Масъалаҳои забони давлатӣ дар Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

05 Октябр 2021, Сешанбе

Забони давлатӣ ҳамчун рукни муҳимми давлатдорӣ ва муқаддасоти миллии ҳар як давлату миллат маҳсуб меёбад. Мутобиқи қисми якуми моддаи 2 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ эътироф гардидааст. Ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор аст забони давлатиро донад ва онро эҳтирому арҷгузорӣ намояд.
Бояд иброз намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи мулоқоту вохӯриҳо ва суҳбату суханрониҳо, бахусус, зимни ироаи паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи забони давлатӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд ва баҳри ҳифзу гиромидошт ва поку беолоиш нигоҳ доштани забони ноби тоҷикӣ дастуру машваратҳо дода, ҷиҳати рушди ҳамаҷонибаи он тадбирҳои зарурӣ меандешанд.
Президенти мамлакат дар Паёми нахустинашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 27-уми апрели соли 2000 перомуни таърихи густариши забони тоҷикӣ сухан карда, чунин ибрози ақида намуданд: «Таърих гувоҳ аст, ки халқи тоҷик аз қаъри асрҳо то имрӯз симои миллии худро пеш аз ҳама тавассути фарҳанг нигоҳ доштааст, забони миллии худро ҳифз кардаву густариш додааст ва дар байни халқу миллатҳои дигар соҳиби нуфузу эътибор гаштааст».
Қобили тазаккур аст, ки нақши забони давлатӣ дар фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ, алалхусус техникаи қонунгузорӣ бузург мебошад. Бинобар ин, дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16-уми апрели соли 2005 оид ба масъалаи таҳияву пешниҳоди лоиҳаи қонунҳо ба забони давлатӣ ва истифодаи дурусту якхелаи истилоҳоти ҳуқуқӣ чунин таъкид мегардад: «Масъалаи дигаре, ки ҳангоми қонунэҷодкунӣ ба мушоҳида мерасад ва ҳалли ҷиддии худро тақозо мекунад, ин таҳия ва пешниҳоди лоиҳаи қонунҳо ба забони давлатӣ, истифодаи якхелаи истилоҳоти ҳуқуқӣ, таъмини низоми мантиқии меъёрҳои қонун мебошад, ки дар маҷмӯъ, сифати қонунҳоро муайян мекунанд».
Мусаллам аст, ки баланд бардоштани сифати қонун аз забони он низ вобастагии зиёд дорад, чунки бо риояи услуби расмии забони адабӣ, сода ва равону фаҳмо ифода кардани забони қонун ва бо истифода аз вожаву ибороти оммафаҳм тартиб додани истилоҳоти он шарҳу тафсири ҳаргунаи меъёрҳоро истисно карда, дар амал татбиқ намудани қонуни дахлдорро осон мегардонад.
Аз ин лиҳоз, дар матни қонун истифода кардани забони гуфтугӯи халқӣ (лаҳҷавӣ ва шевагӣ), ифодаҳои маҷозӣ ва пуробуранг, мафҳумҳои (истилоҳоти) мухталифи ҳаммаъно, истифодаи калимаву истилоҳоти бегонаи ғайримаъмул дар ҳолати дар забони давлатӣ мавҷуд будани ин гуна калимаву истилоҳот, ибора ва таркибҳои норавшан, мулоҳизот ва хитобу даъватҳои умумӣ ҷоиз намебошад.
Мавриди ёдоварист, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи ба забони давлатӣ қабул гардидани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ махсус қайд шудааст. Аз ҷумла, дар моддаи 6-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва моддаи 49-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» омадааст, ки матни санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони давлатӣ таҳия ва қабул карда мешаванд.
Интишори расмии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба забони давлатӣ ва тарҷумаи онҳо ба забони русӣ сурат мегирад ва ҳангоми зарурат тарҷумаи онҳо ба дигар забонҳо аз тарафи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15-уми апрели соли 2009 роҷеъ ба Қонуни забони Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 22-юми июли соли 1989), ки қабл аз соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон қабул шуда буд ва дар бобати таҳкими ҷойгоҳи забони давлатӣ ва густариши баъдинаи он дар даврони соҳибистиқлолӣ хотирнишон карданд: «Бо дарназардошти он, ки Қонуни забон пеш аз соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон қабул шуда, имрӯз ба талабот пурра ҷавобгӯ нест, мо бо иштироки олимони забоншинос ва ҳуқуқшиносон лоиҳаи наву мукаммали онро таҳия карда истодаем, ки он дар арафаи анҷомёбист. Итминони комил дорам, ки санади зикршуда барои таҳкими мақоми забони давлатӣ такони ҷиддӣ бахшида, барои густариши минбаъдаи он заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ ба вуҷуд меорад».
