Дастгирии ятимон ва бепарасторон иқдоми накуст

02 Сентябр 2021, Панҷшанбе

Дар пояи дастуру ҳидоятҳои Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пеш-вои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳ-мон дастгирии ҳамаҷонибаи соҳаи илму маориф ва табақаҳои ниёзман-ди аҳолӣ ба хотири таъмини принсипҳои давлати иҷтимоӣ дар Тоҷикис-тон ба ҳукми анъана даромадааст.
Ба ин хотир, ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давла-тии Ҷумҳурии Тоҷикистон, оғози соли нави таҳсил ва Рӯзи дониш бо ташаббуси вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии То-ҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Мир Саид Алии Ҳамадонӣ Одинаев Ҳаёт ва дастгирии ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон профессор Хушвахтзода Қ. ва ректори Донигоҳи техники Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ  профессор Давлатзода Қ.Қ. барои ҷиҳозонидани хонаи муаллимони мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони № 1 воқеъ дар деҳаи Арали ноҳияи Восеъ як маҷмӯъ маводи таълимӣ (мизи гирди маҷлисгузаронӣ, 7 мизи талабагӣ ва 28 курсӣ) харидорӣ ва туҳфа карда шуд.
Иқдоми мазкур аз сатҳи баланди масъулият ва ғамхории роҳбарони донишгоҳҳои мазкур ва вакилони мардумӣ нисбати рушду дастгирии соҳаи маориф ва табақаҳои ниёзманди аҳолӣ шаҳодат медиҳад.

Илова кунед