« Бунёди ҷомеаи муштараки Чин ва Осиёи Марказӣ бо тақдири ягона»

28 Сентябр 2021, Сешанбе

Имрӯз бо мақсади таҳкими мубодила байни мақомоти қонунгузор, мусоидат ба ҳамкориҳои парлумонию- прагматикӣ байни Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Осиёи Марказӣ, ҳамоиш дар мавзӯи « Бунёди ҷомеаи муштараки Чин ва Осиёи Марказӣ бо тақдири ягона» дар реҷаи фосилавӣ баргузор гардид.
Дар назди иштирокчиёни ин нишаст аз рӯи масъалаи рӯзнома муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим баромад намуда, иброз намуд ки баргузории нишасти имрӯза як равиши нави консептуалӣ барои навсозии саҳми мақомоти қонунгузории кишварҳои минтақаи мо дар рушди ҳамкорӣ дар масъалаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ мебошад.
Проблемаҳои баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии аҳолӣ, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти аввалиндараҷаи давлатӣ дорад  ва қабули Стратегияи Миллии Рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 яке аз афзалиятҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Ҳуҷҷати мазкур дар асоси муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи пешгӯиҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" таҳия шудааст. Самти асосии Ҳадафҳои Рушди Устувор консепсияи рушди устувори инсонӣ мебошад. Бар асоси ин, комилан решакан кардани камбизоатӣ, иваз кардани устувори нокофӣ ва пешбурди намунаҳои устувори истеъмол ва истеҳсолот, инчунин ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ барои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ вазифаҳои асосӣ ва шароити ҳаётан муҳим барои рушди устувор мебошанд.
Қодири Қосим ҳамчунин таъкид намуд, ки бо ноил шудан ба субот дар кишвар, дар тӯли чанд соли охир, ки дар он муваффақиятҳои назарраси иқтисодӣ ба даст омадаанд, баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва некӯаҳволии аҳолии кишвар ҳамчун афзалияти сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боқӣ мемонад. Бар асоси ин, дар ин масъала, мо ба ҳамкорӣ бо шарикон чӣ дар дохил ва чӣ дар сатҳи байналмилалӣ, пеш аз ҳама бо кишварҳои ҳамсоя аҳамияти ҷиддӣ медиҳем.
Аз тарафи дигар, зарур аст, ки чолишҳо ва таҳдидҳои нави ҷаҳонӣ ба назар гирифта шаванд. Ҳолатҳои фавқулодда ва офатҳои табиӣ, канда шудани муносибатҳои иқтисодӣ сабаби бӯҳрони амиқи иқтисодӣ буда, боиси харобшавии инфрасохтор, бекорӣ мегардад.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ тайи ду соли охир давраи дардноки пандемияи коронавирусро аз сар гузаронида истодааст. Он барои кишварҳои минтақаи мо аз нуқтаи назари якбора суст шудани робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, коҳиши истеҳсолот, афзоиши камбизоатӣ, бекорӣ ва афзоиши таҳдид ба амнияти озуқаворӣ озмоиши ҷиддӣ шудааст.
Ҷониби Тоҷикистон ба ҳамаи давлатҳо барои ҳамкориҳои фаъол ва босамар, инчунин барои кумак ва дастгирии онҳо, дар мубориза бо пандемия изҳори сипос менамояд.
Бӯҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ ба таври возеҳ  нишон дод, ки мустақилона мубориза бурдан бо равандҳои манфӣ, чолишҳои глобалӣ ва таҳдидҳо ба кишварҳо, бахусус кишварҳои рӯ ба тараққӣ ниҳоят душвор аст.
Дар баробари чораҳои андешидашуда дар кишвар, Тоҷикистон омода аст, ки бо давлатҳои ҳамсоя барои расидан ба ҳадафҳои дар Стратегияи рушд гузошташуда ҳамкорӣ кунад. Калиди муваффақияти умумии мо дар таҳкими муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд, ки ба беҳбуди зиндагии халқҳоямон ва таъмини амнияти кафолатноки онҳо нигаронида шудаанд, мебошад.
Мо аз давлатҳои ҳамсоя - шарикони рушди худ даъват мекунем, ки оқибатҳои бӯҳрони иқтисодиро паси сар кунанд ва ба роҳи асосии рушди устувор, ба ҳамкории васеъ ва татбиқи барномаву лоиҳаҳои муштарак ворид шаванд.
Ҳамчун самтҳои ояндадори ҳамкорӣ мо пешниҳод менамоем, ки дар минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи лоиҳаҳои иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, корхонаҳои истихроҷ ва коркарди маъданҳо ва сангҳои қиматбаҳо, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ пешниҳод карда шаванд.
Ҷониби Тоҷикистон ҳамчунин пешниҳод менамояд, ки ҳамкорӣ дар чунин соҳаҳо ба мисли иқтисоди рақамӣ, тадқиқоти технологӣ ва рушд, тиҷорати электронӣ, саноати муосири хизматрасонӣ, бизнес-инкубатсия ва ғайра мусоидат намояд.
Дар охир мехоҳам ҳамкасбони туркманамонро бо Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ ва ҳамкасбони Чинии худро бо Рӯзи дарпешистодаи Ҷумҳурии Мардумии Чин табрик гуфта,  ба онҳо бахту саодат, нашъунамо орзу намоям.
Бори дигар мехоҳам ба ҷониби Чин барои ташкили мулоқоти имрӯза изҳори сипос намоям ва итминон дорам, ки бо саъю кӯшиши муштараки мо дар ин соҳаи олӣ ва ҳаётан муҳим дастовардҳои зиёде ба даст хоҳем овард. Ба ҳамаи мо муоширати босамар, комёбиҳои таманно дорам,-гуфт дар фарҷом муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим.
Аз рӯи масъалаи рӯзномаи ҳамоиши мазкур, дар назди иштирокчиёни ҷаласа намояндагони парлумонҳои кишварҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин, Туркманистон, Узбекистон, Қазоқистон ва дигар кишварҳо баромад намуданд.
Дар ҳамоиш ҳамчунин аъзои гурӯҳи дустии Маҷлиси намояндагон бо парлумони Ҷумҳурии Мардумии Чин Насиба Содиқӣ, Рустам Латифзода ва Ғиёсиддин Шарифзода иштирок ва суханрони карданд.

Илова кунед