Миллати тоҷик ба шарофати истиқлолият соҳиби давлат ва аркони давлатдорӣ гардид.

12 Август 2021, Панҷшанбе

Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди пош хурдани давлати абарқудрати Шуравӣ бунёд шуд ва ҳамчун давлати соҳибистиқлол соли 1992 узви Созмони Милали Муттаҳид гашта, бо ҳамин ба ҷомеаи мутамаддини ҷаҳонӣ ба сифати субъекти мустақили ҳуқуқи байналхалқӣ пайваст гардид.
Аммо фаромуш набояд кард, ки ин давлати тозабунёд дар ҷои холӣ ба вуҷуд наомада, балки таърихи беш аз дуюнимҳазорсола дорад. Ҳануз дар замони салтанати Ҳахоманишиҳо нахустин Эъломияи ҳуқуқи инсон аз ҷониби Куруши Кабир қабул шуда буд, ки муҳимтарин масъалаҳои вобаста ба муносибатҳои ҳуқуқӣ ва арзишҳои инсониро дар бар мегирифт. Моли касеро зуран нагирифтан, касеро ғулом накардан, мувофиқи кор музд гирифтан ва монанди инҳо нишонаҳои аввалини ҳуқуқи инсон ё худ меъёрҳои ҳуқуқие буданд, ки ҷомеа тавассути онҳо идора мешуд. Охирин давлати мутамаркази тоҷикон Сомониён сохти давлатдории барои ҳамон замона хеле пешрафта дошт. Лекин дар натиҷаи мухолифатҳои дохилӣ ва таҳти таъсири як қатор омилҳои дигар шикаст хурд.
Миллати тоҷик баъди ҳазор соли бедавлатӣ ба шарофати истиқлолият дубора соҳиби давлат ва аркони давлатдорӣ гардид. Ҳоло Тоҷикистон дар шароити тамоман нави таърихӣ ва сиёсиву иҷтимоӣ қарор дорад. Давлати мо тавонист, ки дар як муддати кутоҳ ба сарварии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон аз буҳрони ниҳоят шадиди сиёсӣ, зиддияту низои дохилӣ ва мушкилоти вазнини иқтисодӣ барояд ва имрӯз ба як давлате табдил ёфтаст, ки дар он низоми ҳуқуқии хеле мутараққӣ ва муосир амал мекунад.
Воқеан, дар ташаккули давлатдории навини мо омили ҳуқуқ нақши ҳалкунанда бозид. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд. Бо ҳамин таҳкурсии ҳуқуқии давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи иҷтимоӣ гузошта шуд. Бо дарназардошти талаботи рузафзуни хаёт ва бо мақсади тезонидани чараёни демократикунонии ҷомеа, инчунин ба тақозои меъёрҳои ҳуқуқи пешрафтаи чаҳон ба Конститутсия се маротиба  тагйиру иловаҳо ворид карда шуданд, 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба он тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд. Ва ҳоло Конститутсияи Тоҷикистон яке аз сарқонунҳои демократитарини ҷомеаи ҷаҳони ба шумор меравад.
Баъди таъсис ёфтани парламенти дупалатагӣ - Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон - қонунҳои зиёде қабул шудаанд, ки онҳо амалан ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеаи моро танзим мекунанд. Зиёда аз ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конститутсияи худ уҳдадор шудааст, ки меъёрҳои аз ҷониби умум пазируфташудаи ҳуқуқи байналмилалиро эътироф ва эҳтиром менамояд, яъне санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ акнун қисми таркибии низоми қонунгузории кишвари моро ташкил медиҳанд.
Мулоҳизаҳои болоӣ моро ба як хулоса меоранд, ки он хеле муҳим аст: омили асосии пешрафти нафақат давлати мо, балки тамоми кишварҳои чаҳон ташаккули низоми пешрафтаи ҳуқуқӣ ва устувории қонуният дар ҷомеа мебошад. Ҳама гуна муносибатҳо бояд дар асоси ҳуқуқ танзим карда шаванд, ҷамаи одамон тобеи ҳуқуқ бошанд, қонун муқаддас дониста шавад ва бечунучаро риоя гардад. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20-уми апрели соли 2006 ин нуқтаро хеле хуб баён кардаанд: «Дар ҷомеаи мутамаддини муосир қонун ҳамчун воситаи танзимкунандаи ҳамаи паҳлуҳои ҳаёти ҷомеа нақш ва мавқеи бебаҳс дорад, зеро пешрафти ҷомеа фақат бо роҳи танзими қонунӣ ва одилонаи муносибатҳои ҷамъияти имконпазир аст».
Тоҷикистон ташкили давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандиро мақсади ояндаи инкишофи худ қарор додааст, ки дар раванди ташаккули чунин давлат ва ҷомеа ҳуқуқ нақши бузург дорад. Маҳз аз ин ру, аз худ кардани асосҳои ҳуқуқ вазифаи ҳар як шаҳрванд аст. Баъзеҳо чунин ақида доранд, ки дониши ҳуқуқӣ танҳо ба онҳое зарур аст, ки аз руи касб фаъолият мекунанд, яъне ҳуқуқшиносанд. Ин андеша комилан ғалат аст. Донистани ҳуқуқ қарзи шаҳрвандии ҳар як шахс, нишонаи маданият ва неруи аулонии ҳар як шаҳрванд мебошад. Баръакс, надонистани ҳуқуқ аломати оҷизиву нотавонӣ, бефарқӣ нисбат ба тақдири давлату ҷомеа ва сарнавишти худи одам ба ҳисоб меравад.
Дар қисми 2 моддаи 42-юми Конститутсия беҳуда сабт нашудааст, ки «надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад». Ин меъёри конститутсионӣ моро уҳдадор месозад, ки қонунро донем ва онро риоя намоем.
Итминони комил дорам, ки ҳар яки мову Шумо оид ба давлат ва ҳуқуқи кишвари худ эҳтиром зоҳир намуда, баҳри мустаҳкам намудани давлати соҳибистиқлоли тоҷикон саҳми худро мегузорем.
 
 
Салимов Шарифбек
Сардори раёсати технологияҳои
иттилоотӣ, коммуникатсионӣ,
таҳрир ва нашри Дастгоҳи
Маҷлиси намонядагони
Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Илова кунед