Гузориши Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти иҷлосияи дуюми даъвати шашуми МН МО ҶТ» (1 октябри соли 2020– 30 июни соли 2021)

01 Июл 2021, Панҷшанбе

Вакилони гиромиқадр,

ҳозирини арҷманд!

Аз кору фаъолияти мо вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум як соли пурраи тақвимӣ, ё ин, ки давраи ду иҷлосия сипарӣ гардид. Мо имрӯз аз кори иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум натиҷагирӣ менамоем.

Ҳисоботи фаъолияти навбатии мо дар соле барпо мегардад, ки барои мардуми шарифи кишварамон соли таърихӣ, яъне соли таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азизу маҳбубамон мебошад.

Дар зарфи сӣ сол мо бо шарофати ҳидоят ва роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи таъмин намудани рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем ва мардуми шарафманду заҳматқарини мамлакат бо Сарварии Пешвои муаззами миллат тамоми иқтидору имкониятҳои худро ба хотири таҳкими пояҳои Истиқлолияти давлатиамон равона намуданд.

Тавре кулли мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла шумо – вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ медонед, тӯли се сол аст, ки ба хотири сазовор ва бо дастовардҳои арзанда истиқбол гирифтани ин санаи бузургу тақдирсоз – сӣ солагии Истиқлолияти давлатӣ дар тамоми гӯшаву канори мамлакат корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар авҷи аъло идома доранд.

Вакилони арҷманд!

Соли 2020 новобаста аз мушкилоти ба вуҷудомада бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон соли воқеан таърихӣ буд.

Зеро дар соли сипаригардида ду маъракаи муҳими сиёсӣ интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои орому осуда баргузор гардид, ки дар он мардуми шарифи Тоҷикистон ба таври фаъолу муташаккилона ширкат варзида, барои ояндаи неку дурахшони Ватани маҳбубамон – Тоҷикистон раъй доданд ва ба ин васила роҳи минбаъдаи худро муайян намуданд.

Иштироки фаъоли халқ дар интихоботи президентӣ бори дигар собит сохт, ки мардуми шарафманди Тоҷикистон тарафдори роҳи муайянкардаи Конститутсия – бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона буда, сиёсати хирадмандонаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳаматарафа ҷонибдорӣ менамоянд.

Ҳангоми Савгандёдкуниашон Пешвои муаззами миллат як нуктаи бисёр муҳимро бо ифтихору қаноатмандӣ изҳор намуданд: “Дар фосилаи ҳамагӣ ҳафт моҳ баргузор гардидани ду чорабинии муҳимми сиёсӣ, яъне интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва махсусан, интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар собит намуд, ки дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон фазои комили ҳамдигарфаҳмӣ, ваҳдати миллӣ, садоқат ба ормонҳои таърихии халқи куҳанбунёди тоҷик, пойдории сулҳу субот ва фарҳанги баланди сиёсии шаҳрвандӣ ба нерӯи воқеан бузург табдил ёфтааст”, ки воқеан чунин ҳам аст.

Бояд иброз намоям, ки дар соли 2020 вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ бо таҳдиди сирояти короновируси намуди нави COVID-19 ва буҳрони шадиди иқтисодиву молиявӣ тамоми мардуми оламро ноорому осебпазир гардонида, мушкилиҳои зиёдеро пеш овард.

Ҳамин тавр, дар натиҷаи паёмадҳои пандемияи нави коронавирус, аксарияти давлатҳои ҷаҳон ба шиддат гирифтани буҳрони иқтисодиву молиявӣ, баланд гардидани сатҳи бекориву камбизоатӣ ва болоравии нархҳои тамоми намуди молҳои ниёзи мардум рӯ ба рӯ гардиданд.

Паёмадҳои ин беморӣ бахусус ба коҳишёбии ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ ва воридоти сармояи мустақим, инчунин сари вақт татбиқ нагардидани лоиҳаҳои самоягузорӣ ба суст шудани суръати рушди соҳаҳои иқтисодиёт, аз ҷумла савдои дохилию хориҷӣ, бахши хизматрасонӣ ва сайёҳии кишвари мо таъсири манфии худро расонид.

Дар ин хусус Пешвои муаззами миллат дар Паёми навбатии хеш чунин иброз намуданд: “Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад”.

Хушбахтона, дар натиҷаи талошҳои пай дар пай ва заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат, инчунин амалӣ гардидани тадбирҳои таъхирнопазир аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири манфии омилҳои зикршуда марҳила ба марҳила коҳиш ёфта, устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ таъмин ва ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 82,5 миллиард сомонӣ баробар гардид.

Албатта, дар ин давра вакилони арҷманди Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар бартараф намудани паёмадҳои бемории сироятии КОВИД-19 саҳми назаррас гузоштаанд.

Дӯстони азиз!

Дар давраи ҳисоботӣ 2 маротиба ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи зарурӣ ташкил ва баргузор гардид, ки дар кори онҳо масъалаҳои барои ҳаёти ҷомеаи мо муҳим мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Аз ҷумла дар ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд карданд ва Паёми навбатии хешро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат» ироа намуданд.

