Маҳмадтоир Зокирзода ба Ҷумҳурии Туркия сафар намуд

12 Октябр 2021, Сешанбе

Субҳи имрӯз ҳайати парлумонии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо сафари корӣ ба Ҷумҳурии Туркия сафар намуд.
Тибқи иттилои котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳамадато Султонов  сафари мазкур бо даъвати Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия Мустафо Шентоп аз таърихи 12 то 15 октябри  соли ҷорӣ амалӣ  мегардад. Ба ҳайат  Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода, вакилони Маҷлиси намояндагон  Мавлудахон Мирзозода  ва Мирзоанвар Ахмедов шомиланд.
Дар назар аст, ки Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода  зимни ин сафар бо Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия Мустафо Шентоп, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия  Мавлуд Човушоғлу
ва дигар намояндагони воломақоми Ҳукумати ин кишвар дидору мулоқотҳо анҷом диҳад.
Ёдовар мешавем, ки Ҷумҳурии Туркия барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун яке аз шарикони афзалиятнок ба ҳисоб меравад. Байни ду кишвар дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла иқтисодиёт, тиҷорат, энергетика, саноат, маориф, фарҳанг ҳамкориҳо самарабахш идома доранд. Ҳамкорӣ ва дастгирии доимии ҳарду кишвар дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва форумҳо, хусусан дар доираи ҷаласаҳои Созмони Милали Муттаҳид мусбат арзёбӣ мегарданд.
29 январи соли 1992 Ҷумҳурии Туркия истиқлолияти Тоҷикистонро ба расмият шинохт, ҳамзамон байни ду кишвар муносибатҳои дипломатӣ барқарор гардиданд. Худи ҳамон сол
Сафорати Ҷумҳурии Туркия дар Душанбе ба фаъолият шурӯъ намуд. Моҳи декабри соли 1995 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Анкара ифтитоҳ гардид. Инчунин соли 2011 Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Истамбул ба кор шурӯъ кард.
Умуман муносибатҳои байни Тоҷикистон ва Туркия имкони густариш ёфтанро доро буда, ду кишвар омода ҳастанд уфуқҳои навро дар ин ҷода фатҳ кунанд.

Илова кунед