Инчунин Сарвари давлат дар ҳамин Паём барҳақ тазаккур доданд, ки «... бе рушди забони давлатӣ ҳамчун рукни муҳимми таҳкими худшиносии миллӣ ва давлатдорӣ мо ба маънои томаш соҳибистиқлол буда наметавонем. Аз ин рӯ, риояи меъёрҳои забони адабӣ, пеш аз ҳама, масъулияти бевоситаи ҳар як роҳбару корманди тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, воситаҳои ахбори омма ва ҳар як зиёӣ мебошад. Инро ҳар як фарди бонангу номуси миллат, ки ба ояндаи неки Ватан хушбин аст ва мехоҳад давлаташ комилан соҳибистиқлолу мутараққӣ бошад, бояд дарк намояд».
Ҳамин тавр, Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (5-уми октябри соли 2009) қабул гардид. Қонуни мазкур аз 7 боб ва 28 модда иборат буда, дар он вазъи ҳуқуқии забони давлатӣ муайян ва истифодаи он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим ёфтааст. Қонуни номбурда мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин шахсони ҳуқуқиро новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ вазифадор менамояд, ки барои омӯхтани забони давлатӣ ва такмили забондонии кормандон шароит фароҳам созанд. Забони давлатӣ дар ҳама соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мешавад. Ҳангоми истифодаи забони давлатӣ риояи муқаррароти қоидаҳои имлои забони адабӣ ҳатмист.
Пас аз қабул гардидани Қонуни зикршуда барои татбиқи самараноки он бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31-уми октябри соли 2009, таҳти №604 дар назди Ҳукумати мамлакат Кумитаи забон ва истилоҳот таъсис дода шуд. Кумита вазифаи пешбурди сиёсати давлат ва ба танзим даровардани меъёрҳои ҳуқуқиро марбут ба забони давлатӣ амалӣ менамояд. Ҳамзамон, дар доираи ваколаташ оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, вазорату идораҳо ва корхонаву муассисаҳо, новобаста ба шакли моликияташон назорат мебарад ва маълумот талаб мекунад.
Дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26-уми апрели соли 2013 Роҳбари давлат яке аз талаботи асосии тахассусӣ ҳангоми хоста гирифтан ва ҷобаҷогузории кадрҳои хизмати давлатиро дар сатҳи хуб донистани забони давлатӣ таъкид менамоянд. «Ҳангоми хостагирӣ ва ҷобаҷокунии кадрҳо маҳз дараҷаи баланди касбӣ, донишҳои васеи муосир, дар сатҳи хуб донистани забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои замонавӣ, дараҷаи баланди масъулиятшиносиву ватандӯстӣ, поквиҷдонӣ ва оштинопазирӣ нисбат ба ҳолатҳои коррупсионӣ бояд меъёрҳои асосӣ гарданд».
Дар ҳамин Паём яке аз ҳадафҳо ва самтҳои асосии марҳалаи рушди давлатдорӣ ҳифзу гиромидошти муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла забони давлатӣ, ҳамчун забони шево ва ширину шоиронаи тоҷикӣ баён гардид. Зеро ба таъкиди Сарвари давлат «... забони тоҷикӣ дар баробари дигар муқаддасоти миллии мо рамзи давлатдорӣ, ҳуввияти миллӣ, кафили мавҷудияти фарҳанги оламшумул ва мояи ифтихори мо - тоҷикон аст. Забони мо дар марҳалаҳои ҳассоси таърихи халқамон ҳамеша нақши тақдирсоз бозида, аҷдоди бошарафу тамаддунсози моро аз гирдоби ҳаводиси пуртазоди асрҳои миёна то ба имрӯз эмин нигоҳ доштааст. Ин аст, ки мо дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ оид ба эҳё ва густариши забони давлатиамон силсилаи тадбирҳои судмандро амалӣ намудем.
Дар баробари ин, мо борҳо иброз доштаем, ки донистани забонҳои дигар, махсусан забонҳои русӣ ва англисӣ барои наврасону ҷавонони мо зарурати воқеии рӯз аст. Аммо ин тамоюл набояд сабаби ба забони шевои тоҷикӣ роҳ ёфтани унсурҳои нозарури бегона гардад. Аз ин рӯ, мо дар оянда низ дар самти ҳифзу гиромидошт, тозагии забони давлатӣ ва рушди ҳамаҷонибаи он ҳамаи иқдомоти заруриро амалӣ хоҳем кард».
Қобили зикри хос аст, ки саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баланд бардоштани мақому манзалати забони тоҷикӣ бағоят бузург мебошад. Зеро аз ҷониби ин фарзанди фарзонаи миллат ва маорифпарвар асари мондагору арзишманд «Забони миллат – ҳастии миллат» таълиф гардид, ки дар он оид ба марҳалаҳои таърихи густариш ва саҳифаҳои номакшуфи вазъи забони тоҷикӣ тадқиқоти мукаммали илмӣ анҷом дода шудааст. Муаллиф дар ин асар ба забони шевои шоиронаи тоҷикӣ баҳои баланд дода, дар сарсухани он бо ифтихору сарафрозӣ чунин менависад: «Барои ман забони тоҷикӣ на танҳо воситаи гуфтугӯю муошират ба шумор меравад, балки болотар аз он, шиносномаи миллати азизам, рӯҳи поки гузаштагонам ва оинаи осори ниёконам мебошад. Аз ин рӯ, ман ба ин забони шевои шоирона сидқан арҷ мегузорам, бо ҳисси баланди ватандӯстӣ аз минбарҳои баланд бо ин забон сухан мегӯям, аз лаҳни шаккарину дилнишинаш лаззати маънавӣ мебарам ва ҳастиамро бо ҳастии забонам пайванд дониста, ин гавҳари хушоб ва дурри ҷаҳонтобро пайваста ситоиш ва тарғиб менамоям. Ба ин хотир доир ба таърихи ташаккули забони тоҷикӣ мақолаву асарҳо таълиф менамоям, дар ҳар суханрониям бузургию тавоноии онро таъкид месозам ва барои хифзу ҳимояаш талош мекунам».
Бояд ёдовар шуд, ки бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ 22-юми майи соли 2016 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикстон тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шуданд, ки яке аз ҳадафҳои он ба забони сода ва равону фаҳмо баён намудани мафҳуму истилоҳот ва вожаву ибораҳои дар матни Конститутсия истифодашуда, риоя шудани услуби расмии забони адабӣ ва истилоҳоти ҳуқуқӣ ва дар маҷмӯъ, таҳкими мақоми забони давлатӣ иборат буданд.
Тибқи маълумот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи наздик ба 70 фоизи  аҳолиро ҷавонон ташкил медиҳанд ва онҳо ояндаи давлату миллат мебошанд. Бинобар ин, ҷавонони моро зарур аст, ки муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла забони давлатиро ҳифз намоянд, ба он арҷ гузоранд ва онро поку беолоиш нигоҳ доранд. Дар ҳамин замина, дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикстон 22-юми декабри соли 2016 Сарвари давлат ба ҷавонони мамлакат рӯ оварда, иброз намуданд, ки «ҷавонони мо дар ҳар ҷое, ки бошанд, бояд ҳисси баланди миллӣ дошта бошанд, бо Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд».
Дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикстон 26-уми декабри соли 2019 низ ба масъалаи забони давлатӣ эътибори махсус дода мешавад. Ва зимни ироаи Паём Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамаи шаҳрвандони кишвар даъват ба амал оварданд, ки «мо бояд забони шево ва шоиронаи тоҷикиро мисли модар ва Ватани худ дӯст дорем ва онро ҳамчун гавҳари бебаҳои ҳастиамон ҳифз кунем. Забон ойинаест, ки дар он симои пурҷилои миллат равшан инъикос мешавад ва мо бояд ба қадри ин нишонаи ҳастии миллатамон расем».
Дар паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба омӯхтани забонҳои хориҷӣ, бахусус забонҳои русӣ ва англисӣ диққати махсус дода мешавад ва таъкид мегардад, ки омӯзиши забонҳои хориҷӣ набояд унсурҳои нолозими бегонаро ба забони давлатӣ ворид созанд ва ҳифзу ҳимояи он бояд дар дараҷаи аввал қарор дошта бошад. Чунончи, дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26-уми январи соли 2021 Роҳбари давлат муҷаддадан роҷеъ ба масоили забони давлатӣ ва рушду пешрафти он инчунин омӯзиши забонҳои хориҷӣ сухан карда, закр намуданд,  ки «Мо бояд ба рушди забони шево ва шоиронаи тоҷикӣ низ эътибори аввалиндараҷа диҳем. Чунки забони давлатӣ яке аз сарватҳои муқаддас ва гаронбаҳотарини мо мебошад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ, яъне таҳоҷуми фарҳангиву забонӣ моро зарур аст, ки баробари омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русӣ ва англисӣ барои пешрафти забони тоҷикӣ ва тавсеаи доираи истифодаи он мунтазам кӯшиш ва ғамхорӣ намоем.
Хотирнишон месозам, ки ин вазифаи ҳар як фарди ватандӯст, аз ҷумла, падару модарон, омӯзгорон, аҳли маориф, илм, зиёиёни кишвар, кормандони воситаҳои ахбори омма ва адибону олимони мамлакат мебошад».
Бешак, дар шароити кунунӣ омӯзиш ва аз бар кардани забонҳои хориҷӣ, бавижа забонҳои русӣ ва англисӣ зарур буда, ба боло рафтани донишу фаҳмиш ва ҷаҳонбинии шахс мусоидат менамояд. Аммо чунин ҳолати кор набояд ба забони давлатӣ таъсири манфӣ расонад. Ҳар шахс бояд қабл аз ҳама забони давлатии худро бо ҳамаи ҷузъиёташ донад ва ҳифз намояд. Ҳақ бар ҷониби шоир Тошхӯҷа Асирӣ аст, ки чунин навишта буд:
Ҳар кас ба забони худ сухандон гардад,
Донистани сад забон осон гардад.
Бояд қайд кард, ки ҳоло тоҷикон берун аз кишвар дар дигар мамлакатҳои ҷаҳон кору зиндагӣ дошта, хушбахтона, урфу одат ва фарҳанги миллиро дар маҷмӯъ, ба ҷаҳониён муаррифӣ месозанд. Табиист, ки дар муҳите, ки ба забони модарӣ кам муколамаву муошират карда шавад, албатта ба соҳиби он забон таъсири манфӣ мерасонад. Бинобар ин, сафирон ва дигар ҷамъиятҳои тоҷикон дар ин ё он кишвари ҷаҳонро зарур аст, ки бо тоҷикони сокини муқимми он кишварҳо ҳамкориро бештар роҳандозӣ намуда, дар байни онҳо ҳисси милливу ватандӯстӣ ва арҷгузориву дӯст доштани муқаддасоти миллӣ, алалхусус забони тоҷикиро тарғибу ташвиқ намоянд.
Ҳамзамон хуб мешуд, ки мақомоти дахлдор ва масъулин асарҳои илмиву бадеӣ, китобҳои дигар, ки дар самтҳои гуногун таълиф ёфтаанд, инчунин китобҳои махсус барои кӯдаконро бо забони ширину шевои тоҷикӣ дар шабакаи ҷаҳонии интернет ҷойгир созанд, то ки тоҷикони бурунмарзӣ ва фарзандони онҳо дар дилхоҳ кишвари дунё озодона аз онҳо истифода бурда, бад ин васила забони модарии худро ҳифзу ҳимоя ва арҷгузорӣ намуда, аз забон гумкардагӣ эмин бошанд. Зеро равоншод Лоиқ Шералӣ барҳақ иброз доштааст:
Заҳр бодо шири модар бар касе,
К-ӯ забони модарӣ гум кардааст.
Хулоса, паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти сиёсиву ҳуқуқӣ ва ахлоқиву тарбиявӣ дошта, моро ба ватандӯстиву ватанпарастӣ, худшиносиву худогоҳӣ, эҳтиром гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, ҳифзу арҷгузорӣ ва поку беолоиш нигоҳ доштани забони давлатӣ ва рушди он ҳидоят менамоянд.
 
 
 
Фирӯз Сайнозимзода,
мушовири калони Кумитаи Маҷлиси
намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон
 

Илова кунед