Ваҳдат - дастоварди беназири миллат
21 Июн 2021, ДушанбеВаҳдату иттиҳоди миллиро наметавон бо ягон меҳвар баробар кард, чун ҳама неъмату осоиштагиву фаровонӣ маҳз аз ҳамин сарчашма мегирад. Махзане, ки бо неъматҳояш сарзамини Тоҷикистони азизро сарсабзу мардумонашро осудагиву амният ато кардааст.
Дар ин рӯзҳои накӯ, ки пас аз чанде мардуми азизамон 30-солагии Истиқлолияти давлатиро ҷашн мегиранд, ёд овардан аз марҳилаҳои муҳиму созанда, фидокориҳои фарзандони арзанда, роҳи пурпечутоби Ваҳдат сухан гуфтан ҷоиз аст.
Бо пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ, ки паёмадаш ба давлатҳои хурди мустақил табдил ёфтани ҳар як ҷумҳурӣ гардид, Тоҷикистон низ ба марҳилаи нави давлатдорӣ қадам ниҳод. Дар аксари ҷумҳуриҳо ин марҳила бидуни душвориҳо ҷараён гирифт. Аммо мутаассифона бо кирдорҳои разилонаву нопоки чанде аз хоинони Ватан, қувваҳои бадхоҳи дохиливу берунӣ дар кишвари мо вазъи номусоиди иқтисодиву сиёсӣ рӯйи кор омад. Ҳадафи асосии ин қувваҳои иртиҷоӣ бо истифода аз фурсати муносиб ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ буд. Дар ҷумҳурӣ ҷанги бародаркуш ба вуқӯъ пайваст, ки мислашро таърих надидааст. Хатари парокандагии миллат рӯйи кор омад. Ҳазорон нафар ҳамватанонамон муқими кишварҳои дигар гаштанду хориҳои мусофиратро аз сар гузарониданд.
Дар ҳамин вазъияти муташанниҷ бо иқдоми нерӯҳои бомаърифату созандаи кишвар санаи 16 ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) корашро оғоз намуд. Бо овози 186 нафар вакилон фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.
Баъдан ҷиҳати таъмини амнияту ба даст овардани субот дар кишвар, бо роҳи мусолиҳатомез ҳал кардани мушкилот дар саҳни Қасри Арбоб оши оштӣ дода шуд. Аммо мутаассифона, баъди ин ҳам дар гӯшаву канори мамлакат тахрибкориву хоиниҳои душманони миллат идома ёфтанд. Барои ба даст овардани тартиботу сулҳу амният боз қадамҳои зиёде гузошта шуданду ҷоннисориҳои фарзандони фарзонаи миллат рӯйи кор омаданд. Ба ин метавон мулоқоту гуфтушунидҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо мухолифин дар шаҳрҳои Кобул, Теҳрон, Москва, Машҳад, Бишкек ёдовар шуд.
Санаи 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва бо ширкати намояндагони чанд кишварҳои ҷаҳон ҳуҷҷати тақдирсози истиқрори сулҳ ва оштии миллӣ ба имзо расид. Ин санаи муборак барои тоҷикистониён аз он замон то имрӯз ид аст, иди бузурги миллӣ, иди расидан ба сулҳу суботу амният.
Ҳодисаи фараҳбахши дигар, ки ин ҷо зикри он ҷоиз аст, баргузории Маҷлиси муассисони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон аст, ки санаи 18 июли соли 1997 баргузор шудаву Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро якдилона Раиси Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон интихоб гардид.
“Мо дар сафи ин Ҳаракат беҳтарин фарзандони халқро дидан мехоҳем,--гуфта буданд Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. –Онҳоеро дидан мехоҳем, ки воқеан дарди мардум ва ҷомеаро хуб эҳсос мекунанд, нангу номуси ватандорӣ дар мағз-мағзи ҷонашон нуҳуфтааст”.
Ҷараёни барқарорсозии сулҳу оштии миллӣ дар кишвари тоҷикон, таҳаммулпазирӣ ва маърифати баланди мардуми тоҷик бо Сарвараш, ба зудӣ хомӯш намудани оташи ҷанг, ба Ватан баргардонидани беш аз як миллион нафар гурезагон ва минбаъд таъмин намудани зиндагии осоиштаи онҳо, дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, зина ба зина бо ҷоннисориҳои беназир барқарорсозии харобиҳои баъдиҷангӣ—ин ҳамаро таърих хуб дар ёд дорад. Ин ҳамаро на танҳо тоҷикон, балки ҷомеаи ҷаҳонӣ дарк намудааст.
Имрӯз, ки на танҳо ба Тоҷикистон, балки ба ҷомеаи ҷаҳонӣ хатари гурӯҳу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ таҳдид менамояд, рисолати муқаддаси ҳар нафар, чӣ хурду чӣ бузург чун гавҳараки чашм эҳтиёт намудани дастовардҳои Истиқлолияту Ваҳдат аст. Ин ду неъмате, ки солҳои зиёд ва бо заҳмату ҷоннисориҳои беназири фарзандони арзандаи меҳан ба даст омадаву роҳу марҳилаҳои хеле душворро паси сар кардаанд. Ба ҷомеа ҳадя намудани насли ояндасоз, огоҳ намудани ҷавонон аз таърихи ба даст овардани ин ду неъмати бебаҳо ва ба ин васила бедор намудани эҳсоси меҳандӯстиву ғурури миллии онҳо вазифаи пурмасъулиятест, ки иҷрои он ҳатмист.
Шукрона, ки ҷавонони солҳои Истиқлолият он ваҳшонияту бесарусомониҳоро надидаанд. Бе падар мондани садҳо кӯдакону беписар гаштани волидон, кушта шудани бародар бо дасти бародар, ихтилофи ҳаммилатон, даргириҳои харобиовару бераҳмиҳои гурӯҳҳои тахрибкори хоинони Ватан, хориҳои тоҷикони муҳоҷиргашта...
Аммо мо бояд аз ин роҳи тайкардаи Ватан, ҷоннисориҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ—Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, фаъолияти созандаву фидокоронаи фарзандони ватанпарасти тоҷик пайваста ёдовар шавем, то фарзандони мо огоҳ бошанду нагузоранд, ки осмони софи Тоҷикистони азиз тира гардад.
Аз дасти дарозу шифобахши Ваҳдат, паёмади неку амниятовари Ваҳдат, калиди осудагиву тинҷиву фаровонӣ будани Ваҳдат ҳамешаву пайваста сухан гӯем, чун нерӯе қавитар аз сухан нест!
Баҳриддин Зиёӣ – вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон