Баромади раиси Комиссияи экологии Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вохӯрии намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва парлумонҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба масоили тағирёбии иқлим

06 Август 2021, Ҷумъа

Баромади раиси Комиссияи экологии Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Кумита оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ  ва иттилоот Юсуфӣ Муҳаммадраҳим дар вохӯрии намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва парлумонҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба масоили тағйирёбии иқлим (27 июли соли 2021, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Иҷозат фармоед, аз номи Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон Шумо, иштирокчиёни конфронси Осиёи Марказӣ оид ба масъалаҳои тағйирёбии иқлимро шодбош гуфта,  ба  ташкилкунандагони вохӯрии имрӯза миннатдории худро баён намоям.
Шоёни таҳсин аст, ки вохӯрии имрӯза  пас аз вохӯрии сатҳи баланд  оид ба масоили об ва иқлим баргузор мешавад.
Тавре маълум аст, Ташкилоти умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ ва Механизми «СММ-ОБ»  ташаббуси наверо оғоз намуданд, ки  таваҷҷуҳро ба ин ду масъалаи  доғи рӯз  равона месозад.
Аз ин лиҳоз, аз таҷриба чунин бармеояд, ки кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ тамоми маҷмӯи масъалаҳои рушди иҷтимоию иқтисодиро дар қаринаи ин ду таркиб- об ва иқлим баррасӣ мекунанд. Раванди шаҳришавӣ (урбанизатсия) ва саноатонӣ, афзоиши ҳаҷми истеҳсолоти саноатӣ ва кишоварзӣ, рушди нақлиёти автомобилӣ ва хоҷагии роҳ ғайр аз  фоидаи иҷтимоию иқтисодӣ ба зиёдшавии таъсири антропогенӣ ба муҳити зист, аз ҷумла ба тағйироти бебозгашти иқлим боис мегардад.
Тавре қайд шуд, об  асоси рушди иҷтимоию иқтисодии кишварҳои минтақа буда, захираҳои обӣ дар радифи таъсири иқлим ниҳоят осебпазир мебошанд. Агар онро ба инобат гирем, ки  беш аз 90 фоизи захираҳои оби  минтақа барои киштукор  истифода мешавад ва он дар навбати худ қариб 30 фоизи ММД-и минтақа  ва 60 фоизи шуғли аҳолиро таъмин мекунад, он гоҳ ин захираи табиӣ банди асосии амнияти миллӣ ва минтақавиро ташкил медиҳад. Гидроэнергетика дар ин радиф мақоми махсусро касб мекунад, зеро  он зиёда аз 90 фоизи неруи барқи истифодашавандаро   дар ҷумҳурӣ  хосил мекунад.
Он вобастагии возеҳи иқтисодиёти кишварҳоро ба мавҷудияти захираҳои об қайду шарт мекунад.
 Таъсири афзояндаи оқибатҳои тағйирёбии иқлим ба вазъи идораи устувори захираҳои  об ва замин, гуногунии биологӣ, саломатии аҳолӣ, кам шудани хатар аз офатҳои табиии вобаста ба об дар навбати аввал ҳангоми ворид намудани тағйиру иловаҳо  ба санадҳои қонунгузорӣ чиҳати  мукаммалгардонии онҳо ба инобат гирифта мешавад.
Тағйирёбии иқлим  ба захираҳои оби минтақа таъсири калон мерасонад. Нишондиҳандаи асосии  ин ҷараён обшавии бошиддати пиряхҳо бо сабаби   гармшавии умумӣ ба ҳисоб меравад.
Мехостам бори дигар диққати Шуморо  ба пиряхҳои Помир ҷалб намоям. Пиряхҳои Тоҷикистон на фақат сарчашмаи асосии ташаккулёбии захираҳои оби дарёҳои Осиёи Марказӣ   мебошанд. Ин  иншооти нодири табиӣ аҳамияти муҳимми иқлимофарӣ ва илмии хусусияти минтақавӣ ва  глобалиро доро мебошад.
Пиряхҳои Помир дар баробари  зиёдшавии истеъмоли об, ки бо рушди демографӣ ва иқтисодӣ алоқаманд аст, босуръат об шуда истодаанд, ки ин метавонад ба оқибатҳои бағоят манфӣ оварда расонад.
Дар вохӯрии сатҳи боло оид ба масъалаҳои  об ва иқлим бо назардошти муҳиммияти масъала Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон бо ташаббуси эълон кардани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии пиряхҳо ва муайян сохтани санаи Рузи байналмилалии пиряхҳо баромад карданд.
Пешниҳод шуд, ки Фонди махсуси байналмилалӣ  оид ба ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шавад, ки он метавонад захираҳои молиявии кишварҳои донор, шарикони рушд ва сарчашмаҳои дигарро барои мониторинги якҷоя ва қабули чораҳои зарурӣ барои нигоҳдорӣ ва ҳифзи пиряхҳо ҷалб созад.
 Мо муътақидем, ки ин ва ташаббусҳои дигар иштироки бештарро дар  ин фаъолият, аз ҷумла ҳамкории минтақавӣ, таъмин намуда, барои ҷалби ҳайатҳои миллӣ ба гуфтушунидҳои иқлимии СММ замина фароҳам меоранд.
Ин ташаббус ба  раванди имрузҳо пешгирифтаи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар доираи Созишномаи Париж, чораҳо оид ба кам кардани партовҳои гази ангидриди карбон ба фазо ва роҳ надодан ба баландшавии ҳарорати глобалӣ зиёда аз 2 дараҷа Селсий рост меояд.
Дар парлумони ҷумҳурӣ масоили тағйирёбии иқлим, истифодаи оқилонаи табиат ва баҳодиҳии экологии  нақшаҳо ва барномаҳои стратегӣ аз рӯзҳои аввали истиқлолияти давлатӣ мувофиқ ба ташаккул ва  такмили қонунгузории миллии экологӣ  ба инобат гирифта щудаанд.
Созишномаи Парижро  Тоҷикистон соли 2017 ба тасвиб расонд  ва мувофиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба такмили қонунгузорӣ  ва амалисозии  он тадбирҳо меандешад.
Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди тасдиқи Созишномаи Париж оид ба иқлим «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2030»-ро қабул кард, ки дар он дар баробари вазифаҳои асосии дастрасӣ ба рушди устувор механизми стратегии баҳодиҳии экологӣ ҳангоми банақшагирӣ ва амалисозии лоиҳаҳо муайян шуда буд.
Доир ба такмили минбаъдаи заминаи ҳуқуқӣ бо назардошти масъалаҳои тағйирёбии иқлим  ва амалисозии Созишномаи Париж Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон дар назди вакилони даъвати шашуми Парлумони Тоҷикистон вазифаро оид ба такмили қонунгузории миллӣ  бо назардошти меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ барои дастрасӣ ба рушди устувор муайян намуд.
Дар хотима мехостам миннатдории хешро ба Маркази Минтақавии Экологии Осиёи Миёна,
инчунин ба ташкилотҳои байналмилалӣ-шарикони рушд барои ташкили чунин вохӯрӣ баён созам.
Умедворам натиҷаҳои ин вохӯрӣ, мубодилаи афкор, аз ҷумла дар бахши қонунгузорӣ ва таҷрибаҳои беҳтарин баҳри пешравии нақшаву маромҳои мо оид ба кам кардани оқибатҳои тағйирёбии иқлим муфиду судманд хоҳанд буд

Илова кунед