Маросими савгандёдкунӣ бо иштироки аъзои Ҳукумат, намоядагони мақомоти давлатӣ, ходимону арбобони давлатӣ, фаъолони ҷамъиятӣ, намояндагони байналмилалӣ ва воситаҳои ахбори омма бо шукӯҳу шаҳомати тоза ва идона баргузор гардид.

Тавре огаҳед, дар ин маросим Пешвои муаззами миллат дар иртибот ба эътиқоду боварии бузурги мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиамон иброз доштанд, ки “Ман аз мардуми азизи Тоҷикистон як ҷаҳон сипосгузорам, ки заҳмату талошҳои маро бо иштироки фаъолонаи худ қадрдонӣ карда, муҳаббату самимияти нисбат ба ман доштаашонро бо додани раъйи хеш исбот намуданд. Ин муҳаббату самимияти халқи азизам маро водор месозад, ки ба хотири ободии Тоҷикистон, оромии Ватан ва осоиши ҳар як хонадони кишвар даҳчанд заҳмат кашам”.

Ҳамин тавр, Пешвои муаззами миллат барои боварии халқ ва эътиқоду ихлоси бузург дар назди тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон таъзим намуданд, ки ин бешубҳа, аз меҳру садоқат ва ба халқу Ватани худ содиқ будани ин шахсияти нотакрор гувоҳӣ медиҳад.

Шиори мо – вакилони мардумӣ: “Тоҷикистон, бо Пешвои муаззами миллат – БА ПЕШ! мебошад”

Ҳозирини гиромӣ!

Дар давраи фаъолияти иҷлосияи дуюм 42 ҷаласаи Шӯро ва 28 ҷаласаҳои Маҷлиси намояндагон баргузор гардидааст, ки дар доираи он беш аз 817 санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, дар натиҷа 694 қарори Шӯро ва 223 қарори Маҷлиси намояндагон бо тартиби муқарраргардида қабул карда шуданд.

Дар ин давра 131  қонун, аз ҷумла 22 қонуни мукаммал, 1 кодекс,  11 қонуни конститутсионӣ оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои конститутсионӣ, 69  қонун оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қонунҳо, 11 қонун оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба кодексҳо, инчунин беш аз 54 созишномаву дигар санадҳои меъёрӣ манзур гардидаанд.

Дар маҷмӯъ то ба имрӯз беш аз 91 қонун бо тартиби муқарраргардида қабул карда шуда, 28 лоиҳаи дигар дар баррасӣ қарор дорад.

Аз теъдоди умумии қонунҳои қабулшуда бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 лоиҳа, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 67 лоиҳа, аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллӣ 6 ва аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагон 10 лоиҳаро ташкил медиҳад.

Бояд иброз намоям, ки қонунҳои қабулшуда муносибатҳои муҳимми ҷамъиятиро ба танзим дароварда, амалияи он ба устувории сохтори қонунгузории кишвар замина фароҳам меорад ва ба таъмини рушди босуботи иқтисодиёти миллии кишварамон такони ҷиддӣ мебахшад.

Дар давраи ҳисоботӣ бо ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби аъзои Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ 6 лоиҳа, Кумита оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия лоиҳа, Кумита оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин 4 лоиҳа, Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон лоиҳа, Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон 2 лоиҳа, Кумита оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ 2 лоиҳа пешниҳод гардидааст. Инчунин аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагон дар ҳамбастагӣ бо дигар субъектони ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ (ба таври омехта) 18 лоиҳа таҳия ва пешниҳод карда шудааст.

Маҷмӯан бо ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории вакилони Маҷлиси намояндагон 32 лоиҳаи қонунҳо таҳия гардида, ҳамагӣ 12 қонун қабул ва 10 лоиҳаи дигари қонун дар ҳолати баррасӣ қарор доранд.

Бо истифода аз фурсат барои корҳои то ин давра анҷомёфта ба вакилони муҳтарам изҳори миннатдорӣ баён менамоям. Ҳамзамон таъкид бояд кард, ки фаъолият дар ин самт беҳбудиро тақозо дорад.

Қобили қайд аст, ки тибқи муқаррароти моддаи 58 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз самтҳои асосии фаъолияти вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунгузорӣ ба шумор меравад, вале таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки фаъолияти вакилон дар самти қонунэҷодкунӣ дар қиёс бо дигар субъектони ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ нокифоя роҳандозӣ гардидааст.

Пайдост, ки мушкилот ва муаммо дар ин самт дар асоси хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бозпасгардонидани лоиҳаҳо мебошад.

То имрӯз 10 лоиҳаи қонунҳое, ки бо ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории вакилони Маҷлиси намояндагон таҳия гардидаанд, бозпас гардонида шудааст.

Аз ҷмула, сабабҳои баргардонидан дар хулосаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷобаҷогузории бобҳо, мутобиқати ном бо матн, аз лиҳози имлоӣ коста таҳия гардидан ва мутобиқат накардани матни забони русии лоиҳа бо забони давлатӣ дарҷ карда шудаанд.

