Парлумони касбии мамлакат Созишномаҳоро ба тасвиб расонид
27 Октябр 2021, ЧоршанбеИмрӯз ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода баргузор гардид.
Вакилон Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамлу нақли транзитии борҳои хатарнок тавассути ҳудуди Ҷумҳурии Ӯзбекистон-ро ба тасвиб расониданд.
Вакилони мардумӣ дар иҷлосия ҳамчунин Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи пешниҳоди кумаки бебозгашт, Мактубҳои мубодилавӣ оид ба расонидани кумакҳои бебозгашт дар доираи Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин аз 27 майи соли 2002, Мактубҳои мубодилавӣ оид ба расонидани кумакҳои бебозгашт дар доираи Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин аз 27 майи соли 2002-ро ба тасвиб расониданд.
Дар иҷлосия ҳамчунин лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хўроквории ғанигардонидашуда» ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои кўҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифта, дар интиҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.