Вазъият дар Афғонистон ва таъсири он ба Осиёи Марказӣ баррасӣ шуд

25 Август 2021, Чоршанбе

Имрӯз таҳти раёсати Президенти Ассамблеяи Парлумонии Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо, муовини роҳбари ҳайати Шветсия дар Ассамблеяи Парлумонии САҲА Маргарета Cедерфелт ҷаласаи васеи ин Созмони бонуфузи байналмилалӣ тариқи онлайн баргузор гардид.
Ҷониби Тоҷикистонро дар ин ҷаласаи бонуфузи байналмилалӣ раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода муаррифӣ намуд. Дар рӯзномаи ҷаласа «Вазъият дар Афғонистон ва таъсири он ба Осиёи Марказӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Зимни баромади худ Саидмурод Фаттоҳзода иброз намуд, ки «-Тоҷикистону Афғонистонро муштаракоти сершумори тамаддунӣ ва муносибатҳои наздики ҳамсоягӣ пайванд мекунанд. Мардуми шарифи ин кишвари бародар бо мо бо як забон ҳарф мезананд ва риштаҳои муштараки таърихии мо дар умқи ҳазорсолаҳо реша доранд. Аз ин рӯ, табиист, ки мо нисбат ба сарнавишти бародарони афғонамон бетараф нестем. Ҳар дард ва ҳар ранҷи мардуми афғон дар қалби мардуми тоҷик инъикос ёфтааст. Шахсан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама форумҳои байналмилалии марбут ба Афғонистон борҳо аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кардааст, ки дар ҳалли мушкилоти Афғонистон кумак кунанд, зеро бӯҳрони ин кишвар мушкилоти байналмилалӣ аст. Зиёда аз чиҳил сол аст, ки дар Афғонистон ҷанги шаҳрвандӣ ва низоъҳои мусаллаҳона идома дорад. Мардуми шарифи Афғонистон аз ҷанги таҳмилшуда, ки дар натиҷаи мудохилаи беруна ба умури дохилии онҳо оғоз шуда буд ва то имрӯз идома дорад, хеле азоб мекашанд. Мутаассифона, ҷараёни вайронкунии амният дар ин кишвар дар ин рӯзҳо ранги нав пайдо мекунад, ки ин на танҳо барои кишвари мо, балки барои тамоми минтақа хеле нигаронкунанда аст. Мо умедворем, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бо ташаббусҳо ва пешниҳодҳои нави худ механизми ҳамкорӣ бо Афғонистон ва расонидани кумакро боз ҳам такмил хоҳад дод.
Тоҷикистону Афғонистон ҳамеша ҳамсояи хуб буданд ва хоҳанд монд. Дар тӯли таърих мо шодию ғами худро шарик будем. То замоне, ки ин кишвар дар ҳолати душвор қарор дорад, Тоҷикистон дар канори он боқӣ мемонад. Мо ҳамеша дар ин кишвари дӯсту бародар, ки мардуми мо бо як забон ҳарф мезананд ва бо мо фарҳанги муштарак доранд, истиқрори сулҳи комил ва ваҳдати миллиро самимона дастгирӣ мекардем. Мо мутмаинем, ки таъмини амният ва субот дар Осиёи Марказӣ, пеш аз ҳама, ба истиқрори сулҳу субот дар Афғонистон, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди осоиштаи он вобаста аст. Ман фикр мекунам, ки ҳатто хурдтарин кумак ба ин мардуми пурсабр, қадами кӯчактарин дар роҳи беҳбуди вазъи ин кишвар, ба он мусоидат хоҳад кард, ки як қадами дигар дар пешрафти худ ва рафъи мушкилоти мавҷуда ба пеш гузошта шавад. Вазъияти душворе, ки солҳои охир дар Афғонистон ба вуҷуд омадааст, танҳо бо ин кишвар маҳдуд намешавад. Проблемаи Афғонистон, ки хусусияти минтақавӣ дорад, ҷомеаи ҷаҳонро низ нигарон мекунад. Мо, кишварҳои минтақа, набояд гузорем, ки мардуми дӯсту бародари Афғонистон бо мушкилоти ба дӯши онҳо гузошташуда танҳо бимонанд. Имрӯз мо шоҳиди фаъол шудани гурӯҳҳои мухталифи террористиву экстремистӣ ва ҷиноятҳои созмонёфтаи фаромиллӣ, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддир мебошем. Гурӯҳҳои террористӣ, экстремистӣ ва радикалӣ бо истифода аз вазъи мураккаби Афғонистон ҳадафҳои харобкоронаи худро амалӣ намуда, фаъолиятҳои харобкоронаи худро густариш медиҳанд. Таҷрибаи талхи ҷанги давомдор дар ин кишвар дар тӯли 40 соли охир собит мекунад, ки мушкилоти Афғонистон ҳалли низомӣ надорад. Мо ҳалли мушкилоти имрӯзаи Афғонистонро дар истифодаи васеи воситаҳои дипломатӣ ва сиёсӣ, дар андешидани чораҳои муассир оид ба таъмини рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар мебинем. Дар шароити мураккаби феълӣ ҷомеаи байналмилалӣ, пеш аз ҳама кишварҳои донор, бояд дастгирии худро ба мардуми пурсабрии Афғонистон идома диҳанд.
