Мулоқоти Саидмурод Фаттоҳзода бо Эмре Зеки Карагёл

27 Август 2021, Ҷумъа

Имрӯз Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода бо Сафири фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмре Зеки Карагёл бо хоҳиши ӯ мулоқот намуд. 
Дар ҷараёни ин мулоқот масъалаи дар сатҳи баланд ба роҳ мондани ҳамкориҳои парлумонӣ Ҷумҳурии Тоҷикистону Ҷумҳурии Туркия ва дигар соҳаҳо баррасӣ шуд. 
Саидмурод Фаттоҳзода дар оғози суҳбати худ иброз намуд, ки таърихи муносиботи дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия решаҳои қадима дорад. Ҳар ду кишварро риштаҳои бародарӣ ва мероси муштараки фарҳанги пайванди ногусастанӣ додааст. 
Имрӯз байни кишварҳои мо муносиботи анъанавии эътимод ба якдигар вуҷуд дорад. Тоҷикистон ба сатҳи ҳамкориҳои байнидавлатӣ бо Туркия баҳои баланд дода, дар оянда низ аз тамоми имконоти мавҷудбуда бо такя ба таҷрибаи доштаамон дар самти ҳамкорӣ истифода хоҳем кард. 
Саидмурод Фаттоҳзода ҳамчунин иброз намуд, ки ҳамкориҳои дуҷонибаи кишварҳои мо дар доираи принсипҳои боварӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва равобити расмӣ асос ёфтааст. Дар масъалаи таҳкими муносибот ва густариши равобити дуҷониба нақши асосиро Сарони ду кишвар мебозанд. Ба ин дар бештари мавридҳо гуфтугуи мунтазами сиёсӣ дар сатҳи олӣ мусоидат мекунад. Шаҳодати ин гуфтаҳо сафарҳои муштарак ва мулоқоти мунтазами Сарони кишварҳоямон ва намояндагони баландмақоми ду кишвар дар майдонҳои гуногуни байналмилалӣ мебошад. 
Ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар сатҳҳои парлумон ва ҳукумат ҳам дар шакли дуҷониба ва ҳам дар шакли бисёрҷониба хеле хуб ба роҳ монда шудааст. Байни парлумонҳои кишварҳоямон гуруҳҳои дустии байнипарлумонӣ таъсис дода шудааст. Ин бештар ба тақвияти ҳарчи бештари ҳамкориҳои ду кишвар дар арсаҳои гуногун мусоидат менамояд. 
Саидмурод Фаттоҳзода ҳамчунин афзуд, ки муносиботи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Туркия дар арсаи сиёсӣ ба сатҳи зарурии инкишоф расидааст. Байни ду кишвар ҳамкориҳои мутақобилан судманд ба роҳ монда шудааст. 
Сафири фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмре Зеки Карагёл низ ин мулоқотро барои тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба дар ҳамаи заминаҳо муҳим арзёбӣ кард. 
Дипломати туркӣ таъкид кард, ки Тоҷикистону — Туркия дар самти фаъолияти парлумонӣ аз таҷрибаҳои кофӣ бархӯрдор ҳастанд ва парлумонҳои кишварҳои моро мебояд аз ин таҷрибаи ғании якдигар ба таври самарабахш истифода намоянд.  
Ҷумҳурии Туркия ҳамеша ҷонибдори густариши равобит ва ҳамкории судманд дар ҳама соҳаҳо бо Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Мо инкишофи пайгиронаи ҳамкориҳои иқтисодиро бо Тоҷикистон аз ҷумлаи афзалиятҳои аввалиндараҷа медонем, — гуфт дар анҷоми мулоқот Сафири фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмре Зеки Карагёл

Илова кунед