«-Тоҷику узбек як халканд, ки бо ду забон гап мезананд».

18 Июн 2021, Ҷумъа

Рӯзи 27-июн дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи Ваҳдати миллӣ таҷлил мегардад
«Тоҷикон ва ӯзбекон дар бисёр лаҳзаҳои  ғаму шодӣ, барору нобаробарӣ, нокомию пирӯзиҳо бо ҳам буданд ва дар ҳама ҳолат дӯстию бародариро пос дошта, якдигарро иззату эҳтиром ва қадрдонӣ менамуданд. Ҳамин муносибат ба шарофати шахсиятҳои барҷастаи таърих дар қарни 15 боз ҳам устувор шуд ва дар мисоли ҳамкориҳои адабию дӯстонаи Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишер Навоӣ сифатҳои навро соҳиб гардид. Дӯстию рафоқат, эҳтирому муҳаббат миёни ин шахсиятҳои эҷодӣ ба дараҷае самимӣ будааст, ки муосиронашон аз ин ҳусни тафоҳум ва муоширати бузург борҳо ба некӣ ёдоварӣ кардаанд», — нигоштааст  дар мақолааш бо номи «Равобити адабию фарҳангӣ – рукни муҳими таҳкими дӯстии тоҷикон ва ӯзбекон» Сафири фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон, академик Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА.       
Дар ҳақикат баъд аз ташрифи Президенти  Чумхурии  Узбекистон  Шавкат  Мирзиёев  ба  Чумхурии  Точикистон, мулокоти дустонаашон  бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  ва имзои  санадҳои бисёри ҳамкори  шодию  хурсандии ду миллати чандин  ҳазорсолаҳо бо ҳамдигар  дусти  қарин бударо  зиёда  намуд. Ду  миллати  тамаддунофар ин  рӯзи  таърихиро дер  боз интизор  буданд  ва хушбахтона  ин  рӯзи  тамадунсоз  фаро  расид.
Зимни суханронӣ дар «Шоми дӯстӣ» бахшида ба сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  милли, Пешвои   миллат, Президенти  Чумхурии Точикистон  мухтарам  Эмомалӣ  Рахмон гуфта буданд:
«-Таърих нишон медиҳад, ки зиндагии якҷоя дар фазои ягонаи фарҳангӣ ва тамаддун омили ба ҳам наздик шудани халқҳои мо шудааст.
Гузаштагони мо дар рушди илм, назм ва насри ҷаҳонӣ саҳми бузург гузоштаанд. Онҳо шаҳрҳо ва иншооти меъмории хусусияти тамаддунидошта бунёд карданд.
Моро мероси бои маънавӣ ва фарҳангии дар тамоми ҷаҳон эътирофшуда муттаҳид месозад.
Мероси бойи халқҳои мо ба зиммаи мо — сиёсатмадорон, вазифа мегузорад, то муносибатҳоеро, ки ниёгонамон барқарор кардаанд, ҳифз ва афзун намоем, фазои дӯстию ризоиятро барои наслҳои оянда аз ҳар ҷиҳат, ба мисли Мавлоно Абдураҳмон Ҷомӣ ва Мир Алишер Навоӣ таҳким ва ғанӣ гардонем.
Асосгузори адабиётҳои муосири тоҷику ӯзбек устод Садриддин Айнӣ чунин гуфта буд: » Ҷомӣ ва Навоӣ дар муносибат ба мушкилоти асосии замони худ ҳамфикр буданд ва онҳоро бо дастгирии тарафайн ҳал мекарданд».
Имрузҳо  нигоҳи  ду халқ - тоҷику  узбек, ки аз азал  ҳамдаму  ҳамхуну    ҷон,  дусту  бародар, хешу  ақрабо  мебошанд, бо  вохурии  ду дуст, Сарварони  ду мамлакати  ҳамсоя, ки моҳи июн дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон доир  гардид, нигаронида  шуда  буд.
Вохурии дустонаи  Сарони  ду  миллат  Эмомалӣ  Раҳмон  ва Шавкат  Мирзиёев  барои  ду  миллат  ва халқхои  ду  давлат - Тоҷикистону Узбекистон, ки дустиашон  зиёда  аз 20-сол  шикаста  буд,  боз дубора мисли пораҳои об ба ҳам омаданд.     
Солҳои охир муносибатҳои парлумонии ду кишвари бо ҳам дусту ҳамсоя низ хеле қавию густурда шудаанд.
Ҳаӣати парлумонии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо даъвати Раиси палатаи қонунбарори Олиӣ Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Нуридин Исмоилов рузи 7 октябри соли 2019 аз Ҷумҳурии Узбекистон дидан намуданд.
Дар доираи ин сафар ҳайати парлумонии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси палатаи қонунбарории Олиӣ Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Нуридин Исмоилов мулоқот намуданд.
Зимни мулоқоти судманду самимӣ Нуридин Исмоилов гуфта буд:
«-Сафари ҳайати парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Узбекистон—  ин боз як нишондиҳандаи муносибатҳо дар сатҳи олӣ миёни ду кишвар аст, ки ба он на танҳо муносибатҳои байнидавлатӣ ва байниҳукуматӣ, балки робитаҳои парлумонӣ низ мусоидат мекунад.
