Низоми нави расонидани ёрии ҳуқуқӣ таҳия мешавад

20 Апрел 2020, Душанбе

Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид, ки дар он лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» ва дигар масъалахо

мавриди баррасӣ қарор гирифт.

  Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Эмомалӣ Насриддинзода зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ» иброз намуд, ки лоиҳаи Қонуни мазкур бо мақсади мукаммал гардонидани низоми давлатии ёрии ҳуқуқии ройгон ва ихтисоснок ба аҳолӣ, ҷиҳати иҷрои банди 11 Консепсияи расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2015,  тасдиқ гардидааст, таҳия шудааст.

Таъмини ибтидоии хароҷоти лоиҳаро созмонҳои ёрирасон ба зимма гирифтаанд. Тибқи тавофуқи бадаст омада, буҷети лоиҳа аз таносуби 90 фоиз саҳми ташкилот ва 10 фоиз саҳми буҷети давлатӣ оғоз гардида, давра ба давра бо зиёд намудани ҳиссаи давлат то ба 100 фоиз то соли 2025 идома меёбад.

Зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Эмомалӣ Насриддинзода таъкид намуд, ки лоиҳаи Қонуни мазкур бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ҳамбастагӣ бо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ» бо мақсади мутобиқ кардани «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» ба низоми нави расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон таҳия шудааст.

Лоиҳаи Қонуни мазкур тартиби дохил кардани адвокатҳоро ба Феҳристи давлатии адвокатҳое, ки дар доираи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ» ёрии ҳуқуқии дуюм дараҷа мерасонанд, муайян намуда, масъалаи пардохти ҳаққи хизмати онҳоро пешбинӣ менамояд.

Зимни муаррифии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Хайрулло Амонулло афзуд, ки  лоиҳаи номбурда бо мақсади тақвият бахшидани сиёсати молияи давлатӣ дар ӽолати таъсири омилӽои манфии беруна ба иқтисодиёти Ҷумӽурии Тоҷикистон ва танзими фаъолият оид ба ташкилу нигоҳдории кассаҳои тотализатор, идораҳои букмекерӣ, бозии лото ва фаъолияти гаравхона (ломбард) таҳия гардидааст.  

Лоиҳаи мазкур тавассути ворид намудани тағйиру иловаҳо ба моддаӽои 17 ва 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», аз номгўи намудҳои фаъолиятҳои умумӣ ба номгўи намудҳои махсуси фаъолият гузаронидани фаъолият оид ба ташкилу нигоҳдории кассаҳои тотализатор, идораҳои букмекерӣ, бозии лото ва фаъолияти гаравхона (ломбард)-ро пешбинӣ менамояд.

Мақсади асосии аз моддаи 17 хориҷ ва дар муқаррароти моддаи 18 Қонуни мазкур инъикос намудани намудӽои фаъолияти дар боло зикргардида аз он иборат мебошад, ки бинобар сабаби характери ҷудогона ва махсус доштани онӽо, бо ворид намудани тағйиру иловаӽои дахлдор муӽлати амали фаъолият оид ба ташкилу нигоҳдории кассаҳои тотализатор, идораҳои букмекерӣ, бозии лото ва фаъолияти гаравхона (ломбард)  се  сол муқаррар кардашуда, андозаи хироҷ барои гирифтани иҷозатнома зиёд карда мешавад, ки ин омил пеш аз ӽама бевосита барои ғанӣ гардонидани Буҷети давлатӣ, бо дарназардошти манфиатӽои давлатию ҷамъиятӣ ба роӽ монданиин фаъолиятӽо мусоидат менамояд. 

Бо чунин тарз доир ба масъалаҳои дигари муҳокимагардида қарорҳои дахлдори Шӯрои Маҷлиси намояндагон қабул карда шуд.

Илова кунед