23 августи соли 2021 таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ дар шакли видеоконфронс баргузор гардид. Дар иҷлосия раҳбарони кишварҳои узви Созмони Паймони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) ширкат варзиданд, ки дар он онҳо дар бораи вазъи Афғонистон ва таъсири он ба амнияти кишварҳои узви СААД мубодилаи ҳамаҷонибаи афкор карданд. Онҳо аҳамияти эҳёи масъулияти қудрати давлатиро дар Афғонистон тавассути муколамаи фарогири осоишта бо дарназардошти манфиатҳои ҳамаи гурӯҳҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, қавмӣ ва мазҳабии ин кишвар таъкид карданд. Инчунин кайд карда шуд, ки режими сиёсии Афгонистон бояд ба ифодаи озодии иродаи тамоми халки афгон такья кунад. Баррасии қатъӣ, кафолат ва ҳифзи манфиатҳои иҷтимоию сиёсии тамоми бахшҳои ҷомеа барои устувории ҳар як ҳукумати Афғонистон аҳамияти ҳалкунанда дорад. Ҳама чизе, ки бояд дар айни замон ҷомеаи ҷаҳонро ба ташвиш орад, амнияти умумӣ, эътидол дар Афғонистон ва пешгирии низои нав, фалокати башардӯстона аст, ки аллакай дар пеши чашми мо зуҳур карда истодааст. Нерӯҳои хориҷӣ набояд ба ин раванд мудохила кунанд, зеро танҳо мардуми афғон ҳақ доранд, ки чӣ кор кунанд»- таъкид намуд Саидмурод Фаттоҳзода..
Дар кори ҷаласаи  онлайн — Пиа Каума, ноиби Президенти Ассамблеяи Парлумонии САҲА, намояндаи махсус оид ба Осиёи Марказӣ, узви ҳайати Финляндия дар АБ САҲА, Гулшат Мамедова, роҳбари Намояндагии Туркманистон дар АБ САҲА, Содик Сафоев, роҳбари Намояндагии Узбекистон дар АБ САҲА, муовини аввали Раиси Сенати Олий Маҷлиси Узбекистон,  Аскар Шакиров, ноиби президенти Ассамблеяи Парлумонии  САҲА, намояндаи махсус оид ба Ҳадафҳои Рушди Устувор, муовини Раиси Сенати Парлумони Ҷумҳурии Қазоқистон, Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе: Сафир Валерию Чивери, сардори идора хонум Чой Ҷалиашвили, муовини сардори идора хонум Нигина Абдуллоева, масъули муколамаи сиёсии миллӣ, Ҳамоҳангсози лоиҳаҳои САҲА дар Узбекистон ҷаноби Ханс-Уллрих, иҷрокунандаи ҳамоҳангсози лоиҳа, корманди калони лоиҳа, Маркази САҲА дар Ашқобод ҷаноби Уилям Лиф, иҷрокунандаи вазифаи сардори марказ, корманди сиёсӣ Маркази пешгирии низоъҳои САҲА хонум Тереза Абрахамсен, масъули дастгирии сиёсат ҷаноби Ҷалил Киекбоев, масъули дастгирии сиёсат Дафтари Дабири кулли САҲА ҷаноби Эмилиано Алесандри, корманди калони ҳамкории беруна ҷаноби Дэвид Буерстед, корманди иҷроия Котиботи ПА САҲА ҷаноби Роберто Монтелла, Дабири кулл ҷаноби Гидо Алмеригогна, мушовири иҷроия хонум Даря Боярская, мушовир хонум Фарима Дафтарӣ, масъули калони барнома хонум Фрейҷа Коси, ассистенти иҷроия хонум Стефани Колтчанов, корманди интихобот ҷаноби Нат Парри, сардори бахши алоқа ва матбуот ҷаноби Лоип Пулейн, мушовири президент  ҷаноби Манучеҳр Салоҳудинов ва ғайра иштирок карданд.
Дар ҷаласа  таҳаввулоти Афғонистон, ки он бо суръати ғайричашмдошт пеш рафта истодааст, мушкилоти амниятӣ дар Афғонистон ва чӣ гуна АБ САҲА метавонад ба кишварҳои узви Осиёи Марказӣ кумак кунад, аз масъалаҳои меҳварии рӯзномаи сиёсии ҷаласа буданд.
Аз рӯи масъалаи мазкур иштирокчиёни ҷаласаи Ассамблеяи Байнипарлумонии САҲА қарори дахлдор қабул намуданд.

Илова кунед