Эъмори давлати сирф миллии ба ормонҳои фарзанди фарзонаи миллат асосёфта

02 Сентябр 2021, Панҷшанбе

«Истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмат, рамзи саодату асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишонаи пойдориву бақои давлат мебошад».
Эмомалӣ Раҳмон
 
Мо имрӯз дар он гуна давраи ҳассос ва мушкилофаре умр ба сар мебарем, ки ҳам номусоидиҳои вазъи обу ҳаво, ҳам паҳншавии бемайлони бемории сироятии коронавирус, ҳам ҳодисаҳои пай дар пайи даҳшатангез, фоҷеабор ва ҳалокатовари табиат ва ҳам бархурди ҳамешагии тамаддунҳову низоъҳои пайвастаи дохилию геосиёсӣ шароити бе ин ҳам печидаи минтақаҳои алоҳида ва тамоми ҷаҳонро боз ҳам мураккабтар гардонида, хавфи ҳар лаҳза аз байн рафтани давлате, забоне ё миллатеро ба миён овардааст. Поймол гаштани ҳуқуқҳои инсон, зӯроварӣ дар ҷомеа ва афзудани миқдори бекорон дар ҷаҳон ин вазъи ногуворро боз ҳам шиддатноктар намуда, дар натиҷа боиси паст рафтани сатҳи зиндагии аҳолии сайёра гашта, қисми зиёди мамлакатҳоро ба буҳрони шадиди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва молиявӣ кашидааст.
Гузашти марҳилаҳои гуногуни таърихи тамаддуни олам дар масири бунёду эҳёи давлатдориву давлатсозӣ собит намудааст, ки танҳо миллат ва ё қавме ба таври созгор соҳиби манзалати хоса мегардад, ки номаи тақдирашро бо дастони хеш иншо карда бошад.
Сареҳияти комил, шарафу номус, боварию садоқат, ибтикору ташаббус ва авлавияти манфиатҳои миллату меҳан моро дар ин марҳилаи мураккаби таърихӣ бо азхуднамоии арзишҳои қаблии худ минҳайси як кишвари воҳиди мустақилу бостон соҳиби мақому мартабаи хос гардонид ва 9-уми сентябри соли 1991 миллати тоҷик Истиқлолияти давлатии худро ба даст овард. Ин санаи муҳиму арзишманд, ки дар таърихи давлатдории мо бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст, марҳила ба марҳила ба рушду инкишофи соҳаҳои муҳими хоҷагии халқ заминаҳои мусоиду устувор гузоштааст.
Вақт ҳамчун довари бузургу беназир ба раванди марҳилаҳои гуногуни ҷомеасозӣ дар ҳама давру замонҳо баҳои холисона дода, собит намудааст, ки маҳз шахсиятҳои бузург қодиранд инсонҳоро дар ҳалли масъалаҳои печидаву мураккаби сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимову фарҳангӣ раҳнамоӣ кунанд, дар қалбу дидаи мардум умед ба зиндагии шоиста ва ояндаи дурахшонро барафрӯзанд. Андеша ва садоқати азалии фарзонафарзанди миллати тоҷик, дар симои шахсияти абарманди олами сиёсии ҷаҳон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист дар ҳассостарин лаҳзаҳои душвори таърихӣ ин миллату давлатро аз маҳву парокандагӣ наҷот диҳад.
Албатта, асноду далел ва воқеияти рӯзгори аслӣ дар ин самт муаяйн намуданд, ки кишвари кӯчаки мо барои расидан ба истиқлолияти комили саросарӣ якчанд монеаҳои душвору сангинро паси сар намудааст. Бо таваҷҷуҳ ба нуктаҳои арзишманди таърихӣ ва ибтикороти меъмори сулҳаш зикр намудан бамаврид аст, ки миллати куҳанбунёди мо дар ин муноқишаҳои бесару нуги дохилӣ бори дигар ҷаҳониёнро бовар кунонид, ки тоҷикон ҳамчун моликони фарҳангу хиради азалӣ, ҳамеша ҷонибдори сулҳу ваҳдати пойдор буданд, ҳастанд ва боқӣ мемонанд.

