Истиқлолият – ҷавҳари бебаҳост

01 Сентябр 2021, Чоршанбе

Истиқлолияти давлатӣ волотарин дастовард ва падидаи сиёсӣ дар таърихи навини тоҷикон ба шумор рафта, оғози ҳама оғозҳо, эҳёи нави ин мамлакати тамаддунҳо ва рушди суннатҳои аҷдодӣ мебошад. Имрӯзҳо мо дар арафаи ҷашни бузурги тақдирсози миллатамон Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ, ки сӣ сол муқаддам ба даст омада буд, қарор дорем. Боиси сарфарозӣ ва ифтихори ҳар як пиру барно, ҷавону навраси Тоҷикистони биҳиштосои мо мебошад, ки дар давоми ҳамагӣ сӣ соли соҳибистиқлолӣ давлату Ҳукумати Тоҷикистони азизи мо ба пешравиҳои назарраси ҷаҳонӣ ноил гардидааст.
Баъди ҳазорсолаҳо ба тоҷикон соҳибистиқлолиятӣ муяссар гардид ва ҳар шахси соҳибмаърифат бояд арзиш ва қадру қиммати онро дарк намояд. Истиқлолият ба мо имконият медиҳад, ки як порча замини аждодии худро бо ихтиёр дошта, онро ободу зебо гардонем, соҳибӣ кунем, тавонем, ки дар арсаи байналмилалӣ аз номи давлату сарзамини худ сухан гӯем, худро муаррифӣ кунем, тавонем, ки ба сарзамини худ, ҳамчун хонадони худ, дӯстони буруниро даъват карда, ба расму оинҳои худ ошно созем, ҳамчун ворисон забон, тамаддун, урфу одати тоҷиконаро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуда, худро соҳибдавлату соҳибтамаддун нишон диҳем.
Мумкин нафароне бошанд, ки ҳоло ҳам маънову муҳтавои истиқлолияти давлатиро бо тамоми ҳастияш дарк накунад ва дар ҳар як раванди сиёсию иҷтимоии кишвар камбудиву норасогиро дида, ҳисси нобовариву нофаҳмӣ зоҳир намояд. Вале бо сад боварии комил гуфта метовонам, ки бо гузашти солҳои тӯлонӣ, даҳсолаҳо, мумкин садсолаҳо ворисони арзандаи мо ин рӯзи муқаддасу пурарзиши таърихи тоҷиконро бо қадру қиммати хоса дарк карда, ифтихору сарбаландии худ медонанд. Дар он сурат хоҳ нохох сурату сирати худододии абармарди миллати тоҷик, Сарвари тоҷикони олам - Эмомалӣ Раҳмон пеши назарҳо меояд. Чунки на ҳар як миллат метавонад бо доштани чунин роҳбари оқилу доно бифахрад. Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ сиёсати давлатии худро хирадмандона пеш бурда, баҳри ободонии кишвари азиз тамоми воситаву роҳҳои сулҳофарину бунёдкориро истифода бурд. Имрӯзҳо, мо тоҷикон, бо як ифтихори баланди миллӣ Сарвари раиятпарвари худро қадрдонӣ карда, шукрона мекунем, ки Худованд ба миллати садсолаҳо азияткашидаи тоҷик чунин роҳбарро ато намудааст.
Чун сухан атрофи тамаддун ва расму оинҳои миллӣ рафт мехостам якчанд нуктаи асосиро нисбати он дарҷ намоям. Имрӯзҳо бо шарофати соҳибистиқлолӣ ба мо муяссар гардидааст, ки мо тамоми фарҳангу тамаддуни тоҷиконаи худро аз қаърҳои асрҳо ҷустуҷӯ карда, он анъанаҳое, ки барои ягонагиву рушди миллатамон мусоидат мекунанд, аз нав эҳё намоем. Асрҳои аср гузаштагони мо ҷони худ нисор намуда, забон, фарҳанг, расму оини миллиамонро бо хуни дил нигоҳ дошта, ба мо мерос гузоштаанд. Таърих гувоҳ аст, солҳои дар ҳайати давлатҳои Шӯравӣ ва пеш аз он ҳам будани кишвари азизизамон бобоёну бибиҳои мо пинҳонӣ ҷашнҳои миллии тоҷиконаамонро бо расму оинҳои нигоҳдошта ҷашн гирифта, ба фарзандону наберагон муҳтавои ҳар як ҷашнро мефаҳмонданду ба мерос мегузоштанд. Бо шарофати соҳибистиқлолӣ ба мо – тоҷикон муяссар гардид, ки бе ягон монеагӣ ҳама фарҳанги худро эҳё намоем. Имрӯзҳо дар даврони  ҷаҳонишавӣ, ки тамоми қишри мардум метавонанд тариқи расонаҳои интернетӣ маълумоти гуногунро дар бораи ҷаҳони муосир дарёб намояд, хавфи ба фарҳанги миллии мо ворид гардидани фарҳанги бегона ворид шудан ба миён меояд. Дар ин замони пурҳассос мо дар якҷоягӣ бояд талоши беандозаи худро нисбати таълиму тарбияи фарзандони баору номуси миллат сарф намуда, мунтазам кӯшиш ба харҷ диҳем, ки ҳисси баланди ватандориву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии ҷавонону наврасонро баланд бардорем.
