Дави миллӣ баргузор шуд

16 Май 2021, Якшанбе

Имрӯз коллективи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастаҷаъмона дар «Давӣ миллӣ», ки рӯзи 16 май дар ҷумҳурӣ баргузор гардид фаъолони иштирок намуданд.
Ёдовар мешавем, ки танҳо дар шаҳри Душанбе беш аз 43000 нафар дар ин тадбири саломатӣ ширкат варзиданд.
Дави миллӣ 14-ум маротиба аст, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мешавад.
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи якшанбеи сеюми моҳи майи ҳар сол доир кардани Рӯзи Дави миллӣ 28 марти соли 2007, №225 ба тасвиб расида, аввалин Дави миллӣ бо иштироки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 20 майи соли 2007 доир гардид.
Мақсад аз баргузории чорабинӣ таъмини оммавияти варзиш байни сокинон, новобаста ба синну сол, саломатии аҳолӣ ва рушди варзиш мебошад.
Чун анъана иштирокчиёни Дави миллӣ дар шаҳри Душанбе дар масири маҳаллаи Чорбоғ – Наврӯзгоҳ, ки масофаи 10 километрро ташкил медиҳад, давиданд.


Илова кунед