Барои бозгардонии дороиҳо, маблағҳо ва ҷалби сармояи шаҳрвандон ба иқтисоди миллӣ шароити мусоид фароҳам оварда мешавад
30 Июн 2021, ЧоршанбеВакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум, ки имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода баргузор гардид лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон», Созишнома оид ба маблағгузорӣ (маблағгузории иловагии Лоиҳаи мукаммалгардонии идоракунии молияи давлатӣ II) ва мактуб-созишнома дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба созишномаҳо оид ба маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд, Созишномаи грантӣ (Амалиёти махсус) оид ба лоиҳаи «Дастгирии расонидани ваксинаҳои зидди COVID-19 дар доираи Фонди дастрасии ваксина дар Осиё ва Уқёнуси Ором» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд, Созишнома оид ба маблағгузорӣ (Амалиёт оид ба ислоҳоти андоз) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд, Созишнома оид ба маблағгузорӣ (Лоиҳаи навкунии низоми миллии омор) байни ҶумҳурииТоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд, Созишнома оид ба маблағгузорӣ азҳисоби Фонди иқлими сабз (маблағгузории иловагӣ барои лоиҳаи «Барномаи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва кам кардани таъсири он дар ҳавзаи баҳри Арал») байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд, Созишнома оид ба маблағгузорӣ (Лоиҳаи баланд бардоштани устувории кишоварзӣ) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд, Созишномаи маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ оид ба лоиҳаи «Дастгирии ғизои мактабӣ», Созишнома оид ба пешниҳоди кафолат байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, Созишнома оид ба маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд, лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба гузориши Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Бо ҳамин баъди садо додани суруди миллӣ ҷаласаи хотимавӣ ва кори иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум пўшида эълон гардид.