Агар мо ба таърихи соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз назар андозем, саҳифаҳои онро варақ ба варақ пур аз муборизаҳо мебинем. Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ фарзанди баруманду ҷавон, худогоҳу ватанпарвари миллат Пешвои муаззами мардуми Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бари мардуми кишвар ҳамчун сипар истода, тамоми хираду заковати худододии худро баҳри ободу зебо гардондани сарзамини аҷододии худ равона намудааст.
Сӣ соли соҳибистиқлолӣ - сӣ соли муборизаҳо бо бемаърифатӣ, бемасъулиятӣ, бефарҳангӣ, бевиҷдонии бархе аз нафароне буд, ки Сарвари давлат бо пешниҳоду ҳидоятҳои пурарзиши худ тавонист ин ҷодаро қариб ба ҳайси нестӣ расонад. Имрӯзҳо дар арафаи Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ дар тамоми расонаҳои хабарӣ вобаста ба пешравӣ ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ сухан ронда мешавад. Борҳо ин ё он хизматҳои шоистаи Пешвои миллат қайд мегардад, лекин мо агар шабу рӯз вобаста ба хизматҳои шоистаи Сарвари давлатамон - Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намоем, боз ҳам кам аст. Таърихи ҳар як миллату давлат марҳилаҳоеро ба ёд мегирад, ки он барои эҳё ва ё барҳам хурдани як раванди сиёсӣ вобастагӣ дошта бошад. Дар таърихи тоҷикон солҳои сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хатҳои заррин навишта мешавад. Хиради азалии ин марди баору номус тавонист як сарзамини валангорро ба биҳишти рӯи олам табдил диҳад. Заковати одампарастии Сарвари кишвари тоҷикон тавонист дар давоми сӣ соли соҳибистиқлолӣ ба тамоми дунё давлату миллати тоҷикро муаррифӣ намояд.
Имрӯзҳо тамоми оламро ҳодисаҳое, ки дар сарзамини ҳамсояи мо Афғонистон сар зада истодааст бетараф гузошта наметавонад. Аввалин шуда бо як виқори тоҷикона Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муроҷиат карда, барои аз байн бурдани амалҳои ваҳшонияту ғайри инсонии Толибон, ки бо номи мақаддаси Ислом корҳои ғаразноку ғайриинсонии худро пеш бурда истодаанд,  пешниҳодҳои оқилона ва адолатпарваронаи худро мавриди баррасии оммаи ҷаҳонӣ намуд.
Агар узве ба дар оварад рӯзгор,
Дигар узвҳоро намонад қарор.
Бале, агар боми хонаи ҳамсоя оташ гирад, хавфи оташ гирифтани хонаи ту ба миён меояд ва аз ин ҷост, ки ин масъала пеш аз ҳама давлатҳои ҳамсарҳадро хело ҳам ба ташвиш овардааст. Муроҷиати тоҷикони кишвари ҷангзадаи Афғонистон ба мардуми Тоҷикистон бисёр пурҳассос ва имдодталаб аст. Як гурӯҳ ҷавонзанони Афғонистон дар расонаҳои хабарӣ муроҷиат ба мардуми Тоҷикистон намуда, аз ҷумла қайд менамоянд, ки «.. Шумо мардуми кишвари Тоҷикистон бояд хоки пои Сарвари худ – Эмомалӣ Раҳмонро сурмаи чашмонатон кунед. Э кош дар Афғонистони ҷангзадаи мо низ чунин як фарзанди баруманду баору номус ва ҷасур пайдо гардад, ки моро аз чанголи ин бедодгариҳову ваҳшоният халос кунад. Бародарони Тоҷикистонӣ, дар ҳаққи мо тоҷикони афғон дуо кунед. ….». Муроҷиати мардуми афғон ҳазорон ҳамватанони моро агар барои дасти дуо бардоштан бо шукргузорӣ ба неъматҳое, ки Худованд ба мардуми Тоҷикистон ато намудааст водор намояд, бархи дигаре ҳаст, ки аз нотавонбиниву бефарҳангӣ ба сӯи миллату давлат санги маломат мезананд, ношукрӣ мекунанд
Сарвари давлат аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ барои баланд бардоштани маърифату фарҳанги мардум махсусан ҷавонон тамоми чораҳоро андешид. Ин буд, ки рӯ овардан ба ҷавонон, ҳамчун ояндагони миллату давлат ва ба тавсиб расонидани даҳҳо санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ дар самти сиёсати ҷавонон қадамҳои аввалини Президенти кишвар дар сиёсати давлатдорӣ буд. Таваҷҷӯҳи хоса ба таълиму тарбия, ҳамзамон баланд бардоштани ҳисси баланди ватандориву ватанпарастӣ, ин худ таҳкурсии асосии сохтмони давлатдорӣ ба ҳисоб меравад.
