Таъмини амнияти озукаворӣ моҳияти бештарро касб мекунад
17 Май 2021, ДушанбеТаъмини амнияти озуқавории мамлакат, ки яке аз ҳадафҳои асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, тадриҷан амалӣ мешавад. Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин масъаларо ҳаётан муҳим шуморида, баҳри таъмини аҳолии кишвар бо озуқа чораҳои таъхирнопазир меандешад. Соли 2010 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амнияти озуқаворӣ» қабул гардид, ки самтҳои асосии сиёсати давлатиро дар соҳаи таъмини амнияти озуқаворӣ, ҳамчун қисми таркибии амнияти давлат, тибқи принсип ва меъёрҳои байналмилалии эътирофшуда муайян менамояд. Дар моддаи 5- и Қонуни мазкур омадааст, ки мақсади дастгирии давлатӣ оид ба амнияти озуқаворӣ таъмини талаботи аҳолӣ бо озуқаи ҳаётан муҳим аз ҷониби истеҳсолкунандагони ватании маҳсулоти кишоварзӣ, ашёи хом ва озуқа мебошад. Дар ин замина ҳамзамон баҳри рушди соҳаҳои кишоварзӣ ва саноати хӯрокворӣ тадбирҳои судманд андешида шуданд, ки ба амалӣ гардидани нақшаҳои муҳим замина гузоштанд.
Дар раванди татбиқи ҳадафи стратегӣ таваҷҷуҳ ба он равона мегардад, ки бояд маҳсулоти хӯрокворӣ ба аҳолӣ бо сифати баланд пешкаш карда шавад, то ба саломатии шаҳрвандон зиён нарасад.
Барои пешгирии ба бозори истеъмолӣ ворид шудани маҳсулоти пастсифат саҳми Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бузург аст. Фаъолияти ин ниҳод дар ҳифзи бозори истеъмолӣ аз воридшавии молу маҳсулоти пастсифат, таъмини риояи талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон назаррас аст.
Агентии “Тоҷикстандарт”, аз ҷумла бо мақсади иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда» як қатор чорабиниҳоро амалӣ кардааст. Чунончӣ, санаи 4 феврали соли 2021 дар Агентӣ мизи мудаввар бо иштироки масъулини вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, саноат ва технологияҳои нав, кишоварзӣ, Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, пажӯҳишгоҳҳои ғизо ва дигар вазорату идораҳои дахлдор баргузор шуд. Ширкаткунандагон роҷеъ ба масъалаи мазкур ибрози андеша ва мубодилаи афкор намуданд. Баррасии ин мавзӯъ, дар робита ба қонуни дар боло зикршуда, 29 январи соли 2021 дар корхонаи ҶДММ «Зерновая Компания» идома дода шуд. Ин корхона дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров воқеъ гардида, фаъолияти он ба истеҳсоли орди гандумӣ ва маҳсулоти макаронӣ равона гардидааст. Дар мизи мудаввари дар ин корхона доир гардида рафти иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда» ва регламенти техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Бехатарии орди ғанигардонидашуда» ва СТҶТ «Орди гандумии ғанигардонидашуда» мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода шуд.
Агентӣ дар самти назорати бозори истеъмолӣ, татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ низ диққати махсус медиҳад. Дар ин бобат назорати бозори истеъмолӣ пурзӯр гардида, ҷиҳати ҳимояи он аз воридоти молу маҳсулоти пастсифат ва хатарнок чораҳои зарурӣ андешида шуданд.
Тибқи маълумоти Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи якуми соли 2021 дар натиҷаи гузаронидани назорати давлатӣ ба микдори 79796 кг маҳсулоти гуногуни ба талабот ҷавобгӯй набуда ба қайд гирифта шудааст, ки як қисми ин маҳсулот аз ҷиҳати бехатарӣ (58 928 кг) ва қисми дигари он аз рӯи тамғагузорӣ дар борҷомаашон (20 868 кг) ба талабот ҷавобгӯй набуданд. Аз ҷумла, дар озмоишгоҳҳои ташхисии маҳсулоти ғизоии Агентии “Тоҷикстандарт” аз рӯи сифату бехатарӣ ва тамғагузорӣ 12 806 кг маҳсулоти гӯштӣ, 5 929 кг равғани растанӣ, 3557 литр нӯшокиҳои спиртӣ, 1615 литр нӯшокиҳои ғайриспиртӣ, 962 кг маҳсулоти қаннодӣ, 8 382 кг маҳсулоти ширӣ, 46 кг иловагиҳои ғизоӣ, 4505 кг қанд, набот ва асал, 6 866 кг намак ва дигар маҳсулот, ки қисми зиёдашон маҳсулоти воридотӣ ба ҳисоб меравад, ғайристандартӣ дониста шуда, мутобиқи тартиби муқарраргардида нисбати воридкунандагони ин маҳсулот чораҳои маъмурӣ андешида шуданд.
