Мулоқоти Саидмурод Фаттоҳзода бо намояндагони парлумони САҲА

28 Октябр 2021, Панҷшанбе

Имрӯз Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода бо Раиси Ассамблеяи Парламентии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо Маргарета Седерфелд ва ҳайати ҳамроҳони ӯ, ки бо  сафари кори ба Тоҷикистон омадаанд, мулоқот намуд.
Дар мулоқот таъкид гардид, ки Парламентии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо шарики муҳими баӣналмилалӣ барои Тоҷикистон маҳсуб меёбад ва сатҳи ба дастомадаи ҳамкориҳоро бо шарикони аврупоӣ дар тамоми соҳаҳо, хусусан дар соҳаҳои иқтисод, амният, маориф ва фарҳанг баланд арзёби карда мешавад.

Ҷаласаи ҳарсолаи Кумитаи баӣнипарлумонӣ ба анъана табдил ёфтааст ва ин пеш аз ҳама гувоҳи густариши минбаъдаи ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва Парламентии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо маҳсуб меёбад. Аз ҷониби дигар ин як навъ барномаест, ки дар он масъалаҳои мубрами дорои хусусияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ баррасӣ мешаванд.
Саидмурод Фаттоҳзода ҳамчунин иброз намуд, ки рушди ҳамаҷониба бо сохторҳои баӣналмилалӣ аз ҷониби мо ҳамчун яке аз омилҳои муҳим барои татбиқи чор ҳадафи стратегии Тоҷикистон, аз ҷумла истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва индустриализатсияи кишвар ба шумор меравад. Мехоҳам иброз намоям, ки дар ин соҳаҳо муваффақиятҳои муаӣян ба даст оварда шудаанд.
Аммо, бидуни вазъияти мӯътадил дар минтақа, ҳадафҳои моро амалӣ кардан имконнопазир аст.
Мо аз вазъи номусоид дар Афғонистони ҳамсоя хеле нигарон ҳастем. Дар ин самт Иттиҳоди Аврупо, Шумо аъзои парлумон тавассути мусоидат ба сулҳ дар Афғонистон суботи кишварҳои Осиёи Марказиро дастгирӣ карда метавонед. Иттиҳоди Аврупо бояд ба як узви муҳими бахши амният дар минтақа табдил ёбад; дар мубориза бо таҳдидҳои ҷаҳонии асри 21 шарикии мустаҳкамтари Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ зарур аст. Амалисозии барномаҳои муштарак барои ба роҳ мондани ҳамкорӣ, пеш аз ҳама дар соҳаҳои амният, иқтисод, маориф ва тандурустӣ зарур аст.
Дар хотима, изҳори итминон мекунам, ки ҳамкориҳои парлумонии мо самарабахш ва қадами навбатӣ дар таҳкими муносибатҳои мо хоҳад буд,-гуфт дар интиҳо Саидмурод Фаттоҳзода.
Ҷонибҳо ҳамчунин роҷеъ ба вазъи ҷории Афғонистону минтақа ва ояндаи равобити дуҷониба табодули назар намуданд.
Дар мулоқот аъзои гуруҳи дӯстии Маҷлиси намояндагон бо Парламентии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо Гулбаҳор Ашурзода, Мавлудахон Мирзозода, Лутфия Абдухолиқзода иштирок ва суханронӣ намуданд.

Илова кунед