Дар ин ҷода иброз намуданиям, ки пеш аз оне, ки лоиҳаи қонун аз ҷониби муаллифон таҳрезӣ мегардад, дар кумитаву саркумитаҳо бо иштироки бевоситаи намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои соҳавӣ ва дигар масъулон аз рӯйи тобеият мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дода мешавад ва баъдан дар асоси қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагон барои додани хулоса ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол мегардад. Бо вуҷуди ин ҳама бозпас гаштани лоиҳа нигаронкунанда мебошад.

Ба андешаи ман, сабаби асосии бозпасгардонидани аксарияти лоиҳаҳо аз пайгирӣ, ё ин ки ҳимоя накардани он аз ҷониби субъектҳои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ мебошад.

Ҳолати мазкур ҳавасмандии муалифонро коста гардонида, раванди фаъолияти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории вакилонро бамаротиб коҳиш медиҳад.   

Аз ин рӯ, мо – вакилони Маҷлиси намояндагонро зарур аст, ки фаъолияти қонунгузориро дар якҷоягӣ бо дигар субъектҳои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ тақвият дода, тавассути омӯзиши таҷрибаи давлатҳои мутараққӣ фаъолияти қонунэҷодкунии худро густариш диҳем.

Зимнан, Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муваззаф карда мешаванд, ки фаъолияти қонунэҷодкуниро ҷоннок ва бо ин мақсад нақшаҳои кории ҳайати кумитаро ҷиддан таҷдиди назар намоянд.

Шумо – вакилон хуб медонед, ки агар мардум дар бораи қонун ҳарф зананд, манзурашон пеш аз ҳама, адолат аст. Бинобар ин қонунҳое, ки аз ҷониби мо – вакилони мардумӣ қабул карда мешаванд, бояд аз рӯйи адолат бошанд.

Зеро қонун дар тамоми ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлати демократӣ мизони ба низом овардашудаи орзую умед ва хоҳишу ормонҳои халқ аст, ки тавассути он мақоми қонунбарор барои зиндагии осудаю пурсаодати мардумон шароит фароҳам меорад.

Ин нукта субъектҳои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорро водор менамояд, ки вобаста ба вазъи дохилию хориҷӣ мазмуну муҳтаво ва усулҳои муосири танзимнамоии қонунро тарҳрезӣ намуда, манфиатҳо ва ҳадафҳои аслии  халқ – манбаи ҳокимият ва сарчашмаи  аслии қонунҳоро ҳифз ва таъмин намояд.

Муҳтарам вакилон,

ҳозирини гиромӣ!

Дар давоми иҷлосияи дуюм дар қатори қабули қонунҳо як қатор Созишномаву протоколҳо низ тасдиқ гардидаанд.

То ба имрӯз беш аз 46 Созишномаву протоколҳо мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифта, бо тартиби муқарраргардида тасдиқ карда шуданд.

Ҳангоми баррасии Созишномаҳо баъзе мушкилотҳо ба назар мерасанд, ки ба кашолкорӣ роҳ додан ва сари вақт ба баррасии ҷаласаҳои Шӯро пешниҳод нагардидани лоиҳаҳо аз ҷумлаи онҳо мебошад.

Ҳамаи шумо – вакилони арҷманд хуб медонед, ки ҷалби сармояи мустақим ва ё ворид намудани он ба иқтисодиёти мамлакат кори саҳлу осон нест, бахусус маблағҳои грантӣ.

Албатта, мо хуб дарк менамоем, ки бештари маблағҳои қарзиву грантӣ бо талошу заҳматҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кишвар ҷалб ва ворид карда мешаванд.

Имрӯзҳо дар аксарияти соҳаҳо, аз ҷумла иқтисодиёт, саноат, кишоварзиву обёрӣ, илму маориф, тандурустиву иҷтимоӣ, обу энергетика ва нақлиёту роҳдорӣ чунин лоиҳаҳои грантӣ амал менамоянд, ки албатта, ба манфиати давлату миллати мо мебошад.

Аз ин рӯ, ҳар яки дар ин толор нишастаро зарур аст, ки бобати сари вақт баррасӣ ва тасдиқ кардани созишномаву протоколҳои сармоягузорӣ диққати махсус зоҳир намоянд.

Вакилони арҷманд!

Самти дигари фаъолияти мо – вакилони мардумӣ дар ҷодаи намояндагӣ ин вохурӣ бо интихобкунандагон ва расидагӣ ба мушкилоти онҳо мебошад.

Дар ин давра 2 маротиба вакилони Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагон дар ҳавзаҳои интихоботӣ вохӯриву мулоқотҳои судманд барпо намуданд, ки ҳадаф аз он шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Президенти кишвар, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ, инчунин баррасӣ ва бартараф намудани мушкилоти ҷойдоштаи сокинони мамлакат буд.

