Ҷаласаи Комиссияи доимии АБ ИДМ оид ба мудофиа ва амният баргузор гардид.

29 Октябр 2021, Ҷумъа

Имрӯз  дар Қасри Таврическии шаҳри Санкт-Петербург    ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи Байнипарлумонии   Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба мудофиа ва амният баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Рустам Шоҳмурод дар реҷаи маҷозӣ  (онлайн) иштирок ва суханронӣ намуд.
Аъзоёни комиссия масъалаи ташкилии интихоби раиси комиссия ва муовинони уро ба муносибати тағйир ёфтани ҳайатҳои вакилони парламентй оид ба иштирокашон  дар фаъолияти АБ ИДМ-ро баррасӣ намуданд.
Дар ҷаласа ҳамчунин лоихаи конуни намунавӣ  «Дар бораи амнияти миллиро» мухокима намуданд, ки омода намудани он бо як катор холатхо, аз чумла тахдид ба давлатхо бинобар тезу тунд шудани вазъияти байналмилалӣ, , тамомияти арзии давлат, зарурати истифодаи неруи ҷомеаи шаҳрвандӣ барои таъмини амнияти миллӣ вобаста буд.
Дар ҷаласаи комиссия лоиҳаи қонуни намунавӣ «Дар бораи низоми ягонаи даъвати ёрии таъҷилӣ», ки ба мувофиқа кардани қонунҳои миллӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии давлатҳои аъзои ИДМ дар соҳаи вокуниши саривақтӣ ба ҳодисаҳо ва ҳолатҳои фавқулодда пешбинӣ шудааст, баррасӣ гардида,  барои гирифтани хулосаи экспертй ба парламентхои давлатхои аъзои ИДМ ирсол гардид.
Дар ҷаласаи комиссия Шӯрои фармондеҳони Қӯшунҳои сарҳадӣ лоиҳаи тағйироту иловаҳо ба қонунҳои намунавии «Дар бораи амнияти сарҳадӣ», «Дар бораи Сарҳади давлатӣ», «Дар бораи мақомоти (қувваҳои) сарҳадӣ»-ро, ки тибқи Барнома таҳия шудаанд, пешниҳод намуданд.  
Аъзои комиссия ба хулосае омаданд, ки ҳамкории кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар самти таҳкими амнияти сарҳадӣ дар сарҳадҳои беруна барои солҳои 2021-2025, натиҷаҳои таҳлили муқоисавии ҳуқуқии меъёрҳои қонунгузории намунавӣ дар соҳаи таҳкими амнияти сарҳадӣ дар сарҳадҳои беруна ва меъёрҳои қонунгузории амалкунандаи давлатҳои аъзои ИДМ дар ин самт нишон доданд, ки муқаррароти алоҳидаи қонунҳои намунавӣ бояд тағйир дода шаванд.
Дар ҷаласа  ҳамчунин масъалаҳои марбут ба ташаккули пешниҳодҳо оид ба Нақшаи дурнамои рушди қонунбарории намунавӣ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои солҳои 2023-2025 мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Илова кунед