Лоиҳаи Консепсияи рушди устувор барои кишварҳои узви ИДМ аз ҷониби вакилони парлумон тасдиқ карда шуд

22 Октябр 2021, Ҷумъа

Имрӯз дар қароргоҳи Ассамблеяи Байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Руссия ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи Байнипарлумонӣ оид ба омӯзиши таҷрибаи сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, таҳти раёсати Валентин Семеняко- Раиси комиссияи мазкур, Раиси Комиссияи доимии Палатаи намояндагони Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Беларус оид ба сохтори давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ   баргузор шуд.
Файзалӣ Идизода-Раиси кумита оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҷаласа муовини раиси комиссия интихоб шуд.
Вакилони парлумон лоиҳаҳои Консепсияи рушди устувор барои кишварҳои узви ИДМ-ро  бо назардошти пешниҳоду эродҳои расида баррасӣ ва тасдиқ карданд. Қарор дода шуд, ки аз Шӯрои Ассамблеяи Байнипарлумонӣ  ИДМ дархост карда шавад, ки масъалаи ин лоиҳаҳоро ба рӯзномаи ҷаласаи пленарии навбатии АБ  ИДМ ворид кунанд.
Дар соли 2021, комиссия ба коркарди лоиҳаҳои нави ҳуҷҷатҳои интихоботӣ оғоз кард.
Дар ҷаласа ҳамчунин лоиҳаи Қонуни намунавӣ "Дар бораи мушоҳидаи байналмилалӣ", ки аз ҷониби узви Кумитаи Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия оид ба қонунгузории конститутсионӣ ва сохтори давлатӣ Олег Цепкин пешниҳод шудааст баррасӣ гардид. Иштироккунандагони ҷаласа рафти кор роҷеъ ба лоиҳаи таҳрири нави «Тавсияҳо барои нозирони байналмилалӣ аз ИДМ оид ба мушоҳидаҳои интихобот ва раъйпурсиро низ мавриди омӯзиш қарор доданд. Муовини сардори Котиботи Шӯрои АБ ИДМ - Директори Институти байналмилалии мониторинги рушди демократия Иван Мушкет роҷеъ ба масъалаҳои зикршуда ахбороти муфассал дод.
Бори аввал дар ҷаласаи комиссияи мазкур лоиҳаҳои қонунҳои намунавӣ  "Дар бораи хадамоти давлатӣ ва мунисипалӣ", "Дар бораи расмиёти маъмурӣ", "Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ ва коммуналӣ", "Дар бораи мукофотҳои мунисипалӣ"  муаррифи гардиданд.  Сенатори Руссия Александр Савин ба ҳамкасбони худ ҷанбаҳои калидии ин ҳуҷҷатҳоро нақл кард. Омӯзиши корҳо оид ба лоиҳаҳои қонунҳо идома хоҳанд ёфт.
Аъзоёни комиссия инчунин бо маълумот дар бораи татбиқи Консепсияи ҳамкории байниминтақавӣ ва наздисарҳадии кишварҳои узви ИДМ дар давраи то соли 2020 ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи он шинос шуданд. Аз соли 2000 инҷониб мавзӯи ҳамкории байниминтақавӣ ва наздисарҳадӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти комиссия ба ҳисоб меравад.
Вакилони парлумон худи ҳамин рӯз дар конфронси "Симои шаҳри муоссир" бахшида ба Соли меъморӣ ва рушди шаҳрсозӣ дар ИДМ, ки дар Петергоф баргузор мешавад, иштирок мекунанд.

Илова кунед