Мулоқоти Маҳмадтоир Зокирзода бо раисони кумитаҳо ва комиссияҳо оид ба мудофиа ва амнияти парлумонҳои давлатҳои аъзои СААД

22 Октябр 2021, Ҷумъа

Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо ҳайати Маҷлиси ҳамоҳангсози раисони кумитаҳо (комиссияҳо) оид ба мудофиа ва амнияти парламентҳои кишварҳои узви СААД дар назди Шӯрои Ассамблеяи Парламентии СААД, ки дар ҷумҳурии мо бо сафари кори қарор доранд мулоқот намуд.
 «- Калиди муваффақияти ин ҳама комёбиҳо  пеш аз ҳама, мавҷудияти иродаи қавӣ ва қатъии сиёсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад»-иброз намуд Маҳмадтоир Зокирзода.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, вазъи муҳими вазъро дар Афғонистон таҳлил карда, иброз намуд:
"Мутаассифона, он чи ки дар Афғонистон рух медиҳад, хатари лағжиш ба вазъиятро афзун мекунад, ки ин кишвар метавонад дубора ба майдони терроризми байналмилалӣ табдил ёбад.
Ҷанг дар Афғонистон зиёда аз чилу панҷ  сол идома дорад ва он чизе ки ҳоло дар ин кишвар рух дода истодааст, айби мардуми афғон нест, балки оқибатҳои бозиҳои бузурги геополитикӣ аст ва агар Шумо вазъро беназорат гузоред , пас кафолате нест, ки ҳаводиси ду ҳазору як такрор нашаванд.
Ман аз ҳама шарикон даъват мекунам, ки дар атрофи Афғонистон дар роҳи густариши эҳтимолии гурӯҳҳои террористӣ ба минтақаҳои СҲШ ва СААД камарбанди боэътимоди амниятӣ эҷод кунанд.
Раванди рӯйдодҳои ҷорӣ ва хатари баланди сенарияи фалокатбор зарурати дастгирии кишварҳоеро, ки бевосита бо Афғонистон ҳамсарҳаданд, тасдиқ мекунанд. "
Раиси Маҷлиси намояндагон ҳамчунин иброз намуд, ки   «-Иштироки Шумо ҳамчун нозир дар машқҳои муштараки Нерӯҳои дастаҷамъии вокуниши сареъи СААД-"Ҳамкорӣ-2021" намунаи равшани мониторинги парлумонии вазъи низомӣ-сиёсии минтақа мебошад, ки барои таъмини амнияти ҳарбии кишварҳои узви Созмон нигаронида шудааст. 
Ҳадафи аслии тамринҳо нишон додани омодагии нерӯҳои СААД барои вокуниш ба таҳдидҳои нав ба нави амниятӣ дар минтақаи марзии Тоҷикистону Афғонистон мебошад. Бинобар рушди номусоиди рӯйдодҳо, вазъи кунунии Афғонистон ба мушкилоти асосии амният дар минтақа табдил ёфтааст. Мусаллам аст, ки вазъи ин кишвар бевосита ба амнияти Осиёи Марказӣ таъсир мерасонад.
Афзоиши минбаъдаи ташаннуҷ дар Афғонистон метавонад боиси мушкилоти нав дар минтақаи масъулияти СААД гардад.
Мо,-гуфт Маҳмадтоир Зокирзода,-  бояд кӯшишҳои худро то ҳадди имкон ба эҷоди як камарбанди боэътимоди амниятӣ дар атрофи Афғонистон дар минтақаи масъулияти СААД равона кунем.
Ҷаласаи ахири Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД дар Душанбе, инчунин ҷаласаи муштараки сарони кишварҳои Созмони Ҳамкории Шанхай ва СААД оид ба Афғонистон таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонро ба рушди ташвишовари рӯйдодҳои Афғонистон ҷалб намуд.
Машқҳои кунунии Нерӯҳои дастаҷамъии вокуниши сареъи СААД "Ҳамкорӣ-2021" дар вазъияти душвори ҷаҳон ҷараён доранд, ки равандҳои манфӣ дар соҳаи амнияти ҳарбӣ-сиёсӣ афзоиш меёбанд.
Рушди вазъ дар Афғонистон ба зарурати фаврии муттаҳид кардани талошҳои кишварҳои узви СААД дар муқобила бо чолишҳо ва таҳдидҳое, ки аз қаламрави ин кишвар сар мезананд, таъкид мекунад. Мо бояд нишон диҳем, ки СААД намунаи як системаи муассири амалкунандаи дифоъ аст,- гуфт дар анҷоми мулоқот Маҳмадтоир Зокирзода.
Иштирокчиёни мулоқот махсус таъкид намуданд, ки  рушди ҳамкории бисёрҷониба бо кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ яке аз самтњои афзалиятноки сиёсати хориљии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Дар мулоқот Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода, Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Рустам Шоҳмурод иштирок намуданд.

Илова кунед