Истиқлолият омили бунёдии таҳкиму тақвияти пояҳои давлатдории миллӣ

30 Август 2021, Душанбе

Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон на танҳо дар асри гузашта, балки дар тамоми роҳи таърихии миллати куҳанбунёди тоҷик ғалабаи бузургу беҳамто мебошад. Таърихи инсоният гувоҳ аст, ки озодӣ ва истиқлолият худ аз худ ба вуҷуд намеоянд.  Миллати тоҷик асрҳои зиёд орзуи истиқлолияти худро дошт ва то имрӯз низ мо бисёр миллатҳоро медонем, ки дар гузаштаи наздик даҳсолаҳо барои озодиву истиқлолият мубориза бурдаанд ва дар ин роҳ қурбониҳои бузург кардаанд. Ҳатто имрӯз низ мо шоҳиди муборизаи озодихоҳонаи халқҳое ҳастем, ки даҳҳо миллион нафарро ташкил медиҳанд, вале аз ҳуқуқҳои оддитарини миллӣ ва фарҳангӣ маҳруманд. Онҳо ҳуқуқ надоранд, ки миллати худро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намоянд, бо забони модарии худ муошират ва таҳсил кунанд.  Мо низ то истиқлолият чунин маҳрумиҳоро аз сар гузаронида будем ва талхии онро гузаштагони мо хуб медонанд.
Ибтидои солҳои 90-ум, дар ҷаҳон падидаҳои бесобиқа ба вуқӯъ пайвастанд, системаи пешини сотсиалистӣ, ки камбудиҳои худро дошт, пароканда шудва дар заминаи як давлати абарқудрати Иттиҳоди шуравӣ давлатҳои мустақил ба вуҷуд омаданд. Тоҷикистон низ истиқлолият ба даст овард, роҳҳои худро муайян кард. Мутаассифона чунин истиқлолиятро Истиқлолияти комил номидан мушкил буд. Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, манфиатҷӯии душманони дохиливу хориҷӣ хатари аз байни бурдани давлати Тоҷикистонро ба вуҷуд оварданд. Истиқлолияти давлатии ормони ҳазорсолаи тоҷикон қариб аз даст мерафт. Танҳо пас аз имзои Созишномаи сулҳ  тағйироти созанда дар ҳаёти иҷтимоию сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши худро гузоштанд ва марҳилаи дурнамои рушди устувор оғоз ёфт. Тоҷикистон роҳи мушкили ташаккули давлатдориро аз сар гузаронд. Аксарияти мардум дарк карданд, ки бе давлати тавоно ва ниҳодҳои вай,  ҳам амнияти ҷомеа ва ҳам тараққиёти мунтазами соҳаҳои асосии онро таъмин кардан имконнопазир аст. 
Сарфи назар аз душвориҳое, ки дар ҷустуҷӯи роҳи ҳалли оқибати ҷанги шаҳрвандӣ ба миён омада буд, Тоҷикистон тавонист қадамҳои устувор барои рушди минбаъада гузорад. Ҷанги шаҳрвандӣ ва оқибатҳои харобиовари он имрӯз ба монанди як хоби мудҳиш ва ё як афсонаи даҳшатбор ба назари алалхусус ҷавонон мерасад. Зеро Тоҷикистони имрӯза аз Тоҷикистони аввали солҳои 90-уми асри гузашта хеле фарқ мекунад. Барои нигоҳ доштани субот ва тартиби ҷомеа ва бо назардошти воқеаҳое, ки дар минтақаҳои гуногун рух дода истодаанд, ёдовар шудан аз таърихи на онқадар гузаштаи мо, барои такрор ба такрор таъкид намудани нигоҳ доштани сулҳу субот авлавияти аввалиндараҷа дода мешавад. Баъзан сару садоҳое мешунавем, ки ба ваҳдат расидем ва истиқлолият дорем, зарурати ҷашнгириву таъикиди он нест. Ба чунин даъво розӣ шудан комилан нодуруст мебошад. Зеро ба даст овардану нигоҳ доштани Истиқлолияти давлатӣ хусусиятҳои хосу тақдирсоз доранд.Албатта собит аст, ки Тоҷикистон қадамҳои устувор барои рушди худ мениҳад ва амнияти мо хеле хуб ҳифз мешавад, лекин технологияҳои имрӯзаи бархӯрди манфиатҳо хеле тағйир ёфтааст. 
