Мулоқоти Маҳмадтоир Зокирзода бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Мавлуд Човушоғлу

13 Октябр 2021, Чоршанбе

Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода, ки бо сафари корӣ дар Ҷумҳурии Туркия қарор дорад, бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Мавлуд Човушоғлу мулоқот кард.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои ду кишвар дар ҳамаи соҳаҳо мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифтанд.
Раиси Маҷлиси намояндагон иброз дошт, ки « - Мо аз саҳм ва талошҳои муҳтарами Шумо ҷаноби Вазир дар пешбурди ҳамкориҳои дӯстонаи Тоҷикистону Туркия, ки аз қаъри таърих реша мегиранд, изҳори сипос менамоем.
Дар муносибатҳои байнидавлатии мо фазои мусоиди эътимод, заминаи зарурии сиёсию ҳуқуқӣ ва василаҳои таъмини ҳамкории мутақобилан судманд фароҳам оварда шудааст. Мо аз ин сатҳи ҳамкориҳо изҳори қаноатмандӣ менамоем”.
Имрӯз,-гуфт Раиси Маҷлиси намояндагон, Ҷумҳурии Туркияро таҳти роҳбарии хирадмандонаи Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдуғон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ дар олами ислому миқёси байналмилалӣ, саҳми шоиста ва мақому  манзалати хосаи он касро дар ҳалли мушкилоти дунёи муосир ва пешбурди робитаҳои созанда бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хуби мешиносанд.
Мо омодаем, ки баҳри таҳкиму густариши бештари муносибатҳои байни кишварҳоямон талошҳои муштарак ба харҷ диҳем.
Механизми муҳими ҳамкорӣ байни ду кишвари мо Комиссияи байниҳукуматии ТоҷикистонуТуркия оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ мебошад, ки нишасти нахустини он моҳисентябри соли 2000 барпо шуда, то имрӯз даҳ ҷаласаи он баргузор гардид.
Маълум аст, ки дар замони муосир ба роҳ мондану пешбурдани тиҷорату ҳамкориҳои васеи иқтисодию сармоягузорӣ омили муассири рушди муносибатҳои дӯстона ва шарикӣ байни кишварҳоямон маҳсуб меёбанд.
Аз ин лиҳоз, ҷониби Тоҷикистон алоқамандаст, ки дар ин соҳаҳо ҳамкориҳоро бо Ҷумҳурии Туркия ба сатҳи шарикии наздик бардорад. 
Воқеан мо тамоми имконотро дорем, ки ҳамкории ҳамаҷонибаро дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, кишоварзӣ ва рушду беҳсозии зерсохторҳои нақлиётию энергетикии дорои аҳамияти минтақавӣ ба роҳ монем. Ин ба нафъи дўстии таърихӣ ва шукуфоии беш аз пеши мардумони дукишвари мо мебошад. 
Парламенти Тоҷикистон,-гуфт Маҳмадтоир Зокирзода,-  ҷиҳати густариши бештари муносибатҳою ҳамкорӣ бо Маҷлиси Бузурги Миллии Ҷумҳурии Туркия омода аст, ки пояҳои қарордодиву ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаро таҳким бахшад.
То ба имрӯз зиёда аз 70 санади дуҷонибаи ҳамкорӣ байни ду кишвари дӯст ба имзорасидааст.
Дар баррасии ҷонибҳо ҳоло пешнависи 30 санади дигар қарор дошта, тавре шоҳид ҳастем дар ин рўзҳо дар пойтахти кишвари мо, шаҳри Душанбе баргузории ҷаласаи 11-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ баргузор гардида баррасии 1 созишнома ва баимзорасонии 2 ёддошти тафоҳум дар назар аст.
Чанде аз санадҳое, дар баррасии ҷонибҳо қарор доарнд, ки метавонанд ҳамкориҳои моро ба сатҳи нави ҳамкорӣ бароранд, ин:
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Туркия оид ба ҳамкориҳои ҳарбӣ;
Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Туркия ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи минтақаҳои озоди иқтисодӣ;
Лоиҳаи Протокол оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба “Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи алоқаи ҳавоӣ” аз 10.09.1995;
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Туркия оид ба бекор кардани раводид.
Барои мисол бо имзои Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Туркия ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи минтақаҳои озоди иқтисодӣ, боиси таъкид аст, ки барои густариши минбаъдаи ҳамкориҳо дар татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории муштарак дар минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон имкониятҳои мусоид фароҳаманд.
Мо ҳамзамон ба омӯзиши таҷрибаи кишвари бародар дар раванди рушди минтақаҳои озоди иқтисодии Туркия низ манфиатдорем.
Мусаллам аст, ки дар ин раванд тамосҳои мунтазами сатҳи оливу баланд, аз ҷумла дар ҷодаи робитаҳои байнипарлумонӣ аҳамияти хосса доранд.
Сармоягузории ширкати “Кока-Кола Ичеҷек А.С.” барои сохтмони корхонаи истеҳсоли нушокиҳои ғайримашруботии “Кока-Кола Нушокиҳои Тоҷикистон” мавқеи муҳим дошта, тамоюли воқеии рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни ду кишварро таъкид менамояд.
Мо ҷонибдори рушди минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд, тавсеаи шарикии дарозмуддат (то андозае стратегӣ) бо кишвари дӯст ва бародари Туркия мебошем. Ин ҳадаф аз самтҳои авлавиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки дар консепсияи сиёсати хориҷии кишвари мо таъкид гардидааст.
Раиси Маҷлиси намояндагон ҳамчунин афзуд, ки “-Мо ба идомаи таъсиси корхонаҳои муштарак бо ҷониби Туркия дар соҳаҳои коркарди пахта, алюминий, чарм, маъдан, аз ҷумла тилло ва нуқра, бофти қолин ва гилеми дастӣ, бо дарназардошти таҷрибаи бойи кишвари бародар, ба мақсади иқтеҳсоли маҳсулоти тайёр манфиатдорем”.
Мо боварӣ дорем, ки дар асоси таҷрибаи муваффақи ҳамкории дуҷониба байни ду кишвар, мо бояд минбаъд ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн низ кушиш ба харҷ диҳем.
Имрўз дар Маҷлиси намояндагон гурўҳи дўстӣ ва ҳамкорӣ бо Маҷлиси Бузурги Миллии Ҷумҳурии Туркия фаъолият дорад ва аъзоёни ин гурўҳ дар ҳайати парламентиии мо низ шомиланд.
Мехоҳам дар роҳи амалӣ гардонидани орзую омоли мардуми кишвари дўсти Туркия баҳри таъмини субот ва рушди устувормуваффақиятҳо орзу намоям, -гуфт дар интиҳо Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода.
Дар ҷараёни мулоқот маҷмуъи васеи масоили ҳамкории кишварҳо дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар доираи ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ, инчунин дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Таъкид гардид, ки муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Туркия дар сатҳи боварибахш рушд карда истодааст ва ҳукумат ва мардумони ду кишвар аз таҳкиму тавсеаи робитаҳо қаноатманд ҳастанд.
Дар мулоқот Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода, вакилони Маҷлиси намояндагон  Мавлудахон Мирзозода  ва Мирзоанвар Ахмедов ва Сардори раёсати робитаҳои хориҷӣ, байнипарламентӣ, ташрифотӣ ва ташкили кори Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Наҷибулло Оқилзода иштирок намуданд.

 

Илова кунед