Мулоқоти Раиси гуруҳи дустии Маҷлиси намояндагон бо Сафири Фаронса дар Тоҷикистон
22 Июн 2021, СешанбеИмрӯз Раиси гуруҳи дустии Маҷлиси намояндагон бо Парлумони Фаронса Идигул Қосимзода бо Сафири фавқуллода ва мухтори Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мишел Таран мулоқот намуданд.
Зимни мулоқот маҷмӯи васеи масъалаҳои вобаста ба муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Фаронса, аз ҷумла робитаҳои байнипарлумонии ду кишвар мавриди муҳокима қарор гирифт.
Ҷонибҳо доир ба роҳу василаҳои таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба, хусусан тариқи афзоиши табодули сафарҳои намояндагони баландпояи Тоҷикистон ва Фаронса мубодилаи афкор намуданд.
Дар рафти сӯҳбат таваҷҷуҳи ҷониби Фаронса ба иқтидору имкониятҳои фаровони рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои амният, энергетика, кишоварзӣ, нақлиёт ва коммуникатсия, сайёҳӣ, маориф ва фарҳанг ҷалб карда шуд. Дар ин радиф, аҳамияти тавсеаи пояи қарордодиву ҳуқуқии муносибатҳои мутақобилаи байни Тоҷикистон ва Фаронса барои ғанигардонии ҳамкориҳо бо мазмуну мундариҷаи мушаххас таъкид гардид.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни Маҷлиси намояндагон ва Парлумони Фаронса мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни Маҷлиси намояндагон ва Парлумони Фаронса мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар интиҳо изҳори боварӣ карда шуд, ки тавассути муколамаҳои доимии сатҳи баланд робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Фаронса дар ҳама самтҳо мазмуну мундариҷаи нав касб намуда, дар оянда доираҳои зиёди мавриди таваҷҷуҳ ва барои тарафҳо манфиатоварро фаро хоҳанд гирифт.

Илова кунед

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон