Маҳмадтоир Зокирзода бо Қосим Жомарт Токаев мулоқот намуд

20 Май 2021, Панҷшанбе

Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон  Қосим Жомарт Токаев мулоқот намуд.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои тақвияти ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон дар тамоми арсаҳо баррасӣ шуданд.

Раиси Маҷлиси намояндагон  зимни  нишаст таъкид намуд, ки халқҳои Тоҷикистон ва Қазоқистонро анъанаҳои таърихии дӯстӣ, эҳтироми тарафайн ва муносибати бениҳоят хайрхоҳона ба ҳам мепайванданд.

Дар ноил шудан ба чунин сатҳи муносибатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон, албатта, хидмати бузурги Пешвои миллати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти нахустини Қазоқистон — Елбаси, Нурсултон Абишевич Назарбоеви муҳтарам калон мебошад.

«Дар тӯли солҳои истиқлол ҳамкории кишварҳои мо дар тамоми соҳаҳои муҳимтарини ҳаёт босуръат рушд карда истодааст. Чаҳорчӯбаи ҳуқуқии муносибатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон, ки зиёда аз 100 санадро дар бар мегирад, тақрибан тамоми ҷанбаҳои ҳамкории моро фарогир аст. Аз ҷумла, Созишнома дар бораи асосҳои муносибатҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон аз соли 1993, Эъломия дар бораи рушди минбаъдаи муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон аз соли 2000 ва албатта, Созишнома дар бораи шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон дар соли 2015 ҳуҷҷатҳои бунёдии муносибатҳои байнидавлатии ду кишвар мебошанд»,-баён дошт Маҳмадтоир Зокирзода.

Мавсуф ҳамчунин иброз намуд, ки Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳам дар шакли дуҷониба ва ҳам дар доираи созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, ки аъзои он мебошанд, ҳамкории зич доранд. «Боварӣ дорам, ки парлумонҳои мо метавонанд дар таҳкими муносибатҳои байниҳамдигарӣ саҳми сазовор гузоранд»,-гуфт Маҳмадтоир Зокирзода.

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Парлумони Ҷумҳурии Қазоқистон муносибатҳои самимонаи дӯстонаро дар заминаи дуҷониба ва ҳам дар шакли бисёрҷониба дар доираи созмонҳои байналмилалии парлумонӣ ва пеш аз ҳама, дар фаъолияти Ассамблеяи Байнипарлумонии ИДМ ва Ассамблеяи парлумонии СААД  густариш медиҳанд.

Бо мақсади рушду таҳкими минбаъдаи робитаҳои дуҷониба байни Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва Маҷлиси Парлумони Ҷумҳурии Қазоқистон дар парлумон Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкорӣ таъсис дода шудааст.  Дар ин замина, Маҷлиси намояндагон омодагии худро барои тамоси доимӣ байни Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагон бо Маҷлиси Парлумони Ҷумҳурии Қазоқистон изҳор менамояд.

Ҷонибҳо ҳамчунин дар бораи азми минбаъдаи хеш баҳри таҳким ва ғанӣ гардонидани робитаҳо дар самти башардӯстона, ки ҳоло далели равшани сатҳи баланди алоқаҳои мавҷудаи таърихии маънавию фарҳангӣ миёни Тоҷикистон ва Қазоқистон маҳсуб мешаванд, изҳори назар карданд.

Илова кунед