Аз натиҷаи сафарҳои анҷомдодашуда чун анъана бо назардошти дархосту пешниҳоди масъулон ва сокинони кишвар номгӯи чорабиниҳои ҳалталаб таҳия гардида, барои андешидани тадбирҳо тавассути Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ ирсол карда шуд.

Ба андешаи ман, чунин таҷриба чандон самарабахш набуда, баррасии муроҷиати интихобкунандагон тартиби корбарии навро тақозо менамояд.

Масалан: вакил ба шаҳр ё ноҳия бо мақсади мулоқот ва дар ин замина даст доштан дар ҳалли мушкилоти интихобкунандагони худ сафари корӣ анҷом медиҳад. Сокинони ҳавзаи интихоботӣ бошанд, бо як умед дар чорабинии вохӯрии вакилон ширкат меварзанд ва ҷиҳати ҳалли мушкилоти худ масъалагузорӣ менамоянд. Вале баррасии масъалаҳои манзурнамудаи интихобкунандагон бо як пешниҳод ба вазорату идораҳо маҳдуд гардида, ҳалли аксарияти масъалаҳо бенатиҷа анҷом меёбанд. Албатта, чунин ҳолатҳо ба шаъну шарафи вакилӣ ва коста гардидани эътимоди интихобкунандагон ба вакилон бетаъсир буда наметавонад.

Аз лиҳоз, мо – вакилонро зарур аст, ки масъалаҳои характери иҷтимоӣ ва оммавидоштаи аз ҷониби интихобкунандагон манзуршударо дар маркази диққати худ қарор дода, то ёфтани ҳалли ниҳоӣ бо мақомоти дахлдор корбарӣ намоем.

Танҳо бо ин роҳ мо метавонем обрую эътиборамонро ҳамчун вакил ва боварию эътимоди халқро ба худ баланд бардорем.

 Ҳозирини муҳтарам!

Яке аз самтҳои дигари фаъолияти мо – вакилон, ки бо таъсири паёмадҳои нохуши бемории сироятии КОВИД-19 маҳдуд гардид, ин ҳамкориҳои байнипарламентиву байналмилалӣ ба шумор меравад.

Гарчанде дар ин давра анҷом додани сафарҳои хориҷӣ маҳдуд гардида бошанд ҳам, мулоқоту гуфтушунидҳо тариқи реҷаи фосилавӣ ба роҳ монда шуданд, ки ин усул албатта, ба пешрафти кор то андозае мусоидат намуд.

Аз ҷумла, тариқи реҷаи фосилавӣ мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагон бо Раиси Парлумони Малайзия барпо гардид, ки ба рушди муносибатҳои дуҷониба мусоидат кард.

Инчунин Раиси Маҷлиси намояндагон тариқи маҷозӣ дар кори ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ҷаласаи сарони Парламентҳо таҳти шиори “Нақши Парламентҳо дар таҳкими сулҳ ва эътимоди байналмилалӣ” иштирок ва суханронӣ намуд, ки ба таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба мусоидат намуд.

Ҳамзамон, дар давраи ҳисоботӣ як қатор мулоқоту музокироти Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи ҳузурӣ, яъне расмӣ барпо гардиданд.

Аз ҷумла, дар ҳошияи сафарҳои расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғани Аҳмадзай ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Тоқаев Касым-Жомарт Кемелевич ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Роҳбарияти Олии ҳарду кишвари ба мо дӯсту бародар вохӯрии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар ин зимн муносибатҳои дуҷониба, тавсеаи ҳамкориҳои минтақавӣ ва таъмину таҳкими амнияту субот дар минтақа мавриди баррасиву таваҷҷуҳ қарор дода шудаанд. 

Инчунин гурӯҳи кории Ҷумҳурии Исломии Афғонистон таҳти роҳбарии Раиси Шӯрои Олии Мусолиҳаи Миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдуллоҳ Абдуллоҳ, ҳайати Парлумонии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо роҳбарии Раиси Вулуси Ҷиргаи Шӯрои Миллии ин кишвар Мир Раҳмон Раҳмонӣ ва ҳайати Парлумонии Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти роҳбарии муовини якуми Раиси Палатаи қонунгузории Олии ин кишвар Акмал Саидов ба ҳузур пазируфта шуд.

Ҳамзамон, ба хотири густариш ва таҳкими робитаҳои байналмилалӣ мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазирони корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия, Ҷумҳурии Ҳиндустон, Ҷумҳурии Исломии Покистон ва бо Ҳамоҳангсози доимии Созмони Миллали Мутаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барпо гардид, ки натиҷаҳояшон умедбахшанд. 

Зимнан, як қатор намояндагони давлатҳо, аз ҷумла Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Украина, давлати Фаластин, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷумҳурии Хорватия, Ҷумҳурии Фаронса ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба ҳузур пазируфта шуда, масъалаи ҳамкориҳои дуҷониба мавриди назар ва табодули афкор қарор дода шуданд.

Дар маҷмӯъ беш аз 21 маротиба қабули расмии Раиси Маҷлиси намояндагон бо ҳайатҳои байналмилалӣ барпо гардида, 5 маротиба мулоқотҳо тариқи реҷаи фосилавӣ танзим карда шудааст.

Ҳамзамон, тариқи реҷаи фосилавӣ беш аз 42 маротиба ҳайати вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ бо парламентҳои кишварҳои хориҷӣ ва дар доираи Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ мулоқотҳо барпо намуданд, ки барои таҳким ва тақвияти ҳамкориҳои мутақобилан судманди дуҷониба заминаҳои мусоидро фароҳам оварданд.

Алакай дар давоми моҳи май-июни соли 2021 як қатор ҷаласаҳои байналмилалӣ бо иштироки ҳайати Парлумонии кишварҳо баргузор гардиданд, ки дар кори онҳо ҳайати вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд.   

Аз ҷумла, дар шаҳри Исломободи Ҷумҳурии Исломии Покистон 2-юмин Конференсияи генералии Ассамблеяи Парламентии Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ баргузор гардид, ки дар кори он ҳайати Парлумонии мо бо роҳбарии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзида, мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаррифӣ ва ҳимоя намуд.

Дар ҳошияи сафари мазкур Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Ариф Алвӣ ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Хон бо раисони Парламентҳои кишварҳои аъзои  Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ, аз ҷумла бо раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯриҳо анҷом дода, зимни он тақвияти ҳамкориҳои иқтисодии кишварҳои узв ва масъалаи вазъи имрӯзаи амнияти минтақа ва дигар масъалаҳои мубрам баррасӣ гардиданд.

Ҳамзамон, вохӯрии Раиси Маҷлиси намояндагон бо Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Ҷумҳурии Туркия Мустафо Шентоп барпо гардид, ки масъалаҳо вобаста тақвияти ҳамкориҳои байнипарламентӣ ва мунтазам барпо намудани ҳамоишҳои доираҳои соҳибкорию тиҷоратӣ ва ташкили намоишгоҳи молу маҳсулоте, ки барои рушди иқтисодиёти ҳарду ҷониб аҳамияти муҳим доранд, мавриди муҳокима қарор дода шуданд.

Ҳамин тавр, мулоқоту музокиротҳо дар ҳошияи сафар бо кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Иқтимсодӣ бисёр судманд ва манфиатбор анҷом ёфтанд.

Инчунин дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи Байнипарлумонӣ оид ба сиёсати аграрӣ, захираҳои табиӣ ва экологӣ ва дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия ҷаласаи сайёри ҳамоҳангсозии раисони кумитаҳои дифоъ ва амнияти парлумонҳои кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ баргузор гардид, ки ҳайатҳои Парлумони касбии мамлакат дар кори онҳо иштирок ва суханронӣ намуданд.

Вакилони арҷманд!

Тавре ҳамаи шумо медонед, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таҳким ва самарабахш анҷом додани муносибатҳои байнипарламентӣ бо беш аз 75 кишварҳои дунё гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ таъсис додааст, ки дар доираи он то ба имрӯз 52 маротиба тариқи реҷаи фосилавӣ гуфтушунид ва нишастҳои машваратӣ барпо гардидаанд.

Яке аз ҳадафҳои асоси ин гурӯҳҳо мубодилаи таҷрибаи қонунгузорӣ ба шумор меравад. Яъне мо бояд тавассути ин гурӯҳҳо таҷрибаи қонунгузории давлатҳои мутараққиро омӯхта, таҷрибаи андӯхтаамонро дар фаъолияти қонунэҷодкунии худ самаранок истифода намоем.  Мутаасифона, чунин таҷриба дар фаъолияти гурӯҳҳои дӯстии мо кам ба назар мерасад. Баръакс, аз ҷониби гурӯҳҳои дӯстии парламентҳои дигар давлатҳо бо ҷониби мо хоҳиши мулоқоту музокироти бештар изҳор мегардад.

Дар ин раванд роҳбарони гурӯҳҳои дӯстиро зарур аст, ки фаъолиятро дар ин самт ҷоннок намуда, ҷиҳати омӯзиш ва азхудкунии таҷрибаи қонунгузориву қонунэҷодкунии давлатҳои пешрафта чораҳои иловагӣ андешанд. Ҳамзамон, бо ин васила дар татбиқи сиёсати «дарҳои кушода»-и Ҳукумати мамлакат саҳми арзандаи хешро гузоранд.

Бояд иброз намуд, ки шаҳри Душанбе ба маркази баррасии масъалаҳои глобалӣ ва минтақавӣ табдил ёфтааст.

Соли ҷорӣ дар пойтахти кишвар як қатор чорабиниҳои муҳимми байналмилалӣ, аз ҷумла ҷаласаи сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай ва Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, ки раёсати онро Ҷумҳурии Тоҷикистон бар уҳда дорад, барпо мегарданд.

Баргузории чорабиниҳои мазкур ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рабти бевосита дорад ва ҷиҳати пайгирию дар сатҳи муносиб таҷлил намудани он мусоидати роҳбарият ва кумитаву комиссияҳои Маҷлиси намояндагон зарур аст.

Тавре огоҳӣ доред, дар доираи ҷаласаи сайёри Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Шоҳмурод Рустам раиси ҳамоҳангсозии раисони кумитаҳои дифоъ ва амнияти парлумонҳои кишварҳои узви Созмон таъин гардид, ки ин албатта, масъулияти дучандро тақозо менамояд.

Муносибати дигаре, ки моро бо кишварҳои аъзои Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мепайвандад, ин иштироки намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мушоҳидаҳои рафти тайёрӣ ва баргузории маъракаҳои сиёсии раъйпурсӣ ба шумор меравад.

Гарчанде дар ин давра имконияти сафарҳо маҳдуд буданд, мо тавонистем, ки намояндаи худро дар мушоҳидаи рафти баргузории раъйпурсии ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Арманистон ва Қирғизистон оид ба интихоботи ҳайати парлумонӣ таъмин намоем.

Минбаъд низ муносибатҳои байнипарламентиву байналмилалии вакилони арҷманди мо бо тамоми кишварҳои дунё тақвият ёфта, дар сатҳи сифатан нав роҳанадозӣ хоҳанд гардид. 

   Вакилони муҳтарам,

   ҳозирини гиромӣ!

Тавре дар боло ишора намудем, яке аз чорабиниҳои муҳимми сиёсие, ки ҳамасола тибқи муқаррароти моддаи 55-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад, ин Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Ҳамаи шумо медонед, ки Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузор  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 26 январи соли 2021 ироа гардид.

Бояд иброз намоям, ки Паёми имсола аз лиҳози муҳтавою серпаҳноии худ аз паёмҳои қаблӣ ба куллӣ фарқ дошт ва ҳоло мехоҳам якчанд нуктаҳои муҳими  онро манзури шумо гардонам.

Пешвои муаззами миллат дар Паёми имсолаи хеш ба фаъолияти вакилони мардумӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, таъкид намуданд, ки «Фаъолияти вакилони халқ  набояд бо қабули қонуну қарорҳо маҳдуд гардад, балки дар ҳамкорӣ бо мақомоти татбиқкунандаи қонунҳо ҷиҳати ба талаботи рӯз мутобиқ намудани онҳо саҳм гузоранд ва бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ лоиҳаи қонунҳои ба талаботи рушду пешрафти ҷомеа мувофиқро омода карда, иҷрои онҳоро пайваста таҳлил намоянд».

Дар ин росто ишора ба фаъолияти вакилони Маҷлиси намояндагон дар самти ташкил ва гузаронидани муҳокимаҳои парламентӣ ба шумор меравад. Дар давраи ҳисоботӣ ҳамагӣ 3 маротиба муҳокимаҳои парламентӣ баргузор карда шудааст, ки ин албатта кам мебошад.

Зеро баргузор намудани муҳокимаҳои парламентӣ яке аз василаҳое мебошад, ки вакилони Маҷлиси намояндагон метавонанд тавассути таҳлили барномаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба пешрафти иқтисодиёти кишвар саҳми босазо гузоранд ва дар ин замина ҷараёни татбиқи қонунҳои соҳавиро таҳлилу баррасӣ намоянд.

Вакилони арҷманд баҳри амалигардонии вазифаҳои Паёми Пешвои миллат нақша – чорабиниҳо дар шакли умумӣ таҳия ва бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагон тасдиқ карда шуд, ки он мавриди амал қарор дорад. Инчунин бо мақсади шарҳ додани нуктаҳои асосии Паём аз ҷониби вакилон дар ҳавзаҳои интихоботӣ бо масъулону интихобкунандагон вохӯриву мулоқотҳо барпо карда шуданд.

Дар иртибот ба он боварие, ки Пешвои муаззами миллат нисбат ба мақоми олии қонунгузор изҳор намуданд, чораҳои то ба имрӯз андешидашударо нокифоя мешуморам. Бисёр мехостам ва умедвор ҳастам, ки вакилони гиромӣ тадбирҳоро дар ин самт дучанд ва дар сатҳи нав роҳандозӣ менамоянд ва дар ҳадафу амалҳои созандаи мардуми шарифи кишвар шарику саҳмгузор ва натиҷаҳои фаъолияти вакилиро аз Паём то Паём бамаротиб баланд мебардоранд.

Нуктаи дигаре, ки Пешвои муаззами миллат ҳангоми ироаи Паёми хеш бо нигаронӣ иброз намуданд, ин муборизаи беамон алайҳи тероризму экстремизм мебошад.

Воқеан ҳам амалҳои даҳшатноки террористӣ, ки солҳои охир дар гӯшаҳои гуногуни олам содир гардида, боиси марги ҳазорон одамони бегуноҳ шуда истодаанд, возеҳ нишон медиҳанд, ки терроризм имрӯзҳо ба таҳдиди воқеиву ҷиддӣ ба амнияту суботи ҷаҳон ва пешрафти инсоният табдил ёфтааст.

