Ҷаласаи комиссияи доимии АБ ИДМ оид ба масъалахои хукукй баргузор гардид.

29 Октябр 2021, Ҷумъа

Имрӯз дар Қасри Таврический, қароргоҳи Ассамблеяи Байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (АБ  ИДМ) ҷаласаи Комиссияи доимии АБ ИДМ оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ баргузор гардид.
Вакили Маҷлиси намояндагон Равшан Раҷабзода дар кори ҷаласаи Комиссияи доимии АБ ИДМ оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ба таври реҷаи фосилавӣ (он-лайн) иштирок ва суханронӣ намуд.
Аъзои комиссия лоиҳаҳои қонунҳои намунавӣ: «Дар бораи қонуни шартномавӣ (муқаррароти умумӣ)», «Дар бораи муомилоти молиявӣ», «Дар бораи роҳҳои таъмини иҷрои ӯҳдадориҳо», «Дар бораи фаъолияти суғурта», «Дар бораи маблағҳо», «Дар бораи маблағҳои пулӣ»,  «Дар бораи муомилоти молӣ», «Дар бораи қонунгузории шартномавӣ»,  «Дар бораи ҳифзи истеъмолкунандагон (таҳрири нав) "," Лоиҳаи таҳрири нави Низомнома дар бораи Институти байналмилалии мониторинги рушди демократия, парламентаризм ва риояи ҳуқуқҳои интихоботии шаҳрвандони давлатҳои аъзои АБ ИДМ », «Дар бораи лоиҳаи Низомномаи намунавӣ», «Дар бораи филиалҳо ва намояндагиҳои Институти байналмилалии мониторинги рушди демократия, парламентаризм ва риояи ҳуқуқҳои интихоботии шаҳрвандони давлатҳои аъзои АБ  ИДМ»-ро баррасӣ намуданд.
Инчунин, вакилон рафти омодагии лоиҳаҳои қонунҳои намунавӣ: «Дар бораи ӯҳдадориҳои аз зиён расонида шуда», «Дар бораи ӯҳдадориҳо дар натиҷаи бойшавии беасос ва амалҳои ба манфиати каси дигар бидуни фармоиш», «Дар бораи мубориза бар зидди ҷиноятҳои киберҷинояткорӣ»-ро баррасӣ намуданд.
Аъзои комиссия оид ба натиҷаҳои ҷаласаи навбатии Шӯрои коршиносони назди Комиссияи доимии АБ ИДМ оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, ки 6 октябри соли 2021 баргузор гардид, табодули назар намуда, аз рӯи пешниҳодҳои таҳиянамудаи Шӯро қарор қабул намуданд.
Илова бар ин, дар ҷаласа интихоботи муовинони Раиси комиссия баррасӣ гардид.

Илова кунед