Ҷаласаи комиссияи доимии АБ ИДМ оид ба илм ва маориф баргузор гардид.

29 Октябр 2021, Ҷумъа

Имрӯз ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи Байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба илм ва маориф баргузор гардид.
Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Насиба Содиқӣ дар кори ҷаласа ба таври реҷаи фосилави (он-лайн) иштирок ва суханронӣ намуд.
Дар ҷаласа санадҳои намунавии қонунгузорӣ ва дигар ҳуҷҷатҳое, ки комиссия дар болои онҳо кор мекунад, баррасӣ гардиданд. Аз ҷумла  «Тавсияҳо оид ба самтҳои перспективии қонунсозии намунавӣ дар соҳаи илм ва маориф ва « Тавсияҳо оид ба танзими меъёрии рақамикунонӣ дар соҳаи маориф»  мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар рӯзномаи ҷаласа ҳамчунин таҳрири нави «Кодекси иттилоотии намунавӣ барои давлатҳои аъзои ИДМ», « Тавсияҳо оид ба танзими меъёрии истифодаи зеҳни сунъӣ, аз ҷумла меъёрҳои ахлоқии тадқиқот ва коркардҳо», ҳамчунин асноди соҳаи маориф – «Тавсияҳо оид ба равишҳои ҳамоҳангшуда оид ба ташаккули системаи таълими муосири фармасевтӣ дар кишварҳои узви ИДМ»,  «Тавсияҳо  дар бораи чораҳои муайян ва дастгирии кӯдакону ҷавонони лаёқатманд», «Тавсияҳо оид ба ташкили кори тарбиявй бо падару модарон ва фаъолияти чамъиятии онҳо» мавриди таҳлил ва омузиши ҳамаҷониба  қарор гирифт.
Вакилони порлумон ҳамчунин лоиҳаҳои қонуни намунавии «Дар бораи тиҷоратӣ гардонидани натиҷаҳои фаъолияти зеҳнӣ дар соҳаи илм ва техника», қонуни намунавӣ «Дар бораи аттестатсияи (аккредитатсияи) давлатии субъектҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ»-ро баррасӣ намуда аз рӯи ҳамаи  масъалаҳои баррасӣ шуда қарорҳои дахлдор қабул намуданд.
Дар ҷаласа,  дар бораи ҷаласаи Шӯрои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи кишварҳои узви ИДМ, дар бораи ҷаласаи якуми Шӯрои коршиносон оид ба илм ва маориф дар АБ  ИДМ, инчунин роҷеъ ба  «Барномаи байналмилалии таҳсилоти иловагӣ барои калонсолон»  маълумот дода шуд. Илова бар ин, вакилони парлумон нақшаи кори Комиссияи доимии АБ ИДМ  оид ба илм ва маорифро барои соли 2022 баррасӣ ва тасдиқ намуданд.

Илова кунед