Сарвиноз Маҷидзода ва Солеҳа Холмаҳмадзода дар кори конфересияи минтақавии онлайнӣ дар мавзӯи «Рушди устувор ва роҳбарии занон дар Осиёи Марказӣ» иштирок намуданд.
29 Октябр 2021, ҶумъаИмрӯз дар якҷоягӣ бо Барномаи Рушди СММ ва Созмони Милали Муттаҳид — Занон дар доираи Барномаи амали Муколамаи занони пешвои Осиёи Марказӣ барои соли 2021 дар мавзӯи «Рушди устувор ва роҳбарии занон дар Осиёи Марказӣ» конференсияи минтақавӣ баргузор гардид.
Конференсия бо иштироки аъзои муколама, роҳбарони вазорату идораҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ, вакилони ҷавони Парлумон, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва академияҳо баргузор шуд.
Аз ҷониби Тоҷикистон дар ин конференсияи бонуфуз Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода, вакилони ҷавони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвиноз Маҷидзода, Солеҳа Холмаҳмадзода, ходимони ҷавони Академияи миллии илмҳо, намояндаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ва коршиносони миллӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Кори конференсия ба таври маҷозӣ сурат гирифта, дар он дастовардҳо ва мушкилот дар татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устувор дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва қабули Нақшаи амалиёти минтақавӣ оид ба Ҳадафҳои рушди устувор, таҳкими ҳамкории занони пешво ва созмонҳои занон дар Осиёи Марказӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Илова кунед

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
ХАБАРҲО АЗ WWW.PRESIDENT.TJ
-
20.05.2022
Тасаллияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли оила ва наздикони Нависандаи халқии Тоҷикистон Меҳмон Бахтӣ
-
17.05.2022
Мулоқот бо Раиси Ситоди кулли Неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Боқирӣ
-
17.05.2022
Суҳбати телефонӣ бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим–Жомарт Токаев