Ҷаласаи Комиссияи муштараки назди АБ ИДМ оид ба ҳамоҳангсозии қонунгузорӣ дар соҳаи амният ва мубориза бо чолишҳо ва таҳдидҳои нав баргузор гардид

29 Октябр 2021, Ҷумъа

Имрӯз дар Қасри Таврическиӣ, қароргоҳи Ассамблеяи Байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷаласаи Комиссияи муштараки назди АБ  ИДМ оид ба ҳамоҳангсозии қонунгузорӣ дар соҳаи амният ва мубориза бо чолишҳо ва таҳдидҳои нав баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амнияти Маҷлиси намояндагон Рустам Шоҳмурод дар реҷаи маҷозӣ  (онлайн) иштирок ва суханронӣ намуд.

Дар ҷаласа аъзои Комиссияи доимии АБ ИДМ оид ба мудофиа ва амният,   намояндагони мақомоти оинномавӣ ва ҳамкориҳои соҳавии ИДМ, мақомоти давлатии давлатҳои Иттиҳод, инчунин муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ, созмонҳои байналмилалӣ иштирок намуданд.

Дар ҷаласа лоиҳаи қонуни намунавӣ «Дар бораи амнияти ҷамъиятӣ», ки аз ҷониби Маркази зиддитеррористии ИДМ таҳия шудааст, баррасӣ гардид. Лоиҳаи «Луғати истилоҳот ва мафҳумҳои марбут ба таъмини амнияти ҷамъиятӣ», ки  аз ҷониби Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил ва дигар ҷиноятҳои хатарнок дар қаламрави давлатҳои аъзои ИДМ таҳия шудааст,  лоиҳаи тағйироту иловаҳо ба қонунҳои намунавӣ «Дар бораи амнияти сарҳадӣ», «Дар бораи Сарҳади давлатӣ», «Дар бораи мақомоти (қувваҳои) сарҳадӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Иштирокчиёни ҷаласа инчунин роҷеъ ба омодагиҳои  лоиҳаи Дастурамал оид ба хизмати полиси ҳарбӣ (комендатураҳои ҳарбӣ, инспексияҳои автомобилҳои ҳарбӣ) барои давлатҳои аъзои ИДМ ва Тавсияҳо оид ба такмили қонунгузории давлатҳои аъзои ИДМ оид ба муқовимат ба иқтидори ИДМ ахбороти масъулини соҳаро шуниданд.

Илова кунед