«Дастурамали санаддорӣ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифт

28 Октябр 2021, Панҷшанбе

Имрӯз бо ташаббуси Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо иштироки кормандони дастгоҳи парлумони касбии мамлакат ба пешвози иди конститутсияи мамлакат, ки ҳамасола рӯзи 6-ноябр дар кишварамон ҷашн гирифта мешавад, мизи мудаввар дар мавзӯи «Дастурамали санаддорӣ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.

Дар назди иштирокчиёни семинарии мазкур Сардори раёсати коргузорӣ, назорат ва қабули шаҳрвандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Ҷалол Камолов, мудири бахши назорати Раёсати мазкур Диловар Холов баромад намуда, роҷеъ ба омода ва ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои хизматӣ, тартиби омода ва ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои ташкилӣ ва амрдиҳӣ, талабот нисбат баҳуҷҷатҳои тавассути таҷҳизоти компютерӣ омодашуда,  тартиби таҳия ва ба расмият даровардани протокол, тартиби таҳиядодан ва ба расмият даровардани фармон (фармоиш), тартиби таҳия ва барасмиятдарории маълумотнома ва гузориш, тартиби таҳия ва ба расмият даровардани санад ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ маълумоти мукамал доданд.
Дар анҷоми мулоқот Сардори раёсати коргузорӣ, назорат ва қабули шаҳрвандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Ҷалол Камолов, мудири бахши назорати Раёсати мазкур Диловар Холов  ба саволҳои сершумори ҳозирин посух гуфтанд.





Илова кунед