Нагӯям чун кунам? Ғамам омад ба ёд

01 Сентябр 2021, Чоршанбе

Хотироти солҳои 90-уми асри сипаригашта, бо бад шудани вазъ дар Афғонистон бори дигар ақлҳои солими аҳли ҷомеаи Тоҷикистони азизро таккон дод.
Дар он замони парокандагӣ ва қариб пора-пора гардидани ватани маҳбубамон дар нақшаи нобакорону  хоинон ва душманони миллат кашидашуда буд.  Агар ҳушёриву зиракии Президенти маҳбуби кишвар намебуд, диёри биҳиштиамон кайҳо дар коми оташ ва ҷоҳилону ҷалодон қарор дошту мардумаш, ки аз табори бузургони олам ба шумор меравад, дар ғаму андӯҳ ғарқ ва беватану бемакону бехешу ақрабо зору ҳайрон дар чорсӯи зиндагӣ мемонданд.
Сарвари давлату миллат, ки аз паи сулҳу оромии диёри биҳиштиамон талош меварзиданд, ҷон дар кафи даст барои сарҷамъиву ободиву оромии кишвар синаи ҷавони хешро сипари нобакороне кард, ки мехостанд Точикистонро пора-пора намуда, мардумашро хору залил, парешон, беватан ва ғуломи зердасташон созанд, муборизаи шадиду ҷавонмардона бурд ва бурдаистодааст. Агар ин талошҳо намебуд, имрӯз сарзамини биҳиштии мо аз ҳоли доштаи ҳамсояамон Афғонистон бадтар ва мардумаш қашшоқтару саргардонтару паҳну парешон дар олами беватанӣ мегаштанд ва ормонҳои  ватани ягонаву ободу озод доштанро ба хоки тира мебурданд.
Дар ин ҷанги тарҳрезишудаи хоинони миллат зиёда аз 150000 нафар кушта шуд, ки дар қатори онҳо 55000 тоза ятимон буданд, зиёда аз 10 миллиард доллари Амрикоӣ ё 111 милиарду 320 миллион сомонӣ зарари моддӣ аз ҷониби хоинон ба ин сарзамин расонида шуда буд.  Нерӯи инсонӣ бошад аз Тоҷикистон фирор мекард. Нафароне Тоҷикистонро тарк карданд, ки умед аз рузи беҳи ин диёру мардумро надоштанд ва ҳамзамон тавоноии ҳимояи ватан дар қалбашон ҷӯш намезад. Ватанро ба осонӣ ба дасти душман, хоинони миллату сарзамин супорида  ҷон ба саломат ба мулкҳои дигар ғариб гаштанд, бехабар аз он, ки ин унвони ғарибӣ дар равиши худ беватаниро низ дошт, ки барои ҳар як марди худшиносу ватанпараст тарки ватан кардан дар лаҳзаҳои душвор хиёнат ба ватан ба ҳисоб мерафт.
Хушбахтона буданд фарзандони фарзонаи миллат, ки ин модари азизу муқаддас ва ғамхори моро ҳимоя намуда, аз дасти душманон озод ва аз паи ободиву оромии он камари ҳиммату мардонагиро мустаҳкам бастанд.
Эмомали Раҳмонов як ҷавони соҳибватан, чун Исмоили Сомонӣ, Рустами достон, аз баҳри ҷони ҷавонаш гузашта, худро бар синаи оташи ҷанг андохт ва кишвари азизро аз вартаи нобуди нигоҳ дошта тавонист. 1000000  гурезаро аз мулки Афғон ба ватан баргардонид, ятимонро соҳиб гашт, хонаҳои валангору ба хок яксони ҳамватанонро то ҳадди ақал обод ва мардумро сарҷамъ кард.
Агар соҳои 90-уми асри гузаштаро пеши назар биёварем, ҳоли доштаи ватани азизамон аз Афғонистони ҳамсоя беҳ набуд. Си сол қабл аз ин ҳамин ҳолатро дошту мардумаш ҳаминтавр  сарсону саргардон, бе обу нон,  бехонаву дар, дар ҳасрати он, ки кадом ҳамсоя бо муҳаббат дари меҳрро ба рӯяшон боз мекунаду онҳоро ба хонаи хеш даъват менамояд. Қариб, ки ин тавр набуд. Касе аз ҳоли парешону бечорагии мо хабар намегирифт, ҳама тамошобин буданду бас,  ба ғайр аз боди ошное, ки ҳамроҳи фарзандони ин миллат барои шаҳидони бекафанаш мегиристу халос.
 Имрӯзҳо Тоҷикистони азизи ман дар қатори ободтарину оромтарину амнтарини мамлакатҳои пешрафтаи олам қарор дошта, онро ҳамчун давлати соҳибистиқлол, обод, демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ зиёда аз 200 кишвари ҷаҳон мешиносанд, арҷ мегузаранд ва ҳамкориро дар тамоми самтҳои созандагӣ ба роҳ мондаанд. Аз мактаби сулҳофарини Пешвои муаззами миллати тоҷик, Президенти маҳбуби кишвари Тоҷикон,  панд гирифта, баҳри чигуна орому обод нигоҳ доштани кишварҳои хеш, оқилона истифода бурда истодаанд.
Аз ин хотир, ман хотираҳои солҳои 90-умро саҳифагардонида  ин навиштаҳоро пайдо кардам, ки замони дошишҷӯи аз алам ва дарду ғами миллати парокандаву парешон  месӯхтем, дар ҳасрати он будем, ки оё боз рӯзи беҳро медидабошем, Душанбеи азиз аз фурудгоҳ то маҳаллаи Зарафшон мисли дигар маҳалҳову маконҳои меҳани азиз, дар коми оташ буд, мурдаҳо дар роҳу пайроҳаҳои Душанбе  пурҳасрат хобида буданд, аз тарси ҷон ба берун намебаромадем, дар қатори нон ҳаррӯз даҳҳо нафар кушта мешуданд, гурезаҳо дар шаҳр беҳисоб, дар хонаҳои мардум макон карда буданд, ҳатто як дучархаеро пайдо кардан наметавонистем, ки мурдаҳоро ба макони мурдаҳо (моргҳои) шаҳраки тиббӣ ва Қарабало расонем…хотираҳоро  бетағийр баҳратон пешниҳод менамоям:
 
