Мулоқоти Саидмурод Фаттоҳзода бо Чэн Дайвэн

31 Август 2021, Сешанбе

31.08.2021. Имрӯз Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода бо мушовир оид ба масъалаҳои сиёсии Сафорати Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Чэн Дайвэн мулоқот намуд.  
Саидмурод Фаттоҳзода ташрифи дипломати Чиниро ба парлумони касбии мамлакат хайрамақдам гуфта, таъкид кард, ки барои мардуми Тоҷикистон Ҷумҳурии Халқии Хитой ҳамчун кишвар ва ҳамсояи боэътимод ва муҳтарам ба шумор меравад. 
Сипас, Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон нахуст ба меҳмон дар бораи фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси ОлииҶумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал дода, ҳамзамон изҳор дошт, ки барои мо мояи ифтихори бузург аст, ки парлумони мамлакатамон бо бештари парламентҳои кишварҳои мутаррақии ҷаҳон, аз ҷумла Маҷлиси Умумихитоии намояндагони халқи Ҷумҳурии Халқии Хитой ҳамкорӣ ва муносиботи хуб дорад. Бо мақсади рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи байнипарлумонӣ дар Маҷлиси намояндагон гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо парламенти Хитой таъсис дода шудааст.
 «Бо таваҷҷуҳ ба иқтидори бузурги иқтисодӣ, сиёсӣ ва низомӣ, мавқеи ҷуғрофӣ ва соҳиби таҷрибаи ғании азнавсозии кишвар, қабл аз ҳама вобаста ба гузариш ба муносиботи бозорӣ, Ҷумҳурии Халқии Хитой дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи арзишмандеро ишғол менамояд», гуфт Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон ва афзуд, ки анҷоми боздидҳои бесобиқаи расмӣ ва дӯстонаи Сарони ду кишвар ба ҷумҳуриҳои ҳамдигар, имзои асноди гуногуни ҳамкорӣ, ки барои мардум ва миллати ин кишварҳо тақдирсоз буда, асоси баробарҳуқуқӣ, ҳамсоягии ҳасана, эҳтироми байниҳамдигарӣ, эътимод ва мавқеъҳои муштаракро дар бар мегиранд, нишонаи мавҷуд будани ҳамкориҳои дӯстона ва дорои сатҳи баланд мебошад. 
Саидмурод Фаттоҳзода изҳори боварӣ кард, ки риштаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни ҷумҳуриҳои мо то ҳаде қавӣ аст, ки дар ин миён ҳеҷ гуна мушкилоти ҳалношуда вуҷуд надорад. Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон дар бораи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва барномаҳои муштараки дар кишвари мо мавриди иҷро қарордошта сӯҳбат намуда, ҳамзамон изҳор дошт, ки ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кӯмак ва сармояи Ҷумҳурии Халқии Хитой зиёда аз 100 тарҳи муштарак дар бахшҳои иқтисод, бахусус дар заминаи энергетика ва коммуникатсия дар ҳоли иҷро қарор дорад. То кунун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон корхонаҳои муштараки Хитою Тоҷикистон ба нафъи мардум фаъолият доранд. 
Саидмурод Фаттоҳзода ҳамчунин алоқамандии Маҷлиси намояндагонро ҷиҳати тақвияти равобит бо парлумони Ҷумҳурии Халқии Хитой иброз дошта, ҳамзамон таъкид намуд, ки парламенти Тоҷикистон ҳанӯз ҷавон аст ва ниёз ба омӯзиши таҷрибаи парламентҳои кишварҳои мутараққии ҷаҳон, аз ҷумла Ҷумҳурии Халқии Хитойро дорад. Изҳори боварӣ карда шуд, ки вохӯрии имрӯза барои таҳкими муносиботи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой дар ҳамаи соҳаҳо заминаи тозаеро фароҳам хоҳад овард. 
Мушовир оид ба масъалаҳои сиёсии Сафорати Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Чэн Дайвэн низ аз сатҳи ҳамкориҳои кишвараш боҶумҳурии Тоҷикистон дар тамоми соҳаҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳамзамон иброз дошт, ки Ҷумҳурии Халқии Хитой дорои зарфиятҳои бештари барқарории равобит бо Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва ин кишвар ҳар замон омода аст, ки аз ин зарфиятҳо барои миллату мардуми Тоҷикистони дӯсту ҳамҷавор истифода намояд. 
Дар мулоқот дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Илова кунед