Яке аз вижагиҳои консепсияи истиқлолияти давлатӣ дар он аст, ки он ҳам аҳамияти ҳуқуқӣ ва ҳам арзиши маънавӣ дорад. Агар аз як тараф Истиқлолият заминаи ҳуқуқиро талаб кунад, яъне  санадҳои таъсису таъмини истиқлолияту демократия, аз тарафи дигар истиқлолияти миллӣ дар як қисми муайян берун аз доираи танзими ҳуқуқӣ қарор дорад. Истиқлолияти миллӣ худ аз худ ба вуҷуд намеояд, он дар асоси ғояҳо ва анъанаҳои чандинасраи ахлоқӣ ва маънавии мардум, озодӣ ва эътиқоди он ташаккул меёбад. Истиқлолияти миллӣ дар ҳама маврид решаи маънавӣ ва таърихӣ дорад. Президенти кишвари мо, Пешвои миллат доимо дар бораи арзишҳои миллии мо эълон ва ёдрас менамоянд. Ҳадафи эълони ғояҳои истиқлолияти миллӣ таъмини шукуфоии на танҳо як миллати алоҳида, балки дар мачмӯъ давлатест, ки дар қаламрави он ин ё он миллат умдатан зиндагӣ мекунанд, зеро мавҷудияти як идеяи муттаҳидкунандаи Истиқлолияти миллӣ ҳамчун омили тавонои сафарбаркунии ҳамаи аъзоёни ҷомеа ва гурӯҳҳои мухталифи иҷтимоӣ барои расидан ба ҳадафи умумӣ ва ташаккули шуури ҷамъиятӣ ва фардӣ дар рӯҳи гуногунфикрӣ ва озодии виҷдон давлати мустақили комил ба вуҷуд меояд. Ғояҳои калидии Истиқлолияти давлатӣ ин ҳуқуқ ба худмуайянкунӣ мебошад, ки дар заминаи ҳуқуқи байналмилалии муосир асос мегирад, ки мазмуни он ин ҳуқуқи ҳар як халқ барои мустақилона ва озодона  ҳал кардани мавҷудияти ояндаи давлати худ, мақоми сиёсӣ ва ҳуқуқии худ, самти такмили иқтисод ва рушди фарҳанг аст.  Тоҷикистони имрӯза на танҳо бо тамомияти арзиаш истиқлолияти давлатии худро маҳдуд наменамояд, балки майдони васеи имкониятҳои худмуайянкуниро фароҳам овардааст. Дар ин замина, Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти сарварии Пешвои дорои иродаи қавии сиёсӣ, дар пояи қонуну стратегияву барномаҳоисиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодӣ қадамҳои қавию босуботи худро барои пешрафти худ гузошта истодааст. Мехостем бори дигар ин ҷо мафҳуми сарварии иродатманду қавиро таъкид намоем. Воқеаҳои рӯзҳои охири давлати ҳамсоя бори дигар собит намуд, ки суботу осоиштагӣ аз Сарвари давлат, аз иродаи қавии ӯ, аз сарсупурдагии ӯ баҳри озодиву осоиштагии мардум вобастагии куллӣ дорад. Бахшида ба ҷашни Истиқлолият, рӯзҳои охир аз ВАО марҳилаҳои таърихии рушди Тоҷикистонро нишон медиҳанд ва шахси соҳибақл бевосита онро бо баъзе давлатҳои имрӯза, ки дар вартаи ҷанги шаҳрвандӣ қарор доранд, муқоиса мекунад. Бори дигар, таърих собит месозад, ки дар Иҷлосояи XYI –уми таърихӣ вакилон интихоби дурусти тақдирсоз кардаанд. Эмомалӣ Раҳмон дар он рӯзҳои талхимардум ба саросари кишвар сафар намуда, барои ба сулҳу якпорчагии марзу бум далериву шуҷоат нишон дода, ҳатто ба мамлакатҳои дигар ба хатари ҷону худ нигоҳ накарда сафар менамуд. Агар ҳамон вақт Раиси ҷумҳур ба таҳлукаю воҳимае, ки буд таслим мешуд, имрӯз Тоҷикистон шояд аз рӯи харита нест ва ҳолаш аз Афғонистон бадтар мешуд. Хушбахтона, имрӯз Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол ва тоҷикон ҳамчун миллати соҳибихтиёр дар ҷаҳони муосир мақоми арзандаи худро доро мебошад, ки дар арсаи байналмиллалӣ мақому эътибори хоси худро дорад. Таҳлилҳо нишон доданд, ки новобаста аз фазои мураккабу тезутунди таҳаввулоти имрӯзаи ҷамъиятӣ Тоҷикистон ба зинаҳои чашмраси инкишоф боло меравад, ин шаҳодати тақвияти пояҳои иқтисодию иҷтимоии давлатдории миллии тоҷикистониён дар тули солҳои охир мебошад. Дар муддати сипаригашта кишварамон рушду нумӯъ ёфта, он асосҳои боэътимоди дастгирии ҷамъиятиро дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа ба даст овардааст. Бо такя аз касби чунин асоси ҷамъиятӣ имруз давлат тамоми кушишу захираҳои худро ба таъмини рушди иқтисодии кишварамон ва зиндагии шоистаи халқамон равона намудааст.
