Созишнома мавриди баррасӣ қарор гирифт
18 Октябр 2021, ДушанбеИмрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид, ки дар он Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи пешниҳоди кумаки бебозгашт мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар ҷаласаи Шӯро таъкид гардид, ки лоиҳаи қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси лоиҳзи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи пешниҳоди кумаки бебозгашт», ки аз ҳисоби маблағҳои грантии Ҷумҳурии Мардумии Чин маблағгузорӣ мегардад, аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 июли соли 2021, омода карда шуд.
Созишномаи мазкур бо сафарбаркунонии ҳайати коршиносони хитоӣ ҷиҳати омодасозии лоиҳаи Асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳуриии Мардумии Чин пешниҳоди кумаки бебозгаштро дар ҳаҷми ҳаштсад миллион юани хитоӣ (800 000 000) пешбинӣ намудааст.
Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷудо намудани кумаки молиявии бебозгашти иловагӣ лоиҳа оид ба сохтмони майдонҳои қисман калидии марҳилаи дуюми роҳи автомобилгарди Душанбе-Кулма, қитъаи Кальаи Хумб-Ванч ва татбиқи лоиҳаҳои дигари басозишрасидаро пешниҳод намудааст.
Лоиҳаи қарори мазкур тибқи талаботи бандҳои 13, 14 ва 15 «Тартиби гузаронидани экспертизаи зидди коррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштаи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ,мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии хукукй», ки бо карори Хукумати Чумхурии Точикистон аз 3 июни соли 2014, тасдиқ шудааст, мавриди экспертизахои давлатии зиддикоррупсионй карор дода дар он омилхои ба вучудоварандаи коррупсия ошкор карда нашудааст. Бинобар ин лоихаи карори Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон пешниход мегардад.