Мақоми зан дар даврони Истиқлолияти давлатӣ
01 Сентябр 2021, ЧоршанбеТоҷикистон сарзамини пурганҷ аст, вале беҳтарин ва қиматтарин ганҷинаи он Истиқлолият мебошад. Имрӯз мо бо ифтихорманди иброз медорем, ки ба бахти баланди мардуми Тоҷикистон 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ бо тарҳи наву хосса ва мутобиқ ба падидаҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар инъикос гашта истодааст.
Баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа аз муҳимтарин дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар ба ҳисоб меравад, ки дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯи кор омада, дар ҳаёти сиёсӣ-иҷтимоии ҷомеаи кишвари мо нақши ниҳоят муассир гузошта истодааст. Бо тасдиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нақшаи миллии тадбирҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баланд бардоштани мақом ва нақши зан дар солҳои 1998-2005 ” ва баъдан қабул гардидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми декабри соли 1999 “Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа” дар ҳаёти иҷтимоӣ- сиёсӣ ва дигар ҷанбаҳои фаъолияти бонувон марҳилаи наве оғоз гардид.
Ҳамин тавр, тӯли 30 соли Истиқлолияти давлатӣ дар кишвар даҳҳо барномаву стратегияҳои давлатӣ ва дигар санадҳои муҳим дар самти ба таҳсилоти олӣ фаро гирифтану тарбия ва омода намудани занону духтарони лаёқатманд ва пешбарии онҳо ба вазифаҳои роҳбарӣ қабул ва мавриди амал қарор гирифтаанд.
Таъсиси квотаҳои президентӣ барои ба таҳсилоти олӣ фаро гирифтани духтарони деҳот дар соли 1997 аз дигар иқдомҳои ояндасози Асосгузори сулҳу вадати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ мегардад, ки бо мурури солҳо таҳаввулоти бузурге дар рӯзгори мардуми Тоҷикистон овард. Дар ин давра даҳҳо ҳазор нафар ҷавонон, аз ҷумла духтарони болаёқат тибқи квотаи президентӣ таҳсил намуда, имрӯз дар соҳаҳои гуногун фаъолият намуда истодаанд. Аз сӯи дигар, дар шароити кунунӣ маҳз хонаводаҳои ҷавоне устувор монда истодаанд, ки наварӯсон таҳсилдидаву ба ҷойи кор таъмин буда, дар тарбияи фарзандони худ низ муваффақанд.
Мавриди зикр аст, ки Сарвари давлат ҳамеша дар пайёмҳо, мулоқоту суханрониҳояшон масъалаи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеаро матраҳ намуда, ҷиҳати ба шуғлҳои муфид таъмин намудани онҳо ва фароҳам овардани шароиту имкониятҳои мусоид ҷиҳати рушду пешрафти бонувон ба масъулон дастуру супоришҳо медиҳад. Самараи даврони истиқлол аст, ки имрӯз фаъолияти пурсамари занонро ба сифати аъзои Ҳукумат, роҳбарони мақомоти назди Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, соҳибкорони муваффақ ва доктору профессорон мебинем.
Дар баробари таваҷҷуҳ ба таҳсилоту таъмини бонувон дар тӯли 30 соли Истиқлолияти давлатӣ даҳҳо Қонуну қарорҳо дар самти беҳбудии шароити иҷтимоӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва таъмини шароиту манфиатҳои бонувон ба тасвиб расидааст. Аз ҷумла, дар заминаи Конститутсияи кишвар, Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо», «Дар бораи ҳимояи ғизодиҳии табиии кӯдакон», «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак» ва ғайраҳо қабул шуда, бо ворид намудани тағйироту иловаҳо ба замони муосир мутобиқ гардонда шуданд.
Ҳамазмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Низомномаи мақомоти васояту парасторӣ», «Дар бораи барномаи давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардону занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001 — 2010», «Дар бораи тасдиқи номгӯйи бемориҳое, ки ҳангоми ба онҳо мубтало будан шахс наметавонад кӯдакро ба фарзандхонӣ қабул кунад, таҳти васоят (парасторӣ) гирад», «Дар бораи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007 — 2016», «Дар бораи Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои зиёди ҳуқуқӣ, ки ба баланд бардоштани шароитҳои иҷтимоӣ ва сатҳи зиндагии бонувон нигаронида шудааст, дар татбиқи сисёсати пешгирифтаи Сарвари давлат дар самти баланд бардоштани мақому мартабаи зан дар ҷомеаи соҳибистиқлоли кишвар нақши ниҳоят бузург бозида истодааст.
Бонувони Тоҷикистон низ бо нишони шукронаи соҳибистиқлолии кишвар ва дастгириву ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат дар арсаҳои гуногун кору фаъолият дошта, саъю талош доранд то боварии роҳбарияти олии кишварро сазовор бошанд. Мо занону модарони хушбахти даврони Истиқлолият бо шукргузори аз ин неъмати бебаҳо барои таҳким ва пойдории он ҳамеша сипар бошем. бигзор аз нури хуршеди Истиқлолият Нишони пурҷило ва Парчами парафшони давлати соҳибихтиёри мо сарбаланд боша два аз шӯълаи ҳаётбахши истиқлол рузгори мардуми кишвар осоишу баракати тоза пайдо намояд.
Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Чумҳурии Тоҷикистон Одиназода Ҳуснигул Раҷаб