Миссияи нозирони ИДМ: Интихоботи Президентӣ дар Ӯзбекистон демократӣ ва шаффоф гузашт

25 Октябр 2021, Душанбе

"Мо ба хулосае омадем, ки интихобот дар Ӯзбекистон ошкоро, демократӣ ва шаффоф баргузор шуд", - гуфт Муовини аввали Раиси Маҷлиси намояндагон, Ҳамоҳангсози гурӯҳи мониторинг аз АБ ИДМ Маҳмадалӣ Ватанзода имрӯз зимни нишасти   матбуотии Миссияи нозирони Ассамблеяи Байнипарлумонии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон,  ки дар он натиҷаҳои мониторинги байналмилалии маъракаи интихобот ҷамъбаст карда шуд.
Ҳамоҳангсози гурӯҳи мониторинг аз АБ ИДМ Маҳмадалӣ Ватанзода иброз намуд, ки дар ҷараёни мониторинги дарозмуддат қонунгузории интихоботи ҷумҳурӣ таҳлил карда шуд - коршиносон ба хулосае омаданд, ки он ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ аст.
Маҳмадалӣ Ватанзода сатҳи баланди омодагии раисон ва аъзои комиссияҳои интихоботро қайд кард. “Онҳо ба ҳама саволҳои мо фавран ҷавоб доданд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки Комиссияи марказии интихобот дар ин самт кори бузурге кардааст ", - гуфт ҳамоҳангсоз.
Маҳмадалӣ Ватанзода зимни баромади хеш иброз намуд, ки омодагӣ ба интихобот ба таври муташаккилона, дар сатҳи баланд сурат гирифт. Мавсуф аҳамияти мусбати тағйиротеро, ки ба қонунгузории интихоботи Ӯзбекистон “мувофиқи замон ва тавсияҳои нозирони байналмилалӣ” ворид шудааст, қайд кард. Ӯ инчунин таваҷҷӯҳро ба навовариҳое ҷалб кард, ки интихоботро боз ҳам ошкоро ва демократӣтар карданд. Дар байни онҳо таъсиси рӯйхати ягонаи электронии овоздиҳандагон хеле мусбат арзёби гардид.
Дар чорабинӣ роҳбари ҳайати нозирони ИДМ, раиси Кумитаи иҷроия - котиби иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев, муовини аввали раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода, дабири кулли Шӯрои АБ  ИДМ Дмитрий Кобицский, вакилон ва намояндагони комиссияҳои марказии интихоботии кишварҳои ИДМ иштирок доштанд.
Дар навбати худ нозирон ба таҷҳизоти техникӣ, дастгирии иттилоотии интихобот, инчунин инъикоси васеи маъракаи интихобот дар ВАО баҳои баланд доданд.
Сергей Лебедев таъкид кард, ки барои ҳайати нозирони ИДМ тамоми имконоту шароитҳо фароҳам оварда шудааст.  “-Ҳама дарҳо ба рӯи мо боз буданд, мо ҳама маълумоти заруриро гирифтем”,- изҳор дошт ӯ.
Иштироки панҷ номзад дар интихобот аз рақобатпазирии интихоботи президентии Узбекистон шаҳодат медиҳад, хулоса карданд нозирони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил.  Дар баробари ин маърака оромона гузашт. "Мо набудани «пиари сиёҳ» ва рақобатпазирии солимро қайд мекунем", - таъкид кард роҳбари намояндагии ИДМ.
Нозирон ба хулосае омаданд, ки маъракаи интихоботӣ дар Узбекистон ҳуқуқи шаҳрвандони Узбекистонро барои озодии иродаи худ таъмин кардааст. Интихобот комилан мувофики конунгузории ҷумҳурӣ ва мувофики принципхои аз тарафи умум эътирофшудаи демократй гузашт.
Сергей Лебедев ба расонаҳо хабар дод, ки хулосаи нозирони байналмилалӣ пас аз эълони расмии натиҷаҳои интихоботи Президентии Узбекистон нашр хоҳад шуд.
Ба гуфтаи нозирони АБ  ИДМ, барои ҳамаи номзадҳо дар интихоботи президентии Узбекистон имконот ва шароитҳои баробар фароҳам оварда шудааст - ҳам аз ҷиҳати маблағгузорӣ ва ҳам аз ҷиҳати фароҳам овардани имконот барои пешбурди маъракаи пешазинтихоботӣ ва дар дигар масъалаҳо.

Илова кунед