Тавре мебинед, созмонҳои террористӣ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ ва бо роҳи тафсири ғаразноки сарчашмаҳои динӣ дар мафкураи ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳ ғояҳои тундгароиро ҷой карда, онҳоро ба қатлу куштор, халалдор намудани амният ва суботу оромӣ дар мамлакатҳои гуногун ташвиқ менамоянд.

Аз ҷумла, ҳастанд нотавонбинон ва душманони миллати тоҷик, ки имрӯзҳо даст ба дасиса ва иғво зада, бо макру ҳиллаи зиёд зери ҳимояи хоҷагони хориҷӣ ҳар рӯз ниқоби худро иваз мекунанд ва баҳри расидан ба ҳадафҳои нопоки худ тавассути шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ мардумро ба гумроҳӣ даъват менамоянд ва ҳар гуна суханони беасосу бардурӯғро барои иғвоандозӣ паҳн менамоянд.

Бо назардошти равандҳои муосири сайёра вазъият ҳушдор медиҳад, ки мо ҳаргиз зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва барои  ҳимояи амният, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, волоияти қонун ва оромиву осудагии кишвари маҳбубамон ҳамеша кӯшиш намоем.

Албатта, мо – вакилон дар ин раванд даҳчанд кӯшиш ба харҷ хоҳем дод, ки тавассути такмил ва қабули қонунҳо муқовиматро бар зидди терроризму экстремизм пурзӯр намуда, дар ин замина барои ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва якпорчагии марзу буми кишвар содиқонаю беғаразона саҳмгузор бошем.

Соли сипаригашта вобаста ба талаботи замон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм» дар таҳрири нав қабул карда шуд, ки тибқи он бори аввал мафҳуми ҳуқуқвайронкунии маъмурии хусусияти экстремистидошта муқаррар карда шуд.

Дар ин замина, ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи нав илова гардид, ки дар асоси он барои ба таври оммавӣ ё бо истифодаи воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои алоқаи барқӣ, аз ҷумла интернет анҷом додани ҳаргуна ҳаракатҳо, бахусус  барангехтани кинаю адоват ё низоми иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ ё динӣ, паст задани шаъну эътибори нажодӣ, миллӣ, динӣ ё маҳал, инчунин тарғиби махсусият ва бартарии шаҳрвандон аз нигоҳи муносибати онҳо ба дин, забон, мансубият ба нажод, миллат ё маҳал равона шудаанд, андешидани чораҳои маъмурӣ муқаррар карда шудааст.

Вазифаи дигаре, ки тибқи Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидааст, ин мутасаддӣ намудани вакилон ба муассисаҳои давлатии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ мебошад.

Тавре ҳамаи шумо дар ҷараён ҳастед, дар ин хусус Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2021 ба тасвиб расида, дар қатори роҳбарони дигар сохторҳо, вакилони Маҷлиси намояндагон низ ба рушди фаъолият ва касбомӯзии ҷавонону донишандузон дар муассисаҳои давлатии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ муваззаф мебошанд.

Дар ин самт низ бовариву эътиқоди Сарвари давлат аз мо – вакилон масъулияти баландро талаб менамояд.

Вакилони арҷманд!

Ҳамаи шумоён шурӯъ аз 1-уми июл ба таътил меравед ва то оғози иҷлосияи навбатӣ имкони зиёд аст, ки ҷиҳати таъмини иҷрои Амри мазкури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо мутасаддиёни муайяншуда ба рафти корҳо дар муассисаҳои давлатии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ саҳми худро гузорем.

Ҷабҳаи дигарро Пешвои муаззами миллат ҳангоми ироаи Паёми хеш ба фаъолияти вакилони Маҷлиси намояндагон рабт дода, таъкид намуданд, ки : «Вакилони ҳама сатҳҳо – аз аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон сар карда, вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ ва ҷамоатҳо бояд фаъол ва ташаббускору ташкилотчӣ бошанд, дар вусъат додани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ободониву созандагӣ дар ҳавзаҳои интихоботии худ ва амалӣ намудани сиёсати давлат дар маҳалҳо саҳми ватандӯстонаи худро гузоранд».

Ниҳоят, то таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азизамон ҳамагӣ 70 рӯз боқӣ мондааст. 

Умедворам, вакилони муҳтарам дар давоми таътилашон ба рафти корҳои ободониву созандагӣ ва сари вақт анҷом додани корҳо дар иншоотҳои ҷашнӣ саҳми арзанда гузошта, ба тозаву озода намудани кӯчаву хиёбонҳо ва ба тарзи идона табдил додани симои маҳалҳои зисти худ талош варзида, корҳои тарғиботиро дар ин самт пурзӯр менамоянд.

 Ҳозирини гиромӣ!

Яқинем, ки кулли мардуми шарифи Тоҷикистон ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол мегиранд.

Дар ин раванд, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба хотири сазовор ҷашн гирифтани ин рӯзи таърихиву барои ҳар яки мо муқаддас як қатор корҳоро ба сомон расонидааст.

