Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амнияти нақлиётӣ» таѓйирот ворид мегардад

14 Июн 2021, Душанбе

Имрӯз таҳти раёсати муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид, ки дар он лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани таѓйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амнияти нақлиётӣ», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани таѓйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани таѓйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон«Дар бораи бехатарии сейсмикӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани таѓйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амнияти нақлиётӣ» Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Амонулло Хайрулло иброз намуд, ки лоиҳаи Қонуни мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Қонуни амалкунанда соли 2012 қабул гардида, аз 3 боб ва 15 модда иборат буда ба танзими муносибатҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иқтисодӣ ва дигар муносибатҳое, ки ба таъмини амнияти нақлиётӣ ва фаъолияти устувори маҷмўи нақлиёт вобастаанд, равона гардидааст.
Тибқи лоиҳаи баррасишаванда пешниҳод мегардад, ки дар сархати чорум ва  ҳаштуми моддаи 1:Қонуни амалкунанда калимаҳои «мақоми», «ваколатдор» ва «мақоми» мувофиқан ба калимаҳои «мақомоти», «муайян» ва «мақомоти» иваз карда шаванд.  
Зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани таѓйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» Амонулло Хайрулло таъкид намуд, ки Қонуни амалкунанда соли 2004 қабулгардида, ба он 5 маротиба таѓйиру иловаҳо ворид карда шудаанд. Вале, то ҳол норасогиҳои меъёрӣ дар қонуни амалкунанда ҷой дошта, зарурати мувофиқ намудани муқаррароти он ба Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳодиҳии мутобиқат», «Дар бораи ҳимояи рақобат» ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён омадааст.
Мутобиқи қисми 1 лоиҳа ба моддаи 3 қонун, ки ба масъалаҳои ҳуқуқҳои истеъмолкунанда дахл доранд, илова намудани сархати сеюм ва иваз намудани сархати ҳафтум бо мазмуни зерин пешниҳод карда мешавад:
«- ба дастрасӣ ба иттилоот дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқи истеъмол- кунандагон;»;
«- ба иваз намудан ё  баргардондани моли дорои сифати номатлуб;».
Мувофиқ ба талаботи қисми 2 лоиҳа вобаста ба қисми ҳаштуми моддаи 6 қонун зарурати иваз намудани калимаҳои «зарари аз ин кашидаи истеъмолкунандаро» ба калимаҳои «зарари ба истеъмолкунанда расидаро» дида мешавад.
Дар асоси қисми 3 лоиҳа дар қисмҳои шашум ва даҳуми моддаи 18 қонуниваз намудани калимаи «ҳақ» ба калимаи «ҳуқуқ» пешниҳод карда мешавад.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани таѓйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон«Дар бораи бехатарии сейсмикӣ»-ро ба аъзои Шӯро Раиси  Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Рустам Латифзода муаррифи намуда, иброз намуд, ки мақсад аз ворид намудани таѓйиру иловаҳо мутобиқгардонии Қонуни амалкунанда ба талаботи сиёсати давлатӣ оид ба таъмини бехатарии сейсмикӣ мебошад.
Бо ин мақсад дар моддаи 10 ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии сейсмикӣ мушаххас гардонидашуда, қисми 3 ба моддаи 11 оид ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ нисбати назорати риояи меъёру қоидаҳо, регламентҳои техникии шаҳрсозӣ, таҳияи барномаҳои соҳавӣ, санадҳои меъёрӣ, харитаҳои сейсмикии маҳалҳои аҳолинишин ва амалӣ намудани дигар ваколатҳоро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон илова карда шудааст.

Илова кунед