МУНОҶОТ
 
Эй осмон, ки дар дилат,
Дар аршҳои баланд, Худоро дори
Ман ки офаридаи ӯям
Ва ӯро мепарастам, дӯст дорам
Бар ӯ бигу, ки барф наборад
Бар ӯ бигу, ки имсол сарморо наёрад
Бар ӯ бигу, ки бандагонаш
Бе гуру бе кафан, дар соҳили дарё
Дар дашту даманҳо
Зору низор мондаанд.
Бар ӯ бигу, ки сарморо наёрад
Эй осмон, эй ки дар дилат Худоро дори
Бар ӯ бигу, ки раҳм диҳад бар сагон
То мурдаҳои зору низор монда аз
амвоҷи зиндагиро, пора насозанд.
Бар ӯ бигу, ки раҳм диҳад бар дили инсон
То бори дигар ёру бародаршинос шавем,
То бори дигар тарсанд аз Худо
Ё бори дигар Худошинос шавем
Эй осмон, эй ки дар дилат Худоро дори.
Душанбе, 1993
 
Мақсад аз ин гуфтаҳо пеш аз ҳама дар он аст, ки ин  хотираҳои таърихи начандон дури миллати баруманду арҷманд ва дар таърих ҷабри бисёр дида, аз ёди пиру ҷавони  сарзамину кишвар зудуда нагарданд.
Зеро, дар ин гирдобҳои ҷаҳонӣ, ки ҳар лаҳза чанд фарҳанг, забон ва миллатро аз байн бурдаистодааст, замоне фаро расидааст, ки хурду бузурги  кишвари биҳиштиамон  дустро аз душман фарқ намуда, аз гузаштаву имрӯзаи сарзамин ва аҷдодон, ниёгон огаҳ бошанду  миллатро дар туфонҳои ҷаҳонӣ маҳв нашуда бо ифтихор тоҷикона ҷаҳонӣ намоянд, зеро Пешвои муаззами миллат хирадмандона  фармудаанд, ки
«Имрӯз мо бояд шукрона кунем, ки давлати соҳибистиқлол дорем, сарҷамъ ва ором ҳастем. Бинобар ин, дастовардҳои истиқлолияти давлатиро ҳамчун гавҳари қиматбаҳо эҳтиёт кунем, ба қадри Ватани озоду мустақил, сулҳу оромӣ расем, ваҳдати миллиро таҳким бахшем ва дар баробари ин, наслҳои навро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва худогоҳиву худшиносӣ тарбия кунем.
Татбиқи ҳадафҳои бузурги умумимиллие, ки дар Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ муайян ва дар саҳифаҳои таърихи навини мардуми сулҳпарвару фарҳангии тоҷик сабт шудаанд, минбаъд низ бо сайъю талоши пайгирона ва заҳмати ҳалолу бунёдкоронаи халқи соҳибмаърифату шарафманди тоҷик амалӣ хоҳанд гашт.
Шубҳае нест, ки ҳар фарди бонангу номуси миллат бо бардоштани сабақи таърихӣ аз ҳодисоти гузаштаи халқамон шукронаи сулҳу суботи сарзаминро ба ҷой оварда, неъмати бебаҳои тақдир-истиқлолияти давлатиро қадр хоҳад кард ва барои таҳкими дастовардҳои он, ободиву осудагии ҳар хонадон ва ҳар як гӯшаи Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми содиқона, софдилона ва ватандӯстонаи худро хоҳад гузошт».
 
Шарофзода Гавҳар, вакили
МНМОҶТ, аъзои фраксияи ҲХДТ.

Илова кунед