Тоҷикистони имрӯза дар минтақа яке аз кишварҳои калидӣ мебошад. Бо Қарори муштараки сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ барои хизматҳои шоиста дар рушди муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ, таҳкими сулҳу амният дар минтақа, пешбурди манфиатҳо ва ташаббусҳои муштараки кишварҳои минтақа дар арсаи байналмилалӣ нахустин мукофоти олӣ–“Нишони фахрии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ” сарфароз гардидани Пешвои миллат, далели суханҳои боло мебошад. Пешниҳодҳое, ки аз ҷониби Президенти кишварамон баҳри ба эътидол овардани вазъияти Афғонистон аз ҷониби бисёр сарони давлатҳо ва сиёсатмадорону коршиносон хеле хуб қабул шуд. Лозим ба ёдоварист, ки вобаста ба вазъияти имрӯзаи Афғонистон ҳанӯз чанд сол пеш Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тамоми минбарҳои баланди созмонҳои байналмиллалӣ ҳушдор менамуданд. Имрӯз вазъияти Афғонистон хатар на танҳо ба минтақаи мо дорад, балки ин проблемаи байналмиллалӣ мебошад. 
Мавқеи сиёсии давлат дар арсаи байналмилалӣ яке аз масъалаҳои мураккабу муҳим мебошад. Аз он тақрибан тамоми соҳаҳои муҳими рушд ва амалишавии на фақат сиёсати байналмиллӣ, балки шароити дохилии давлат ва ояндаи он вобастагии ногусастанӣ дорад. Шароити пуртазоду пурпечутоби имрӯзаи ҷаҳонӣ аз давлатдорону сиёсатмадорон назорату таҳлили доимиро тақозо менамояд.   
Тезутундшавии мубориза барои ба даст овардани захираҳои инкишоф дар сатҳи ҷаҳониву минтақавӣ моро водор месозад, ки дар пешрафти сиёсати берунаву дохила хеле  ҳассос ва нуктасанҷу дурбин бошем. Мутаассифона имрӯз ҳам қувваҳое ҳастанд, ки душманони миллати мо буда ягонагиву суботи моро халадор сохтан мехоҳанд. Доимо дар ҷустуҷӯйи камбудиҳои давлатдории мо буда, бо ҳар баҳона, ин ва ё он ҳодисаро ба манфиати худ равона месозанд. Аллакай чунин коррезиҳои  ғаразноки  манфиатҷӯй барои гурӯҳҳои ба ном мухолифин як ҳолати маъмул шудааст.
Давлатҳои абарқудрат барои ҳимояи манфиатҳои худ стратегияҳои гуногунро истифода мебаранд ва дар ин «муколамаҳо» давлатҳои хурд новобаста аз хоҳишашон ворид мешаванд ва баъзан дар муайян намудани иродаи худ комилан озод буда наметавонанд. Барои ин ба давлатҳои хурд омилҳои зиёд лозим мешаванд, ки истиқлолияту манфиатҳои худро ҳимоя намоянд. Яке аз чунин омилҳо, ин захираҳои табиӣ ва мавқеи географӣ мебошад. Баъзан ин дороӣ диққати давлатҳои дигарро ба худ ҷалб намуда, сабаби дахолати онҳо ба кори давлатҳои соҳиби сарвати табиӣ мешаванд.
