Аҳамияти сиёсӣ-ҳуқуқии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

16 Апрел 2020, Панҷшанбе

Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон асари илмӣ - пажӯҳишӣ таҳти унвони «Аҳамияти сиёсӣ-ҳуқуқии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби мутахассиси ҷавони риштаи ҳуқуқ – мушовири калони Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Сай­нозимзода Фирӯз Сайнозим дар нашриёти «Эр-граф»- и шаҳри Душанбе мунташир гардид.

Дар рисолаи мазкур Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хо­ри­ҷии ҷум­ҳурӣ», ки дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа мегардад, ҳамчун падидаи мубрами сиёсиву ҳуқуқӣ мавриди таҳлил ва таҳқиқ қарор гирифтааст. Инчунин, дар рисола паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози ҳуқуқӣ таҳлил гардида, нақши онҳо дар рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти мамлакат арзёбӣ шудааст.

Тавре муаллифи асар менигорад: «Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмин намудани шароити арзандаи зиндагӣ ба аҳолии мамлакат, таҳкими ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмин намудани адолати иҷтимоӣ, волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ, риояи қонунгузорӣ ва дар маҷмӯъ, баҳри рушду инкишофи Тоҷикистони соҳибистиқлол дастуру супоришҳои мушаххас дода мешавад. Чунин дастуру супоришҳо ва талаботи Паёми Президенти кишвар бояд, ки аз ҷониби шахсони ваколатдор сари вақт ва бо сатҳу сифати баланд иҷро гарданд. Зеро дар амал татбиқ кардани онҳо дар баланд гардидани шароити иҷтимоӣ ва иқтисодии ҳар як шахс ва дар маҷмӯъ, халқи Тоҷикистон мусоидат хоҳанд намуд.

Аз ин лиҳоз, имрӯз нақш ва мавқеи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон боло меравад ва намояндагони қишрҳои мухталифи ҷомеа баргузор гардидани онро интизорӣ мекашанд, тариқи воситаҳои ахбори омма матлаби онро бо таваҷҷуҳи хосса тамошо ва мутолиа мекунанд, мазмуну моҳият ва мундариҷаи ин санади муҳимро бо самимият меомӯзанд ва дар амалӣ гаштани муқаррароти Паёми Президенти мамлакат фаъолона ширкат меварзанд».

Ҳамзамон муаллиф таъкид намудааст, ки «баҳри иҷро намудани талаботи паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2000-2019 зиёда аз 100 санади меъёрии ҳуқуқӣ, аз қабили қонунҳои конститутсионӣ, кодексҳо, қонунҳо, фармонҳо, қарорҳо ва дигар асноди расмӣ таҳия ва қабулу тасдиқ гардиданд. Инчунин, ба зиёда аз 100 санади меъёрии ҳуқуқии амалкунанда тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд, ки онҳо ҷиҳати беҳтар шудани шароити иқтисодӣ ва иҷтимоии аҳолии кишвар, таъмини волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ, амнияти давлат, адолати иҷтимоӣ, таҳкими ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, баланд гардидани обрӯву эътибори Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ нигаронида шудаанд».

Сайнозимзода Ф. С. дар асари пурарзиши худ нақши паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар рушду инкишофи кулли соҳаҳои ҳаёти мамлакат муҳим арзёбӣ намуда, чунин менависад: «Дар паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, илму маориф, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, рушди неруи инсонӣ, таъмини адолати иҷтимоӣ, таҳким ва ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ, такмили низоми идоракунии давлатӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат дар бахши таъмин намудани истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ бахшидани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, саноатикунонии босуръати кишвар, соҳибкориву сармоягузорӣ, ҳифзи саломатӣ, сиёсати давлатии ҷавонону занон, рушди сайёҳӣ, таҳкими муносибатҳои байналмилалӣ, рушду нумӯи қонунгузорӣ ва фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ, таъмини сатҳу сифати қонунгузорӣ, тақвияти ватандӯстиву ватанпарастӣ, худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, таълиму тарбияи фарзанд, таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ, таъмини волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиаи мамлакат, суботу амнияти ҷомеа ва давлат, муқовимат ба терроризм, экстремизм, коррупсия, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳо, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандони Тоҷикистон, таҳкими иқтидори содиротии мамлакат, самаранокии бозори меҳнат ва дигар масъалаҳои ниҳоят муҳимми сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон таҳлилу баррасӣ шуда, роҳҳои ҳалли мушкилоти соҳаҳои мазкур пешниҳод гардиданд». 

Мавриди ёдоварист, ки Сайнозимзода Ф. С. муаллифи нахустин рисолаи илмии «Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҷанбаҳои таърихӣ-ҳуқуқӣ»  мебошад.  Чуноне ки муҳаррири масъули рисолаи мазкур доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Бахтовар Амиралӣ қайд менамояд: «Дар илми тоҷик, хусусан илми ҳуқуқ нахустин маротиба Паёми Прези­денти Ҷум­ҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самт­ҳои асосии сиёсати до­хилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии Ҷум­ҳу­рии Тоҷикистон дар шак­ли як асари комил мавриди таҳ­лил ва таҳқиқи ил­мӣ қарор дода шудааст. Омӯзиш ва таҳлили ин рисолаи воқеан ҳам пурарзиш далолат бар он мекунад, ки муаллиф мав­зӯи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хо­ри­­ҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии То­ҷи­­кистонро аз назари илми ҳуқуқ хеле моҳиро­на ба риштаи таҳлил ва пажӯҳиш кашида, дар он аз сарчашмаҳои илмии боэътимод, дидгоҳу афкор ва на­зарҳои созандаву пурҳикмати ҳуқуқши­но­со­ни ватанӣ ва хориҷӣ ба таври фаровон истифода намудааст». 

Ҳамин тариқ, Китоби Фирӯз Сайнозимзода дар хусуси «Аҳамияти сиёсӣ-ҳуқуқии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 3 боб ва 9 зербоб иборат буда, омӯзиши он ҳар як хонандаро оид ба аҳамияти сиёсӣ ва ҳуқуқии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар ва дигар масъалаҳои сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки зимни ироаи паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати мил­лӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон матраҳ шудаанд, ошно хоҳад намуд. Асари мазкур барои омӯзиш ба ҳуқуқшиносон, сиёсатшиносону ҷомеашиносон, олимону муҳаққиқон ва умуман, доираи васеи хонандагон тавсия шудааст.

Илова кунед