Табиист, ки дар миёни ҷашнҳои миллии мо Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ мақом ва ҷойгоҳи махсусро касб намудаву сол аз сол қимати таърихиаш меафзоял. Зеро ин санаи таърихӣ дар саҳифаҳои соҳибистиқлолии миллиамон, яке аз рӯйдодҳои муҳиму нодири таърихи навини кишварамон ба ҳисоб меравад. Дар ин замина, ёдовар шудан бамаврид аст, ки табиатан заминаи соҳибихтиёрии саросарӣ ба дӯши кишвари тозаистиқлоли мо вазифаҳои басо мураккабу масъулиятнок гузоштааст.
Шикасти гузинаҳои идоракунӣ, набудани манбаъҳои иқтисодӣ ва фаъолияти ноустувори қонуни асосии кишвар, эҳтимолияти ҳар лаҳзаву ҳар маврид ба нестӣ бурдани миллати моро таҳдид мекард. Вале дар ин асно хидматҳои шоён ва нақши қиёснопазири Эмомалӣ Раҳмонро, ки дар заминаи набуди камтарин имкониятҳои молӣ зимни таъсису ҳастии як миллати мустақилу воҳид, таҳкими истиқлолияти давлатӣ, рушду инкишофи ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ, амалӣ намудани чор ҳадафи стратегии мамлакат: таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бумбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани мамлакат, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишварро ба роҳ мондааст, амсолашро таърихи як садсолаи охири башар ҳеҷ ёд надорад. Тоҷикон дар асоси ормонҳои ин фарзанди фарзонаи миллат марҳила ба марҳила давлати сирф миллии худро пешкаши ҷаҳониён гардониданд.
Сабақи ибратомӯзи таърих, гузаштаи пурифтихор ва афзалиятҳои давлатдории навини миллӣ бо таваҷҷуҳ аз таҷлили ҷашнҳои бузурги даврони соҳибистиқлолии кишвар шурӯъ аз 1100-солагии давлатдории Сомониён то 2500-солагии Истаравшани бостон, 2700-солагии Кӯлобу бузургдошти Соли тамаддуни Ориёӣ, 3000-солагии Ҳисор ва 5500-солагии Саразми бостон боиси омӯзишу қадршиносии ҳар як тоҷик буда, сархати роҳи устувори ояндабинӣ ва арзишҳои неки давлатдории миллиамонро муайяну бозкушоӣ намудааст. Муҳимтар аз ҳама, роҳандозии чунин чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ ва бузургдошти шахсиятҳои содиқи таърихиву сиёсӣ ва илмиву адабӣ имкон додаанд, ки бори дигар мардуми сарбаланди тоҷик решаҳои худро аз гузаштаҳои дури дур дарёфт карда, пайванди азалӣ доштани хешро ба онҳо эҳсос намуда, устувор гардонад.
Албатта, ҳеҷ ҷойи шубҳа нест, ки ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии мардуми тоҷик давоми 30 соли соҳибистиқлолии кишвар ба куллӣ тағйир ёфта, масъалаҳои муҳими хоҷагии халқ тадриҷан ҳалли худро пайдо намудаанд. Дар кишвари мо таҳти дастуру ҳидоятҳо ва кӯшишу заҳматҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раванди корҳои созандагиву бунёдкориҳо вусъати тоза гирифта, ватани мо тавассути заҳматҳои содиқонаи мардуми ватандӯсту ватанпарвар ба як кишвари рӯ ба инкишофу тараққӣ мубаддал гардидааст.
Дар ин масир, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикору ташаббус ба рафъи мушкилоти масоили умдаи сайёра камар баста, таҳти роҳбарии фарзанди раҳнамунсозаш мақому манзалати муносиберо пайдо кардааст. Воқеияти аслии дигаре, ки тавассути истиқлолияти давлатӣ барои рушду тавсеаи он имкониятҳои мусоидро фароҳам овардааст, ин мустаҳкаму устувор намудани пояҳои фарҳанги миллӣ бо иҷрои арзишҳои неки анъанаҳои ниёгонамон мебошад.
Асри ХХ1, ки давраи тараққиёти босуръати тафаккури илмиву техникӣ ва бозёфтҳои тозаи инсонӣ мебошад, ба неруи офарандаву созанда, ҷӯяндаву навовари миллати тоҷик ва ҷавонони бонангу номуси он аз ҳар вақти дигар бештар ниёз дорад. Маҳз мардуми соҳибфарҳанг ва ҷавонони соҳибмаърифату боистеъдод метавонанд хазинаи илму фарҳанги миллати хешро ғанӣ гардонида, ҳамчун ҳалқаи мустаҳкам дар занҷири маърифати наслҳо хизмат намоянд. Бо таваҷҷуҳ ба амалисозии омилҳои зикргардида ва дар шароити равандҳои пурталотуми ҷаҳонишавӣ мо бояд тафаккури солими миллиро дар зеҳни ҷавонону наврасон инкишофу тақвият бахшида, арзишҳои миллиро аз таҳдидҳои хатарбори асри нав эмин нигоҳ дорем. Зеро маҳз тавассути соҳибистиқлолии Ватан рушди иқтисоди миллии мо ба марҳилаҳои сифатан нав расида, ба дурнамои устувори бахшҳои муҳими хоҷагии халқ заминаҳои мусоиду устуворро фароҳам овардааст.
Аз ҷумла, дар ин муддат рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ рӯ ба афзоиш ниҳода, сатҳи камбизоатӣ аз 87 дарсади соли 1999 то ба 26,3 дарсад дар соли 2020 коҳиш ёфтааст, ки чунин натиҷаҳо боиси зикри махсус мебошанд.
Мусаллам аст, ки имрӯзҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷкистон таҳти дастуру ҳидоятҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷараёни корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар саросари шаҳру ноҳияҳои кишвар вусъати тоза касб намуда, татбиқи сифатноки онҳо бомаром идома дорад.
Дар маҷмӯъ, метавон гуфт, ки дастовардҳои давлату давлатдории тоҷикон тӯли солҳои соҳибистиқлолии кишвар қобили мулоҳиза ва зикри махсус мебошанд. Аз ин рӯ, бояд ҳар фарди бонангу номуси миллат бо дарки сабақи ибратомӯзи таърих аз ҳодисоти гузаштаи халқамон ва вазъияти кунунии сиёсатҳои ҷаҳонӣ шукронаи сулҳу суботи сарзамини аҷдодиямонро ба ҷой орад, ба қадри ин неъмати бебаҳои умумимиллӣ – Истиқлолияти давлатӣ бирасад ва барои ободии Тоҷикистони азиз саҳми софдилонаву содиқонаи худро бигузорад.
 

Вакилони Маҷлиси намояндагон Маҷлиси Олии Чумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Зоир, Латифзода Рустам,  Юсуфӣ Муҳаммадраҳим,  Ахмедов Мирзоанвар.

Илова кунед