Танҳо дар аввали соли 2021 якчанд Қонун дар самти ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ пешниҳод гардид, ки онҳо  асосҳоиташкилӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии ташаккулу камолоти ҷавононро бо мақсади амалисозии сиёсати давлатииҷавонон пешбинӣ мекунанд, истифодаи самараноки неруи зеҳнӣ ва маънавии онҳоро ба манфиати ҷомеа муайян менамоянд. Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон” аз мафҳуми ибораи “сиёсати давлатии ҷавонон” бармеояд, ки Қонуни мазкур бо мақсади ба низоми ягонаи андешидани тадбирҳо ҷиҳати ташаккулу камолоти ҷавонон, ҳифзи ҳуқуқ ваистифодаи босамари неруи зеҳнии онҳо ба манфиати ҷамъият равона гардидааст. Ҷавонони имрӯза бо истифода аз имкониятҳои ҷойдошта тамоми ҳуқуқу имкониятҳоро доро мебошанд, ки дар раванди сиёсиву иҷтимоии кишвар фаъолона иштирок намуда, барои рушду нумуи кишвар китф ба китф бо собиқадорони меҳнат саҳми арзандаи худро мегузоранд. Пешниҳодҳои ҷавонон дар давлатдории кишвар ҳамаҷониба аз ҷониби Сарвари давлат дастгирӣ меёбад ва Ӯ ба нерӯи созандаву бунёдкори онҳо эътимод дорад, ки дар тамоми самтҳои фаъолияти давлатӣ фаро гирифта мешаванд. Дигар санаде, ки ба самти тамоми табақаи мардуми кишвар ва маҳз ба ҷавонон равона карда шудааст ин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш” мебошад, ки он асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ватаъмини фаъолиятро дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. Дар асоси Қонуни мазкур давлат ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарфи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, таҳсилот, вазъи иҷтимоӣ ва молу мулк, ҳуқуқи машғул шудан ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзишро кафолат медиҳад ва ба онҳо шароит фароҳам меорад.
Тибқи Конунҳои номбурда давлат барои на танҳо ҷавонону наврасон, балки тамоми мардуми кишвар ҷиҳати таъмин намудани шароитҳои мусоид барои ҳайёти арзандаи сокинони кишвар пешбиниҳои мушаххас намуда, онҳо барои беҳтар кардани сатҳи некуаҳолии кишвар равона гардидааст. Вобаста ба ин қайд менамоем, ки бо мақсади дуруст истифода бурдани имтиёзҳои шаҳрвандии худ сокинони кишварро бармеояд, ки аз тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз наздик шинос шуда, ҳуқуқ ва  вазифаҳои худро хуб дарк намоянд.  Чунки давлати мо – давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мебошад, ки вобаста ба ин ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон новобаста аз синну сол, нажот ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, таҳсилот, вазъи иҷтимоӣ ва молу мулк аз ҷониби давлат ҳимоя ва ҳифз карда мешавад. Ин гуна неъмат ва шароитҳо ҳар як инсони ватандору ватанпарасти Тоҷикистони азизро водор месозад, ки шукргузорӣ аз ҳар як порча замини ватани озоду обод кунем, шукронаи як нафаси беғубори осоиштагӣ кунем, шукронаи хандаҳои беолоиши кудакон, ва оромии дили модарон кунем, шукрона кунем, ки Пешвои муаззами миллат дорем, ки на танҳо Тоҷикистон, балки тоҷикони дунёро соҳибӣ карда истодааст. Биёед, ҳама сар аз як гиребон бароварда, барои ояндаи дурахшони миллату давлати азизамон дар бари Пешвои миллатамон рост истода, тамоми ғайратамонро барои ободии кишвар равона созем.
 
Шукри истиқлоли миллат мекунем,
Шукр аз сулҳу саодат мекунем.
Бо ливои Тоҷикистони азиз,
Шукри роҳбар, шукри Раҳмон мекунем.
Сарзамини гулфишони мо бубин,
Хонаи умеди тоҷикон бубин.
Сарвари оқилу доноро бубин,
Шукри неъматҳои Ҳақро мекунем.
 
Вакили Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Абдулхолиқзода Лутфия Абдулхолиқ

Илова кунед