Аз Шӯрои Маҷлиси намояндагон

07 Сентябр 2021, Сешанбе

Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи ғайринавбатии Шўрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истифодаи энергияиатомӣ», лоиҳаи Қонуни ҶумҳурииТоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», лоиҳаи Қонуни ҶумҳурииТоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумурии Тоҷикистон«Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон«Дар бораи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ»,  лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Зимни баррасии лоиҳаи Қонуни ҶумҳурииТоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумурии Тоҷикистон«Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» дар Шӯро таъкид гардид, ки лоиҳаи Қонуни мазкур аз ҷониби Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҳия гардида, дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ пешниҳод шудааст.

Бояд қайд намуд, ки зарурати ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонуни зикргардида ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар паёмҳояшон  26 декабри соли 2020  ва 26 январи соли 2021 ироа намуданд, инчунин дар нақша чорабиниҳо аз 20 июни соли 2019 оид ба иҷрои дастуру супоришҳо дар мулоқот бо кормандони мақомоти молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳо (10 майи соли 2019) ва дар маҷлиси ҷамъбастии Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020  равона гардида, таҳия гардидааст.

Татбиқи хароҷоти молиявии лоиҳаи қонуни мазкур дар доираи маблағҳои буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, ки ҳамасола тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ мегардад, таъмин карда мешаванд. Яъне, хароҷотҳои вобаста ба татбиқи лоиҳаи қонуни мазкур аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ маблағи иловагиро ба ғайр аз маблағҳое, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  пешбинӣ намудааст, талаб наменамояд.

Илова кунед