Вобаста ба масъалаи таъмини аҳолӣ бо ғизои босифат ва назорати танзими фаъолияти маҳсулотистеҳсолкунандагону истеъмолкунандагон барои такмили қонунҳои амалкунанда корҳои муайяне анҷом дода мешавад. Чунончӣ, ба наздикӣ бояд ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хурокворй» тағйиру иловаҳо ворид карда шавад. Мақсад аз ворид намудани тағйиру иловаҳо боз ҳам беҳтар намудани назорати сифати маҳсулоти дар кишвар истеҳсолшаванда ва воридшаванд мебошад. Айни ҳол лоиҳаи ин ҳуҷҷат дар мувофиқа қарор дорад.
Ҳамзамон лоиҳаи Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» омода гардидааст ва дар назар аст он ҳам вақтҳои наздик дар Иҷлосияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ мавриди баррасӣ қарор гирад. Ин лоиҳаи қонун ба самти танзимдарории муносибатҳои ҷамъиятӣ ҳангоми барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои зарурӣ равона гардидааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои ҳарсолаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар ҳар як суханронӣ ва сафарҳои кориашон ба шаҳру навоҳии кишвар ба масъулин бобати рушди соҳаҳои саноату кишоварзӣ, зиёд кардани истеъмоли маҳсулот, васеъ кардани майдони киштзор ва боғу токзор супориш ва дастурҳои мушаххас медиҳанд.
Чанде пеш зимни боздид аз вилояти Хатлон ва суханронӣ дар вохӯрӣ бо роҳбарону фаъолони вилоят аз ҷумла таъкид намуданд, ки “Дар шароити шиддат гирифтани таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла вобаста ба пайомадҳои пандемияи коронавирус, низоъҳои сиёсиву тиҷоратӣ, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои харобиовари он, соли 2021 бисёр мураккабу вазнин пешгӯӣ мешавад. Аз ин рӯ, бори дигар таъкид менамоям, ки барои ҳифзи амнияти озуқавории кишвар ва бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандон роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ, тамоми кишоварзон ва ҳар як оиларо зарур аст, ки истифодаи самараноки замин, аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигиву президентӣ, заминҳои байни боғҳо ва бо ҳамин роҳ гирифтани се – чор ҳосил ва захира намудани озуқавориро дар ҳар як оила таъмин намоянд.”
Чанде пеш дар Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи аҳли ҷомеаро ба он ҷалб карданд, ки “ таҳти таъсири тағйирёбии иқлим, ки хусусан, солҳои охир аҳолии сайёраро ба мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ карда истодааст ва пайомадҳои ногувори он – хушксолӣ, камобӣ, инчунин, паҳншавии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла коронавирус ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ дар бисёр кишварҳои дунё, аллакай, ҳамаи аломатҳои вазнини сол – болоравии нарху навои маҳсулоти озуқа, сӯзишворӣ ва маводи ғизоӣ аён шуда истодаанд.” Вобаста ба ин Пешвои миллат дастур доданд, ки “... мо бояд ҳар рӯзро ғанимат дониста, барои ҳарчи бештар истеҳсол кардани маҳсулот ва боз ҳам беҳтар бо маводи ғизоӣ таъмин намудани аҳолии кишвар кӯшиш намоем. Яъне, мо бояд тарзе кор кунем, ки дар кишварамон фаровонии маҳсулот таъмин гардад ва дар ҳар як оила барои тирамоҳу зимистони дарпешистода аз имрӯз сар карда, захираи зарурии озуқаворӣ ташкил карда шавад. Дар шароити имрӯзаи ҷаҳон мо набояд ба умеди дигарон бошем ва тамоми саъю талошамонро ба он равона созем, ки мардумамон аз лиҳози таъминот бо маводи ғизоӣ ба танқисиву муҳтоҷӣ дучор нагарданд.
”Воқеан мо барои фаровонии маҳсулот ва таъмини аҳолӣ бо ғизои босифат дар мамлакат тамоми шароиту имкониятҳо мавҷуданд. Истифодаи самараноку оқилонаи анъана ва таҷрибаи заминдориву кишоварзии аҷдодӣ моро ба ин корҳо муваффақ мегардонад.
Тибқи ин дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо хоҷагидорони кишвар саъю талош доранд, ки баҳри афзун кардани неъматҳои моддӣ аз замин оқилона истифода баранд. Дар боғоту токзорҳо низ кор авҷ гирифта истодааст. Дар натиҷа фаровонии бозорҳои истеъмолӣ таъмин ва маҳсулоти зиёди озуқа пешкаши шаҳрвандон мегардад, ки барои ғани гардонидани дастархони мардуми кишварамон мусоидат менамояд.
Холбойзода Неъматулло Холбой,
Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон