Одамон аз дусти ёбанд бахт….

29 Июн 2021, Сешанбе

28 июн Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.
29 июн маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон дар майдони Қасри миллат, ки ба хотири пазироии меҳмон идона оро ёфта буд, баргузор гардид.
Ман ҳамчун вакили Маҷлиси намояндагон  ташрифи меҳмонони олимақомро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон фоли нек арзёбӣ намуда, ин боздидро омили муҳими тақвияти ҳамкориҳои байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон  дар ҳамаи соҳаҳо, бахусус арсаи иқтисодӣ арзёбӣ менамоям. Бо ишора ба мавҷуд будани  таърих, фарҳанг, дин ва  расму оини муштарак байни миллати тоҷику қирғиз изҳор  менамоям, ки миллати тоҷику қирғиз  аз умқи қарнҳо дар канори ҳамдигар кору зиндагӣ ва фаъолиятҳои муштарак доранд ва хушбахтона, имрӯз низ байни ин миллатҳо чунин  фазо  ва муҳити созгор фароҳам аст ва ин дӯстӣ то кунун идома дорад.
Анҷоми боздидҳои бесобиқаи расмӣ ва дӯстонаи Сарони ду кишвар ба ҷумҳуриҳои ҳамдигар, имзои асноди гуногуни ҳамкорӣ, ки барои мардум ва миллати ин кишварҳо тақдирсоз буда, асоси баробарҳуқуқӣ, ҳамсоягии ҳасана, эҳтироми байниҳамдигарӣ, эътимод ва мавқеъҳои муштаракро дар бар мегиранд, нишонаи мавҷуд будани ҳамкориҳои дӯстона ва дорои сатҳи баланд мебошад.
То кунун миёни Тоҷикистону Қирғизистон санадҳои зиёди меъёрию ҳуқуқӣ ба имзо расидааст. Якчанд комиссияи байнидавлатӣ фаъолона кор карда истодааст. Сандуқи сармоягузории ҳарду кишварҳо таъсис дода шудааст, ки барои омода сохтани фазои иқтисодии кишварҳо корҳои мушахасеро ба сомон расонидаанд.
Ман бовари дорам, ки Тоҷикистон ҳамеша омода аст бо Қирғизистон  дар риштаҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангию илмӣ, маданӣ, энергетика ва коммуникатсия ҳамкориҳои судманде дошта бошад. Имрӯз, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 56 ҳазор қирғизҳои маҳаллӣ, дар минтақаҳои Лахш, Мурғоб ва дигар манотиқи кишварамон зиндагонӣ мекунанд. Аз 60 мактаби миёнаи ноҳияи Лахш, дар 23 тоаш таҳсил ба забони қирғизӣ буда, дар 22 мактаби миёнаи дигар таҳсил ба забонҳои тоҷикию қирғизӣ мебошад. Дар ноҳияи Мурғоб 14 мактаби миёна аст, ки дар 13 тои он фарзандони мардуми маҳаллии қирғизҳо таҳсил менамоянд. Ҳамасола аз ҷониби мактабҳои олии Ҷумҳурии Қирғизистон ба тариқи квота ба қирғизҳои маҳаллии ноҳияҳои Мурғобу Лахши Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 10 ҷой ҷудо карда мешавад.
Имрӯз хуб мешуд, ки ҷониби Қирғизистон барои тарҷумаи китобҳои дарсии мактабҳои миёна барои қирғизҳои маҳалии ноҳияҳои Лахш Мурғоб кумак мерасонид.
Мехостам андешаҳоямро бештар ба масъалаи густариши ҳамкориҳои  байнипарлумонӣ миёни Маҷлиси намояндагони  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва Жогорку  Кенешаи Ҷумҳурии  Қирғизистон  иброз намоям.
Имрӯз хушбахтона миёни парлумонҳои ҳарду кишвар гуруҳҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ амал мекунанд  ва  ташрифи чунин шахсони воломақоми кишвари ҳамсоя ба Ҷумҳурии Тоҷикистон самараи мулоқоту вохӯриҳои Президентони Тоҷикистону Қирғизистон мебошад. Ба роҳ мондани рафту омади  намояндагони парлумонҳои Тоҷикистону Қирғизистон ба кишварҳои якдигар барои боз  ҳам густариш пайдо кардани муносиботи байнипарлумонии мамлакатҳои мо мусоидат  намуда, дар самти истифода аз таҷрибаи ҳамдигар ҷиҳати таҳия ва омода намудани қонун ва дигар санадҳо кумак хоҳад кард.
Бо гузашти солҳо таҷрибаи қонунофарии  вакилони Маҷлиси намояндагон боз ҳам ғанӣ гардида, онҳо талош мекунанд, ки  санадҳои ҷавобгӯи меъёрҳои ҷаҳониро таҳия ва қабул кунанд. Омили асосии ҳамаи ин комёбӣ ва муваффақиятҳо барқарор ва таҳким бахшидани муносиботи миёни Маҷлиси  намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо парлумонҳои кишварҳои  гуногуни олам мебошад.
Барои Тоҷикистон ва Қирғизистон имконоти хеле зиёди ҳамкорӣ дар ҳамаи заминаҳо, аз  ҷумла равобити  байнипарлумонӣ,  иқтисоду тиҷорат,  илму маориф, кишоварзӣ,  фарҳанг ва дигар соҳаҳо вуҷуд дорад.
Парлумонҳои ду кишвар дар таҳкими робитаҳои байниҳамдигарӣ нақши калидӣ мебозанд. Тақвият бахшидани  ҳамкориҳои байнипарлумонӣ миёни Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва Жогорку  Кенешаи Ҷумҳурии Қирғизистон шароити боз ҳам муносибтареро дар раванди тақвияти ин  муносибот  фароҳам хоҳад овард.  Ҳамкориҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Қирғизистон дар чаҳорчӯбаи муносиботи сиёсӣ, иқтисодӣ ва илмӣ – техникӣ  асос  ёфта,  дар сояҳои  дӯстӣ раванди  рӯ ба  инкишофро  касб кардааст. Ин  равобит дар  руҳияи боварии  байниҳамдигарӣ  чӣ дар сатҳи дуҷониба ва чӣ  дар  сатҳи  бисёрҷониба  сурат мегирад,  ки барои  ҳарду  тараф  манфиатбахш  мебошад.
То кунун байни  Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва  Ҷумҳурии  Қирғизистон  санадҳои зиёди ҳамкорӣ  ба  имзо  расидааст, ки ин санадҳо заминаи таҳкими муносиботи гуногунсоҳаи  байни  Душанбе  ва  Бишкекро  ба  вуҷуд овардаанд.
Тоҷикистону Қирғизистон аз ҷумлаи кишварҳое ҳастанд, ки дорои захираҳои фаровони обӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ мебошанд ва ҳарду ҷумҳурӣ имкониятҳои ниҳоят зиёди истеҳсоли қувваи барқ дар доираи сохтмони нерӯгоҳҳои мухталиф дар кишварҳои  худро  доранд.
Бовари дорам, ки яке аз ҳадафҳои асосии ташрифи ҷониби Қирғизистон ба шаҳри Душанбе баррасии масъалаи тақвияти ин  ҳамкориҳо  ба шумор меравад.
Қисмати таърихи имрӯз Тоҷикистону Қирғизистонро ба ҳамдигар ҳамсоя намудааст. Нигоҳ доштани эҳтироми ҳамсоягӣ рисолати инсонии мост. Ҳар як фарди некхоҳ бояд дар ин самт саҳмгузор бошад. Ба қавли шоири бузурги миллати тоҷик устод Мирзо Турсунзода:
Одамон аз дустӣ ёбанд бахт,
Душманӣ орад ба мардум рӯзи сахт!
Поянда бод сулҳ ва дӯстӣ дар байни мардумони Тоҷикистон ва Қирғизистон!
Маҳмудзода Музаффарҷон Ҷусуп,
вакили Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
узви гуруҳи дустии парлумонии
Тоҷикистону Қирғизистон

Илова кунед