Мо ибрози боварӣ мекунем, ки он давраи замоние ба поён расидааст, ки сукути номатлубу нофорам дар муносибатҳои ду кишвар ҳоким шуда буд. Ҳоло қонунгузорони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон  ба дастёбӣ ба як шакли  пойдору ҳамешагии ҳамкориҳо қодир мебошанд.
Дар як муддати кутоҳ метавонем даст ба дасти ҳам диҳем, то робитаҳои байнипарламонии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба сатҳи сифатан нав боло равад, ҳам дар қолаби дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалии парламонӣ рушд кунад. Онҳо ҳамчунон дар оянда низ нақши муҳиме дар тақвияти муносибатҳои иқтисодӣ, башардӯстӣ ва фарҳангӣ, густариши робитаҳои байниминтақавӣ хоҳанд бозид.
Мо аз ин воқеъият натиҷа мегирем, ки Ӯзбекистон ва Тоҷикистонро таърих ва фарҳанги муштарак, ягонагии арзишҳои маънавӣ ба ҳам мепайвандад. Халқҳои мо аз кадимулайём паҳлӯ ба паҳлӯи ҳам зиддагонӣ мекарданд. Ва ин анъанаҳои ҳамсоягиву муносибатҳои дуҷониба имрӯз бояд ба унвони як пояи маҳкаму устувор барои ҳамкорӣ бошад.
Мо аз ҷониби худ барои робитаҳои пурбортарин ва ҳамаҷониба бо ҳамкорони бародари тоҷик омодаем. Санадҳои ба имзо расидаи байни кишварҳоямон баёнгари он аст, ки ду ҷониб ташнаи таҳкими робитаҳои дуҷониба,  шона ба шонаи ҳам ниҳодану бо боварӣ гомҳои устувор бардоштан барои ба даст оврадан ва расидан ба марзҳои нави ҳамкориҳо мебошанд. Дар аснод орзуҳои қадимӣ, иродаву қотеъияти халқҳои бародари мо таҷассум ёфтаанд».
Агар зарфи се-чор соли пеш дар мактабҳои олии Тоҷикистон донишҷӯён аз Ӯзбекистон ягон-ягон дида мешуданд, пас соли равон ба мактабҳои олии ҷумҳурии мо бештар аз 4000 довталабони ӯзбек дохил шудаанд. Ин нишондиҳандаи ҷараёни мусбати рушди муносибатҳо миёни кишварҳои мост.
Бо ибрози ризоият аз вазъияти феълии робитаҳо байни парламенти Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мехоҳем зикр кунем, ки мақомоти қонунгузори мо минбаъд низ бояд ҳамчунон иқдомоти ҷиддиро барои рушди густардаи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ миёни кишварҳои мо идома диҳанд. Бовари  дорам, ки таҳкими ҳамкориҳои байнипарламонии кишвраҳои мо барои боло бурдани муносибатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар сатҳи сифатан нав фароҳам меорад.
Ба ёд овардан бамаврид аст, ки Пешвои мо Эмомалӣ Раҳмон ба тавсеъаи ҳамаҷонибаи муносибатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар ҳамаи соҳаҳо таъкид мекунад. Вай ба густариши ҳамешагиву пайвастаи муносибатҳо миёни ду кишвар, ки пайвандҳои таърихиву фарҳангӣ доранд ва сиёсати дӯстиву ҳамсоягии онҳо пойдор аст, алоқаманд мебошад.
Мехоҳем таъкид намоем, ки : мо бовар дорем, ки дар баробари болоравии ҳамкориҳои мутақобили чандҷониба байни ду кишвар робитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Палатаи қонунгузории Олиӣ Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон  низ бо маъниву муҳтавои нав саршор хоҳад шуд.
Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар ҳоли ҳозир робитаҳои бисёр хубе доранд ва ибрози боварӣ мекунем, ки кишварҳои моро ояндаи хубе интизор аст.
Дар вохурии  Сарони ду давлат, ки моҳи  июни  соли  равон дар Точикистон  доир  гашт, Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  милли, Пешвои    миллат, Президенти  Чумхурии Точикистон  мухтарам  Эмомалӣ  Рахмон гуфта буд:
«- Мардуми  моро  суннатхои  бисёрасраи  дустӣ, ҳамсоягии  нек  ва эҳтироми  ҷонибайн муттаҳид месозад». Дар ин  ҳангом  Президенти Ҷумҳурии  Узбекистон  Шавкат  Мирзиёев изҳор намуданд:
«- муносибатҳои дустии мардумони мо аз қаъри таърих реша мегирад ва он бояд чун талошу ташаббусҳои муштараки халкҳо то абад поянда бимонад».
Оре, дустии мардуми тоҷику узбек таърихи дерина дошта, тули асрҳо идома ёфта, обутоб ёфтааст, шодию хурсанди ва дарду алами онҳо муштарак буд. Чи тавре, ки Боқи Раҳимзода гуфтааст:
«-Тоҷику узбек як халканд, ки  бо ду забон гап мезананд».
    

Аҳмадзода Бахтиёр

Наҷмидиниён Файзулло

Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси

Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Илова кунед