баррасии Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ғалла ва маҳсулоти коркарди он» дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ки имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода баргузор гардид, баён  намуд.
Рустам Латифзода ҳамчунин иброз намуд, ки дар лоиҳаи Қонун ба моддаҳои 1, 8, 16 ва 19 Қонуни амалкунанда тағйирот пешбинӣ гардида, тибқи онҳо мутобиқ намудани меъёрҳои қонун, муайян ва мушаххас намудани ваколатҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ғалла ва маҳсулоти коркарди он муқаррар карда шудааст.
Тағйиротҳои воридгардида барои бартараф кардани гуногунфаҳмӣ дар асоси мушаххас кардани ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи истеҳсол ва муолмилоти ғалла, коркарди саноатии ғалла, бехатарии озуқавории ғалла, стандартикунонӣ ва нозироти ғалла, маҳсулоти коркарди он ва захираҳои давлатии ғалла пешбини шудааст.

Илова кунед