Озмуни экологии Маҷлиси намояндагон ҷамъбаст мешавад

10 Июн 2021, Панҷшанбе

Вобаста ба муҳим будани вазъи экологии сайёра дар таъмини шароиту сатҳи зиндагии аҳли башар бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 22 июни соли 2020, ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси бевоситаи Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Маҳмадтоир Зокирзода, бо мақсади тарғиби сиёсати давлатӣ дар соҳаи экология, инъикоси воқеъбинонаи масоили экологӣ, ҷалби гурӯҳҳои эҷодӣ, олимон, журналистон, коршиносон, мутахассисон ва доираи васеи ҷомеаи шахрвандӣ ба ҳифзи манфиатҳои давлатӣ Озмуни ҷумҳуриявии “Асари беҳтарин дар мавзӯи экология” эълон гардида буд. Озмуни мазкур аз 1 июли соли 2020 то 1 июни соли 2021 дар як давр гузаронида ҷамъбаст карда мешавад. Шартҳои озмуни ҷумҳуриявӣ  аз ҷониби Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, тавассути рӯзномаи “Садои мардум”, сомонаҳои интернетии  www.parlament.tj , www. ecomission.tj  ва дигар сомонаҳои  идоравӣ паҳн гардиданд.
Ҳайати комиссияи озмуни ҷумҳуриявии «Асари беҳтарин дар мавзӯи экология» бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст.
Озмун дар як давр аз моҳи июни соли 2020 то моҳи июни 2021 гузаронида мешавад. Шартҳои озмун  чунин муайян шудаанд:
Иштирокчиён асару мақолаҳо, инчунин нигориш, филм, реклама, асари илмии худро оид ба масоили мухталифи ҳифзи муҳити зист, тағйирёбии иқлим, обшавии бесобиқаи пиряхҳо, раванди татбиқи энергияи сабз, истифодаи оқилона ва самараноки захираҳои табиӣ, аз ҷумла захираҳои об, замин, олами набототу ҳайвонот ва дигар масъалаҳои экологиро аз нигоҳи ҳифзи манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон омода намуда, дар воситаҳои ахбори омма интишор намуданд.
 Дар Озмун доираи васеи ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла шахсони ҳуқуқӣ ё гурӯҳи эҷодӣ, олимону коршиносон, рӯзноманигорон, мутахасситсони касбӣ,  омӯзгорони муассисаҳои олӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ, унвонҷӯёну аспирантон, донишҷӯёну хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёна ва томактабӣ ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ ва кор мекунанд, иштирок варзиданд. Асару мақолаҳо, гузоришу филму нигоришҳо мавзӯъҳои муҳими масоили экологиро инъикос менамоянд:
-30- соли Истиқлолияти давлатӣ – қадамҳои устувор дар ҳифзи муҳити зист;- тағйирёбии иқлим ва чораҳои пешгирии он;- мутобиқсозии иқтисодиёти кишвар ба оқибатҳои ногувори      экологӣ;- истифодаи захираҳои обию энергетикӣ;
- инъикоси мавқеъ ва сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар         соҳаи ҳифзи муҳити зист, аз ҷумла истифодаи захираҳои обию      энергетикӣ;
- тарбия ва маърифати экологии аҳолӣ;
- ҳифзи гуногунии биологӣ;
- идоракунии партовҳо;
- нақлиёт ва ҳифзи    ҳавои атмосфера.
 
Бояд қайд намуд, дар ин муддат аз ҷониби аҳли зиё ва шаҳрвандони ҷумҳурӣ, аз ҷумла олимону рӯзноманигорон, мутахасситсони касбӣ,  омӯзгорони муассисаҳои олӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ, унвонҷӯёну аспирантон, инчунин мактаббачагон ва тарбиятгирандагони муассисаҳои томактабӣ,  аз тамоми шаҳру навоҳи ва минтақаҳои ҷумҳурӣ, ҳамагӣ бо теъдоди 83 нафар асару мақолаҳо, гузоришу нигоришҳо ва маводҳои худро бо забонҳои давлатӣ (64 адад), русӣ (18 адад) ва англисӣ (4 адад) пешниҳод намуданд. Комиссияи озмунии Комиссияи Экологӣ маводҳоро тибқи салоҳияти худ мавриди омӯзишу таҳлил ва баррасӣ  қарор дод.
Аз теъдоди умумии иштирокчиёни озмун  -16 нафар рӯзноманигорони касбӣ, аз ҷумла муҳаррирони рӯзномаҳои «Садои мардум», “Ҷумҳурият”, «Инсон ва табиат», «Ҷавонони Тоҷикистон»,  «Ваҳдат», маҷаллаҳои “Ҳифзи табиат”-и Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Сарзамин”-и Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Дин ва ҷомеа», олимони соҳаҳои гуногун: 8- нафар докторони илм ва профессорон, 17- нафар номзадҳои илм,  8 нафар унвонҷӯёну аспирантон, коршиносони масоили экологӣ, нависанда ва адибон, 12 нафар кормандону мутахассисони Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру навоҳӣ, 4- нафар донишҷӯён ва магистрони  муассисаҳои олӣ, 9 нафар омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва гимназияҳо, 7 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, гимназияву муассисаҳои таълимии хонандагони лаёқатманд, инчунин 2 нафар тарбиятгирандагони кӯдакистон ва шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона ширкат намуданд.
Асару мақолаҳо, гузоришу нигоришҳое, ки пешниҳод шудаанд, масъалаҳои муҳими вазъи экологии ҷумҳуриро вобаста ба тағйирёбии иқлим дар шароити муосири рушд фарогир буда, ба масъалаҳои оқилонаву самаранок истифодабарии захира ва сарватҳои табиии кишвар,  роҳу усулҳои ҳимояи унсурҳои экологӣ, аз ҷумла пешгирии обшавии бесобиқаи пиряхҳо, ҳифзи олами набототу ҳайвонот, ҳавои атмосфера, идоракунии партовҳо; кам кардани таъсири партовҳои саноатӣ ва маишӣ, газҳои гулхонавӣ ва амсоли онҳо ҷиҳати таъмини рушди устувор ва зиндагии шоистаи шаҳрвандони ҷумҳурӣ нигаронида шудаанд.
Бояд тазаккур дод, ки Комиссияи Озмун бо ҷалби коршиносони масоили экологии ташкилоту муассисаҳои марбута асару мақолаҳои довталабонро мавриди омӯзишу таҳқиқ қарор дода, вобаста ба муҳим будани мавзӯъҳои пешниҳодшуда баҳогузорӣ менамояд ва дар мӯҳлатҳои наздиктарин ғолибону фаъолон қадрдонӣ карда мешаванд.
Рӯзҳои наздик ғолибони озмун дар вазъияти тантанавӣ аз ҷониби роҳбарияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо диплом ва мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида мешаванд. Барои иштирокчиёни фаъоли  Озмун, ки асарҳои онҳо аз ҷониби Комиссия қайд мегарданд, тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида мешаванд.          
 

Илова кунед