Маҷлиси намояндагон ба муомилот баровардани коғазҳои қиматноки давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷонибдори намуд
05 Май 2021, ЧоршанбеИмрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид, ки дар он лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумурии Тоҷикистон барои соли 2021», Пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба муомилот баровардани коғазҳои қиматноки давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ғалла ва маҳсулоти коркарди он» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҷуброни маблағи коҳишёфта аз ҳисоби андози ягонаи замин дар моддаи 10 бо роҳи ҷудо намудани маблағҳои дотатсионӣ ба буҷетҳои маҳаллӣ дар ҳаҷми 139,8 млн. сомонӣ пешбинӣ гардидааст.
Дар маҷмўъ касри буҷет ба маблағи 273,2 млн. сомонӣ ё 0,3 фоиз аз ҷумла, аз ҳисоби хароҷоти нигоҳдории намояндагиҳои дипломатӣ ва пардохти аъзоҳаққиҳо ба маблағи 8,4 млн. сомонӣ, хизматрасонии қарзи берунаи давлатӣ ба маблағи 68,3 млн. сомонӣ ва бо мақсади таъмини уҳдадориҳои молиявӣ дар доираи қарордодҳои дар соли 2020 басташуда, нақшаи маблағгузории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ҳаҷми 196,5 млн. сомонӣ зиёд карда шудааст.
Таҷриба нишон дод, ки Ҷамъияти саҳомии кушодаи Агроинвестбонк» дар ин давра имконияти молиявии хизматрасонии векселҳои давлатиро пайдо накард.
Ҳамзамон, тибқи банди 2 фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 2020, муқаррар гардидааст, ки уҳдадориҳои Вазорати молия дар назди Бонки миллии Тоҷикистон аз рўи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2012, ба муҳлати 10 (даҳ) сол тамдид карда шуда, меъёри фоизи онҳо аз нав ба расмият дароварда шуд.
Мутобиқи қарори мазкур қоғазҳои қиматноки давлатӣ ба маблағи 1 000 000 000 (як миллиард) сомонӣ бо меъёри 2 (ду) фоизи солона ба муҳлати 10 (сол) бароварда шуд. Яъне, аз рӯи векселҳои нави баровардашуда ҳар сол 2 фоиз пардохт гардида, дар соли охир - соли 2030 маблағи асосӣ пурра пардохт мегардад.
Пешниҳоди мазкур ба моддаи 57 ва 75 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қарзгирии давлатӣ ва қарзе, ки аз ҷониби давлат кафолат дода мешавад» мутобиқ мебошад.