Ҳодисаҳое, ки дар гӯшаву канори дунё рух дода истодаанд, ба афкору зиндагии аксарияти давлатҳою аҳолии онҳо бетаъсир намемонанд. Баъзе экспертҳо таъкид мекунанд, ки мақоми доллари амрикоӣ бо додани қарзҳо, молҳо ва ё ба ивази арзишҳои моддӣ ва ё ҳалли ягон масъалаи сиёсӣ боло бурда мешавад. Давлатҳоеро, ки роҳи мустақили худро пеш гирифтаанд бо ҳар роҳ ба сиёсати худ таслим карданӣ ҳастанд. Давлатҳои абарқудрат ва иттиҳоди онҳо ба манзури ба даст овардани захираҳои табии кишварҳои нафтдор, бо баҳонаҳои бофта давлатҳои Ироқ, Сурия, Ливяро қариб ба нестӣ ва мардуми онҳоро овора намудаанд. Авзои Украина, ки то ҳол ба эътидол наомадааст. Ҳодисаҳои Афғонистон, ки мустақилияти худро аз даст дода истодаасту давлат қариб, ки ба нестӣ рафта истодааст, манфиатдорҳо аз ноӯҳдабароии сарони давлатҳо истифода бурда мардуми кишварро саргардон менамоянд. Сиёсати байналмилалии муосир раванди яктарафаро интихоб нумудааст, ки гӯё ҳақиқат дар дасти тавоноҳо бошад. Ва бо ин ва ё он баҳона хоҳиши иштирок намудан дар муайян намудани сиёсати дохилӣ мегардад. Дар чунин равандҳои бозиҳои геополитикӣ танҳо ва танҳо давлате, ки дар он суботу якдигарфаҳмӣ мавҷуд мебошад, истиқлолияти худро ҳифз карда метавонад. Дар ҳолати дигар ба як майдони ҳарбу зарби манфиатҳои дигарон табдил меёбад.
Ҳамин тариқ, дар шароити бисёр мураккабу печидаи ҷаҳони муосир, мо танҳо ба василаи ваҳдату сарҷамъӣ, заҳмати аҳлона ва саъю талоши ватандӯстонаи тамоми сокинони кишвар бо сарварии хирадмандонаи Президенти мардумӣ Эмомалӣ Раҳмон, тавонистем истиқлолияти Ватани маҳбубамонро ҳифз намоем. Танҳо дар чунин шароит имкон дорем давлати соҳибихтиёрамонропешрафта гардонем ва ҳамаинақшавуҳадафҳоимиллиамонроамалӣнамоем.
Дигар омили пешгирандаи бесуботӣ, ин амали қонунҳо мебошад, зеро дар сурати риоя нашудани қонунҳо мақомоти ҳокимият фалаҷ мешавад.
Хушбахтона, миллати тоҷик бо Сарвари худ тавонист мамлактро тадриҷан аз бӯҳрони сиёсиву иҷтимоию иқтисодӣ раҳонад, собит сохт, ки дар Тоҷикистон қувваи солим, қувваи тавоное мавҷуд аст, ки пеши роҳи ҳамагуна низоъро гирифта метавонад.
Вақте таърихи роҳбарии Сарвари давлат, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро меомӯзем, фазилатҳои пешниҳод намудаи Ибни Сино ба ёд мерасад, ки фармудааст “Ҳар кӣ ин даҳ фазилат шиори худ созад дар дунёву охират корихуд созад: бо Худо бо сидқу бо халқ бо инсоф; бо нафс бо қаҳру бо дарвешон ба лутф;  бо бузургон ба хидмату бо хурдон ба шафқат; бо дӯстон ба насиҳату бодушманон ба ҳилм; бо ҷоҳилон ба хомушиву бо олимон ба тавозӯъ”.  Чунин аст мактаби сарварии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки Тоҷикистони имрӯза барои рушди худ қадамҳои устувор мемонаду гул гул мешукуфад, шаҳрвандонаш барои амалӣ намудани орзуҳои худ аз ин имкониятҳо самаранок истифода мебаранд. Ҷашни бузургу табаррук муборак, ҳамдиёрони азиз.  
 
Насиба Содиқӣ
Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм,
маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон.

Илова кунед