Мулоқоти Маҳмадтоир Зокирзода бо Раиси Ассамблеяи Парламентии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо Маргарета Седерфелт
28 Октябр 2021, ПанҷшанбеИмрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Раиси Ассамблеяи Парламентии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо Маргарета Седерфелт ва ҳайати ҳамроҳони ӯ, ки бо сафари кори ба Тоҷикистон омадаанд, мулоқот намуд.
«- Шуморо хонум Маргарета Седерфелд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрамақдам мегуям ва бо истифода аз ин фурсат иҷозат диҳед Шуморо бо интихоб гардиданатон ба ҳайси Раиси Ассамблеяи Парламентии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо табрику шодбош бигӯям.
Албатта, умед дорем, ки ташрифи Шумо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вохӯрии имрӯзаамон барои боз ҳам таҳким бахшидани раванди ҳамкориҳои дуҷониба заминаи мусоид фароҳам меоварад»-гуфт дар оғози мулоқот Маҳмадтоир Зокирзода.
Раиси Маҷлиси намояндагон ҳамчунин иброз намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон Ассамблеяи Парламентии созмонро яке аз институтҳои озмудашуда ва пуриқтидор дар низоми Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо медонад, ки аз соли 1990 то инҷониб 57 парламентҳои миллии кишварҳо ва зиёда аз 323 аъзоёни онро ба ҳам овардааст.
Кишвари мо Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупоро бузургтарин созмони минтақавӣ дар соҳаи бехатарӣ шуморида ҳамкорӣ бо онро аз самтҳои афзалияти сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон медонад.
Мо ба нақши эҳсосшавандаи Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо барои пешгирии муноқишаҳо, ҳалли бӯҳронҳо ва барқарорсозии баъдиҷангӣ, масъалаҳои экологӣ ва роҳандозии принсипҳои демократӣ баҳои баланд медиҳем.
Мо Ассамблеяи Парламентии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупоро воситаи муҳими ҳамкории бисёрҷониба дар арсаи байналмилалӣ баҳри пешбурди дипломатияи парламентӣ мешуморем. Ассамблеяи мазкур, барои муколама ва вохӯриҳои судманд ба ҳар як давлати аъзо майдони мусоид мебошад.
Маҳмадтоир Зокирзода ҳамчунин таъкид намуд, ки Тоҷикистон мутобиқ ба принсипҳои Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ҷиҳати решакан кардани терроризми байналмилалӣ ва ифротгароӣ хоҳони ҳамкорӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, мавқеи кишвари мо дар ин масъала кушоду равшан низ ҳаст.
Имрӯз масъалаи амнияти минтақа ба ҳамагон маълум аст ва дар доираи ҳамкории мутақобилан судманд бо Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо дар самти ҳифзи сарҳадоти давлатии Тоҷикистон, татбиқи Стратегияи миллии ҳифзи сарҳадоти мо, таҳкими ҳамкориҳо дар мавриди таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, масъалаҳои муҳити зист, рушди инсонӣ фаъолона ҳамкорӣ менамоем.
Албатта, имрӯз масоили Афғонистон дар сархати хабарҳои ҷаҳонӣ қарор дорад.
Мо мисли ҳамеша сидқан ҷонибдори истиқрори сулҳи комилу пойдор ва ваҳдати ҷомеа дар кишвари дӯсту бародарамон Афғонистем мебошем.
Муътақидем, ки таъмини амнияту оромии Осиёи Марказӣ, пеш аз ҳама, ба истиқрори сулҳу субот дар Афғонистон ва эҷоди шароити мусоид барои рушди осоиштаи ин кишвар вобастагӣ дорад.
Тоҷикистон ташкили ҳукумати ҳамашумул бо иштироки васеи нерӯҳои сиёсиву қавмии Афғонистон ҷиҳати таъмини субот ва барқарорсозии ҳаёти осоишта дар Афғонистонро пешниҳод менамояд.
Ман фикр мекунам, ки ҳатто хурдтарин кӯмак ба ин кишвари азияткашида, хурдтарин иқдом ҷиҳати ободонии он барои гузоштани боз як қадами дигар ба пеш дар самти рушд ва раҳоӣ ёфтани он аз мушкилоти мавҷуда мусоидат хоҳад кард.
Хонум Маргарета Седерфелт, Шуморо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хуб мешиносанд ва бо истифода аз ин фурсат, мехоҳам таъкид намоям, ки кишвари Шумо Шветсияро ҳамчун шарики боэътимод дар Аврупо дониста рағбати содиқонаи инҷонибро барои фаъолияти муштарак ҷиҳати таҳкиму тақвияти равобити ду кишвар ва инкишофу шукуфоии онҳо, ки асли ормонҳои мост, ба Шумо иброз менамоям.
Маҳмадтоир Зокирзода роҷеъ ба ҳамкориҳои байнипарлумонӣ ибрози назар намуда, таъкид намуд, ки “-Баҳри пешбурди ҳамкориҳои байнипарламентӣ Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Риксдаги (Парламенти) Шоҳигарии Шветсия низ ташкил ва фаъолият менамояд.
Маҷлиси намояндагон омодагии худро барои ҳамкорӣ бо Риксдаги (Парламенти) Шоҳигарии Шветсия изҳор менамояд”.
Мо мутмаинем, ки робитаҳои байнипарламентии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассамблеяи Парламентии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо дар оянда тавсеаи бештар ёфта, ба манфиатҳои ҳар ду ҷониб хизмат хоҳанд кард”-гуфт дар интиҳо Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода.
Дар рафти суҳбат ҷонибҳо ҳамчунин доираи васеи масъалаҳои густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ, муколамаи сиёсӣ, гуманитарӣ ва амниятиро миёни парлумонҳо мавриди муҳокима қарор доданд.