Ҷаласаи Комиссияи доимии АБ ИДМ оид ба фарҳанг, иттилоот, сайёҳӣ ва варзиш баргузор гардид.
29 Октябр 2021, ҶумъаИмрӯз дар Қасри Таврическӣ, қароргоҳи Ассамблеяи Байнипарлумонии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷаласаи Комиссияи доимии АБ ИДМ оид ба фарҳанг, иттилоот, сайёҳӣ ва варзиш баргузор гардид.
Вакили Маҷлиси намояндагон Раҳмонзода Зоир дар кори ҷаласа ба таври реҷаи фосилави (он-лайн) иштирок ва суханронӣ намуд.
Аъзоёни комиссия масъалаи ташкилии интихоби чонишини раиси комиссия ва лоиҳаи қонунҳои намунавии «Дар бораи дастгирии давлатии кинематография», «Дар бораи фаъолияти театр», таҳрири нави «Кодекси намунавии моликияти зеҳнӣ барои давлатҳои аъзои ИДМ» , қонуни намунавӣ «Дар соҳаи рушди рақамӣ, фарҳанг, сайёҳӣ ва варзиш»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ба муносибати дар ИДМ эълон шудани соли 2023 соли забони русӣ хамчун забони муоширати байни миллатхо маърузаи С. Шуба, директори генералии театр-фестивали «Хонаи Балтика» дар бораи нақши забони русй дар фаъолияти театрии мамлакатхои ИДМ ва дар бораи фестивали театрхои русзабон бо номи «Вохурй дар Россия» шунида шуд.

Илова кунед

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон