Масъалаҳои экологӣ баррасӣ гардиданд

06 Октябр 2021, Чоршанбе

Аз 30-ӯми сентябр то  1-ӯми октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Туркистони Ҷумҳурии Қазоқистон  анҷумани «Ҳамкории минтақавӣ ва амали муштарак барои коҳиш додани карбон» баргузор гардид.
Дар кори ин ҳамоиши байналмилалӣ Раиси комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадраҳим Юсуфӣ иштирок ва суханронӣ намуд.
Муҳаммадраҳим Юсуфӣ зимни баромади хеш иброз намуд, ки таъсири афзояндаи оқибатҳои тағйирёбии иқлим ба вазъи идораи устувори захираҳои об ва замин, гуногунии биологӣ, саломатии аҳолӣ, кам шудани хатар аз офатҳои табиии вобаста ба об дар навбати аввал ҳангоми ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои қонунгузорӣ чиҳати мукаммалгардонии онҳо ба инобат гирифта мешавад.
Тағйирёбии иқлим ба захираҳои оби минтақа таъсири калон мерасонад. Нишондиҳандаи асосии  ин ҷараён обшавии бошиддати пиряхҳо бо сабаби гармшавии умумӣ ба ҳисоб меравад.
Мехостам бори дигар диққати Шуморо  ба пиряхҳои Помир ҷалб намоям. Пиряхҳои Тоҷикистон на фақат сарчашмаи асосии ташаккулёбии захираҳои оби дарёҳои Осиёи Марказӣ мебошанд. Ин иншооти нодири табиӣ аҳамияти муҳимми иқлимофарӣ ва илмии хусусияти минтақавӣ ва глобалиро доро мебошанд.

Илова кунед