Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» қабул шуд
06 Сентябр 2021, ДушанбеВакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи якуми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум, ки имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода баргузор гардид, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро қабул карданд.
Иҷлосия бо садо додани Суруди миллии Тоҷикистон ба кори худ оғоз бахшид. Баъди тасдиқи ҳайати Комиссияи баҳисобгирии овозҳои вакилон, ҳайати котибот ва гуруҳи назорати системаи ягонаи электронии овоздиҳӣ тартиби инъикоси кори иҷлосия дар Васоити Ахбори Оммаи кишвар муайян карда шуд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» нисбат ба доираи васеи маҳкумшудагон ва шахсоне, ки парвандаи онҳо таҳти таҳқиқ, тафтишоти пешакӣ ва дар баррасии судӣ қарор доранд, татбиқ мегардад.
Лоиҳаи Қонуни мазкур шахсони зеринро аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва адои ҷазо пурра озод мекунад:
– шахсоне, ки: аз бе эҳтиётӣ ҷиноят содир кардаанд;
– шахсоне, ки нисбати онҳо иҷрои ҳукм мавқуф гузошта шудааст;
– ҷазо нисбати онҳо шартан татбиқ карда нашудааст;
– ҷазоро дар колонияҳои ислоҳии сукунат адо мекунанд;
– шартан пеш аз муҳлат аз адои ҷазо озод шудаанд;
– ба ҷазои дигари ба маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманд набуда маҳкум шудаанд;
– барои ҷиноятҳои хусусияти иқтисодӣ дошта маҳкумшудаанд ва зарари моддии расонидашударо пурра талофӣ кардаанд.
Таъкид шуд, ки ҳамаи таклиф ва пешниҳоди манзургардида, бо розигӣ ва мувофиқа бо намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда шудааст.
Сипас, вакилони Маҷлиси намояндагон Рустами Шоҳмурод, Азиз Гиёзода, Рустам Латифзода, Абдуалим Ғаффоров, Гулбаҳор Ашурзода дар суханрониҳои худ изҳор доштанд, ки пешниҳоди лоиҳаи қонуни мазкур дар сиёсати демократӣ ва инсондӯстонаи Сарвари давлат баҳри амалӣ намудани меъёрҳои бунёдии Сарқонун оид ба эҳтиром, риояи ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳи инсон, бевосита амалӣ гардидани онҳо, арзиши олӣ доштани инсон шаҳодат медиҳад.
Вакилони Маҷлиси намояндагон дар суханрониҳои худ бартарияти лоиҳаи қонуни мазкурро аз қонунҳои қаблан қабулгардида шарҳ дода, ибрози боварӣ намуданд, ки баъд аз мавриди амал қарор гирифтани қонуни мазкур маҳкумшадагон ва шахсони ҷиноят содирнамуда, ки аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва аз адои минбаъдаи ҷазои ҷиноятӣ озод мешаванд ва ё ҷазои онҳо кам ва сабук мегардад, сиёсати имрӯзаи давлатро хуб дарк ва эҳсос менамоянд.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» пас аз муҳокима қабул гардид.
Бо ҳамин иҷлосияи якуми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кори худ анҷом бахшид.