Ҳайати парлумонии Тоҷикистон аз мавзеҳои таърихии Эрон дидан намуд

06 Август 2021, Ҷумъа

Тавре қаблан иттилоъ дода будем ҳайати парлумонии Маҷлиси намояндагон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Исломии Эрон қарор дорад.
Имрӯз ҳайати парлумонии Маҷлиси намояндагон бо хоҳиши ҷониби Эронӣ аз мавзеҳои таърихии Маҷмааи гардишгарии «Пули табиат», Маҷмааи гардишгарии «Аббособод», Маҷмааи таърихию-фарҳангӣ ва мухобиротии «Бурҷи милод» ва аз майдони «Бурҷи Озоди»- и Ҷумҳурии Исломии Эрон дидан намуданд.      

Илова кунед