Аз ҷумла, бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатиамон аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагон китоб таҳти унвони «ПАРЛАМЕНТ ВА ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ» таҳия гардидааст, ки давраҳои зина ба зина ташаккулёбӣ ва мустаҳкамшавии мавқеву мароми фаъолияти мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузории кишвар, раванди таҳия ва татбиқи қонунҳои миллӣ ва стратегияҳо, ҳамчунин ҳамоҳанг сохтану омезиш додани онҳоро бо ниёзҳо ва манфиатҳои глобалӣ, ки омили ба узви мустақил, фаъол, ташаббускор ва соҳибэҳтироми ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтани Тоҷикистони соҳибистиқлоламон гардидааст, дарбар мегирад.

Инчунин дар ин давра озмуни ҷумҳуриявии “АСАРИ БЕҲТАРИН ДАР МАВЗӮИ ЭКОЛОГИЯ” ташкил карда шуд, ки барои тарғиби сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва инъикоси воқеъбинонаи масоили экологӣ мусоидат намуд.

Дар озмуни мазкур беш аз 84 гурӯҳҳои эҷодӣ, олимону рӯзноманигорон, коршиносону мутахассисони соҳаи ҳифзи муҳити зист ширкат варзида, мақолаву гузоришҳои интишоркардаашонро манзур намуданд.

Ҳамзамон, бо ибтикори Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар якҷоягӣ бо Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даҳаи сеюми моҳи августи соли равон баргузор намудани Конфренсияи ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “НАҚШИ ПАРЛАМЕНТ ДАР ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН” пешбинӣ гардидааст, ки ҳоло корҳо дар ин самт идома доранд.

Фикр мекунам амалӣ гардидани чорабиниҳои мазкур дар шумули дастовардҳои назарраси вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни мубораки 30-солагии Истиқлолияти давлатиамон дастовези сазовор хоҳанд гашт. 

Вакилони гиромиқадр,

ҳозирини арҷманд!

Ин буд гузориши мухтасар оид ба фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи иҷлосияи дуюми даъвати шашум, ки ба самъи шумоён расонидам. Албатта, ҳамаи корҳои иҷрошуда ва дастоварду муваффақиятҳоро нисбатан кӯтоҳ муаррифӣ намудан имконнопазир аст.

Вале ба ҳар ҳол ман кушидам андешаҳои худро доир ба тақвият бахшидани фаъолият ва бартараф намудани камбудиву норасоиҳо то ҷое баён намоям.

Тавре шумо –вакилони арҷманд медонед тибқи муқаррароти Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” Раиси Маҷлиси намояндагон дар баробари пешниҳоди ҳисобот, вобаста ба лоиҳаи барномаи кори қонунгузории Маҷлиси намояндагон барои иҷлосияи навбатӣ гузориш медиҳад.

Дар ин росто лоиҳаи барномаи кори қонунгузорӣ барои иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум таҳия гардида, нусхаи он манзури шумо гардонида шудааст.

Тибқи барномаи таҳрезишуда дар иҷлосияи навбатӣ таҳия ва қабули беш аз 38 қонунҳои гуногунсамт ба нақша гирифта шудааст, ки албатта теъдоди мазкур ниҳоӣ намебошад ва фаъолияти қонунэҷодкунии вакилонро маҳдуд намекунад.

Вобаста ба амалӣ гардонидани барномаи мазкур қарори дахлдор қабул карда шуда, татбиқи он аз ҳар яки шумоён – ҳамкасбони азиз масъулияти баланд ва фаъолияти пурсамарро тақозо менамояд.

Мутмаинам, ки қабули қонунҳои банақшагирифташуда ҷиҳати таҳкими заминаи ҳуқуқии кишвар, ҳалли масъалаҳои аввалиндараҷаи ҳаёти мамлакат, пеш аз ҳама, ноил шудан ба ҳадафҳои стратегӣ ва татбиқи афзалиятҳои миллӣ дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ мусоидат менамояд.   

Бо истифода аз фурсати муносиб ҳамаи шумо – вакилони арҷмандро бори дигар даъват менамоям, ки дар роҳи пешрафти Ватани азизамон боз ҳам сарҷамъу муттаҳид бошем, то ин ки ҳама якҷо кишвари азизу муқаддасамонро боз ҳам ободтару зеботар ва пешрафта гардонида, ба кишвари ҳамнабзу ҳамқадами ҷаҳони муосир табдил диҳем.

Итминони комил дорам, ки минбаъд низ мо – вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки масъулияти баланд дар назди ояндаи давлату миллат тамоми донишу таҷрибаи хешро баҳри  омода ва қабул намудани қонунҳои танзимкунандаи муносибати тамоми соҳаҳо дар самти рушд равона месозем.                   

Дар фарҷом ба ҳамаи шумо – вакилони мардумӣ саломатӣ, умри дароз ва истироҳати  хуб орзу дорам ва умедвор ҳастам, ки аз таътил бо сиҳатии комил, рӯҳияи болида ва неруи дучанд бармегардед.

 

Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам!

 

Илова кунед